Хадамоти алоқаи Тоҷикистон барои беҳтар намудани сифати хизматрасонии алоқаи мобилӣ ва интернет тадбир меандешад
ДУШАНБЕ, 25.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз, 24 январ дар маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон илова ба дастуру супоришҳо аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои беҳтаргардонии хизматрасониҳои алоқаи мобилӣ ва интернет, инчунин паст кардани арзиши хизматрасониҳои алоқаи мобилӣ ва интернет ва дастрас гардонидани интернети баландсуръат ба роҳбарияти Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастуру супоришҳои мушаххас доданд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарияти Хадамоти алоқаи мамлакат зимни ҳисобот таъкид намуданд, ки барои дастрас гардонидани интернети баландсуръат дар тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ, аз ҷумла шаҳру ноҳияҳои дурдаст якҷо бо ширкатҳои фаъолияткунандаи соҳа чораҷӯӣ менамоянд.
Ёдовар мешавем, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон « Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» 23 декабри соли 2022 ба Хадамоти алоқа супориш дода буданд, ки якҷо бо ширкатҳои дар соҳа фаъолияткунанда барои беҳтар намудани сифати хизматрасониҳо, паст кардани арзиши хизматрасониҳои алоқаи мобилӣ ва интернет ва дастрас гардонидани интернети баландсуръат дар тамоми минтақаҳо, аз ҷумла шаҳру ноҳияҳои дурдасти мамлакат тадбирҳои зарурӣ андешанд.
АКС аз манбаъҳои боз








Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд
Доир ба нақши Маркази синошиносӣ дар тарҷума ва таҳқиқи осори Ибни Сино конфронси илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Форуми фарҳангии «Хэхэ-2026» иштирок дорад
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Намояндаи Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон дар иҷлосияи Кумитаи амнияти озуқавории ҷаҳонӣ дар Рим иштирок намуд
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд






