Кишоварзони вилояти Хатлон ҷашни Садаро бо дастовардҳои назаррас пешвоз гирифтанд

Январь 28, 2023 12:34

ДУШАНБЕ, 28.01.2023. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар маркази маъмурии вилояти Хатлон — шаҳри Бохтар ҷашни Сада бо риояи анъанаҳои ниёгон — афрўхтани гулхани рамзӣ, намоиши  ниҳоли дарахтони мевадиҳандаю ороишӣ,  гулу буттаҳои мавсимӣ, оростани дастархони идона,  базму тараб, барномаи  театрӣ  ва  баргузории  ҳамоиш бо иштироки фаъолони вилоят   таҷлил карда шуд, хабар медиҳад  АМИТ «Ховар» бо истинод ба  шуъбаи иттилоотӣ ва таҳлилии дастгоҳи Раиси вилояти Хатлон.

Қобили тазаккур аст, ки дар ин рўз, чун анъанаи солҳои пешин пешқадамони  соҳаи кишоварзии вилоят, аз ҷумла пахтакорон, асалпарварон, чорводорон, полезкорон, пилапарварон, парандапарварон ва дигар фаъолони комплекси агросаноатӣ  бо «Ифтихорнома»  ва мукофотҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон  сарфароз гардонида шуданд.

Дар ҷашнгоҳ намояндагони шаҳру ноҳияҳои вилоят беҳтарин намунаҳои маҳсулоти кишоварзӣ, корхонаҳои истеҳсолӣ, анвои мухталифи таомҳои миллӣ, қаннодӣ, ниҳолу дарахтони мевадиҳанда ва ороиширо ба маърази тамошо гузоштанд.

Роҳбарияти  вилояти Хатлон аз намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ, дарахтону гулҳои гуногуни ороишӣ, таомҳои миллӣ ва маҳсулоти истеҳсолкардаи корхонаҳои саноатӣ дидан намуд.


Сипас дар толори Кохи фарҳанг ва маркази иттилоотии шаҳри Бохтар ҳамоиши идона доир  гардид.

Иброз карда шуд, ки мояи ифтихору шодмонист, ки бо шарофати соҳибистиқлолии мамлакат, махсусан бо  ташаббуси бевоситаи Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон анъанаву суннатҳо ва ҷашнҳои миллии мардуми куҳанбунёди мо эҳё гардида, арҷгузорӣ ба онҳо сол ба сол бештар шуда истодааст.

Таъкид гардид, ки маҳз Истиқлоли давлатӣ ва сиёсати фарҳангпарваронаю созандаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки ҷашни Сада дубора эҳё гардида, шаҳомату азамати худро барқарор намуд. Ҳамасола дар ин айём мардуми Тоҷикистон бахшида ба ҷашни Сада дар баробари гулханафрӯзию омодагӣ ба киштукори баҳорӣ, инчунин аз ҳавлию хонаҳо ашёҳои нодаркорро берун карда, ба тозаву озода гардонидани манзилу гирду атроф ва вусъат бахшидани корҳои ободонию созандагӣ  баҳри пешвози Наврўзи ҳуҷастапай машғул мешаванд.

Тазаккур дода шуд, ки саҳми кишоварзони вилояти Хатлон  дар истеҳсоли маҳсулоти кишоварзии ҷумҳурӣ хеле назаррас арзёбӣ мегардад. 53,0 фоизи ҳаҷми маҳсулоти кишоварзӣ, 80,0 фоизи полезӣ, 64,0фоизи ғалладонагӣ, 68,0 фоизи пахта, 61,0 фоизи сабзавот, 68,6 фоизи пашм, 58,0 фоизи гӯшт, 51,0 фоизи шир, 46,0 фоизи мева, 42,0 фоизи ангур ва 75,0 фоизи моҳиро дар сатҳи ҷумҳурӣ кишоварзони вилояти Хатлон истеҳсол менамоянд, ки ин мояи  ифтихор ва сарфарозии кишоварзони вилоят мебошад.

АКС: шуъбаи иттилоотӣ ва таҳлилии дастгоҳи Раиси вилояти Хатлон

Январь 28, 2023 12:34

Хабарҳои дигари ин бахш

«ҚАЛАМДОРӢ-МАСЪУЛИЯТИ ВАТАНДОРИСТ». Таҳти ин унвон маҳфили адабии нависанда Садриддин Ҳасанзода доир шуд
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи маъюбон ҳамоиши фарҳангӣ доир шуд
Дар Душанбе намоиши дастнависҳо, нусхаҳои чопи сангӣ ва хушнависиҳои ашъори Ҳофизи Шерозӣ баргузор шуд
Мехоҳед таътили тобистонаи фарзандатон босамар гузарад? Пас ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон биёяд
Дар шаҳри Норак 2 ёдгории бостонӣ кашф ва таҳқиқ карда шуд
Дар Душанбе дуюмин Синамоҷашнвораи байналмилалӣ «Тоҷи сомон» баргузор мегардад
Дар театри Муҳаммадҷон Қосимов намоишномаи «Ман Таҳминаам…» аз рӯи достони «Шоҳнома» пешниҳод мегардад
Бо ташаббуси Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ дар ноҳияи Ховалинг Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҷашн гирифта шуд
Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло: «Ҳақиқат ин аст, ки Пешвои миллат ваҳдатро бунёд гузошту таҳким доду қавӣ сохт»
Дар Осорхонаи миллӣ гӯшаи доимоамалкунандаи «Ваҳдати миллӣ» ташкил гардидааст
Тамоми комёбиҳои миллат ва саодати рӯзгори мардум аз иттиҳоди миллӣ ибтидо мегирад
«ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – МЕЪМОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТ». Дар Вазорати фарҳанг ҳамоиши илмӣ доир гардид