IRS: Дар роҳи Душанбе-Чанок ба ҳаракати мошинҳои боркаш иҷозат дода шуд

Январь 4, 2023 10:25

ДУШАНБЕ, 04.01.2023. /АМИТ «Ховар»/. Ҳаракати тамоми намуди воситаҳои нақлиёт дар роҳи «Душанбе  — Чанок» таъмин карда шудааст. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Филиали «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Ёдовар мешавем, ки шаби гузашта дар роҳи «Душанбе – Чанок» бар асари бориши пуршиддати барф дар чанд қитъа, аз ҷумла дар километри 156 тарма фаромад.

Вобаста ба ҳолати баамаломада гузариши фура ва мошинҳои боркаши ядакдор дар ин роҳ муваққатан маҳдуд гардид.

Аз ҷониби кормандони ширкат доир ба ҳолати мазкур ба таври фаврӣ тадбир андешида шуда,  дар муддати кӯтоҳ  тармаҳо бартараф гардиданд.

Дар айни замон дар масири мазкур ҳаракати нақлиёт пурра иҷозат дода шудааст.

АКС: Филиали «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Январь 4, 2023 10:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд
Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Доғи судӣ чӣ гуна метавонад монеаи гирифтани патент дар Федератсияи Русия гардад?
Оид ба идоракунии инноватсионии давлатӣ дар шароити трансформатсияи иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Самарқанд Саммити ҷаҳонӣ доир ба некӯаҳволии кӯдакон баргузор гардид