Кишоварзони вилояти Хатлон ҷашни Садаро бо дастовардҳои назаррас пешвоз гирифтанд
ДУШАНБЕ, 28.01.2023. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар маркази маъмурии вилояти Хатлон — шаҳри Бохтар ҷашни Сада бо риояи анъанаҳои ниёгон — афрўхтани гулхани рамзӣ, намоиши ниҳоли дарахтони мевадиҳандаю ороишӣ, гулу буттаҳои мавсимӣ, оростани дастархони идона, базму тараб, барномаи театрӣ ва баргузории ҳамоиш бо иштироки фаъолони вилоят таҷлил карда шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба шуъбаи иттилоотӣ ва таҳлилии дастгоҳи Раиси вилояти Хатлон.
Қобили тазаккур аст, ки дар ин рўз, чун анъанаи солҳои пешин пешқадамони соҳаи кишоварзии вилоят, аз ҷумла пахтакорон, асалпарварон, чорводорон, полезкорон, пилапарварон, парандапарварон ва дигар фаъолони комплекси агросаноатӣ бо «Ифтихорнома» ва мукофотҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон сарфароз гардонида шуданд.
Дар ҷашнгоҳ намояндагони шаҳру ноҳияҳои вилоят беҳтарин намунаҳои маҳсулоти кишоварзӣ, корхонаҳои истеҳсолӣ, анвои мухталифи таомҳои миллӣ, қаннодӣ, ниҳолу дарахтони мевадиҳанда ва ороиширо ба маърази тамошо гузоштанд.
Роҳбарияти вилояти Хатлон аз намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ, дарахтону гулҳои гуногуни ороишӣ, таомҳои миллӣ ва маҳсулоти истеҳсолкардаи корхонаҳои саноатӣ дидан намуд.



Сипас дар толори Кохи фарҳанг ва маркази иттилоотии шаҳри Бохтар ҳамоиши идона доир гардид.
Иброз карда шуд, ки мояи ифтихору шодмонист, ки бо шарофати соҳибистиқлолии мамлакат, махсусан бо ташаббуси бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон анъанаву суннатҳо ва ҷашнҳои миллии мардуми куҳанбунёди мо эҳё гардида, арҷгузорӣ ба онҳо сол ба сол бештар шуда истодааст.
Таъкид гардид, ки маҳз Истиқлоли давлатӣ ва сиёсати фарҳангпарваронаю созандаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки ҷашни Сада дубора эҳё гардида, шаҳомату азамати худро барқарор намуд. Ҳамасола дар ин айём мардуми Тоҷикистон бахшида ба ҷашни Сада дар баробари гулханафрӯзию омодагӣ ба киштукори баҳорӣ, инчунин аз ҳавлию хонаҳо ашёҳои нодаркорро берун карда, ба тозаву озода гардонидани манзилу гирду атроф ва вусъат бахшидани корҳои ободонию созандагӣ баҳри пешвози Наврўзи ҳуҷастапай машғул мешаванд.
Тазаккур дода шуд, ки саҳми кишоварзони вилояти Хатлон дар истеҳсоли маҳсулоти кишоварзии ҷумҳурӣ хеле назаррас арзёбӣ мегардад. 53,0 фоизи ҳаҷми маҳсулоти кишоварзӣ, 80,0 фоизи полезӣ, 64,0фоизи ғалладонагӣ, 68,0 фоизи пахта, 61,0 фоизи сабзавот, 68,6 фоизи пашм, 58,0 фоизи гӯшт, 51,0 фоизи шир, 46,0 фоизи мева, 42,0 фоизи ангур ва 75,0 фоизи моҳиро дар сатҳи ҷумҳурӣ кишоварзони вилояти Хатлон истеҳсол менамоянд, ки ин мояи ифтихор ва сарфарозии кишоварзони вилоят мебошад.
АКС: шуъбаи иттилоотӣ ва таҳлилии дастгоҳи Раиси вилояти Хатлон








Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд






