IRS: Роҳи Душанбе — Чаноқ кушода ва ҳаракати нақлиёт таъмин аст

Январь 11, 2023 14:26

ДУШАНБЕ, 11.01.2023. /АМИТ «Ховар»/. Роҳи Душанбе — Чаноқ кушода шуда, ҳаракати нақлиёти сабукрав аз самти Хуҷанд ба ҷониби Душанбе оғоз гардид. Ҳаракати нақлиёти боркаш низ тавассути роҳи Душанбе — Чаноқ таъмин шуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Филиали «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Айни ҳол ҳаракати нақлиёт ба ҳарду самт бо риояи фосила иҷозат дода шудааст.

Тавре қаблан хабар дода будем, аз субҳи барвақти 11 январ дар масири Душанбе — Чаноқ бартарафсозии тармаҳо, тоза намудани роҳ аз барф ва коркарди он бо маводи зиддилағжиш шурӯъ гардидааст.

Кормандони филиали Ширкат тамоми кӯшишро ба харҷ дода истодаанд, то роҳро аз барф тоза намуда, бехатарии ҳаракати воситаҳои нақлиётро дар он таъмин намоянд.

АКС: Филиали «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Январь 11, 2023 14:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Созишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои аъзои ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд