Китоби «Фарҳанги истилоҳоти ирфонӣ ва таъбироти арабии ашъори Камоли Хуҷандӣ» ба нашр расид
ДУШАНБЕ, 15.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар вилояти Суғд китоби нави «Фарҳанги истилоҳоти ирфонӣ ва таъбироти арабии ашъори Камоли Хуҷандӣ» ба табъ расид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Раиси вилояти Суғд хабар медиҳад.
Китоби мазкур бо кӯшиши гурӯҳи муаллифон – кормандони Муассисаи давлатии «Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ» Абдулҳаким Ғафуров, Баҳром Раҳматов, Иззатбек Шехимов ва Абдураҳим Ҳоҷибоев омода ва ба нашр расидааст.
Тавре директори муассиса Баҳром Раҳматов иброз намуд, Шайх Камол аз чеҳраҳои адабӣ ва ирфонии машҳур ба шумор рафта, шеъраш дар партави ашъор ва осори рамзгароёнаи орифони пешин суруда шудааст. Ҳамзамон ӯ бисёр масоили назариву амалии ирфониро дар қолаби андешаҳои манзуми орифона такмилу тавсеа бахшидааст. Аз ин рӯ, баррасии решаҳои ирфонӣ ва андешаҳои шоиронаи ӯ аз масоили муҳими камолшиносӣ маҳсуб шуда, дар кори пажуҳиши ашъор ва орову андешаҳои шоир марҳилаи нав ба ҳисоб меравад.
Китоби «Фарҳанги истилоҳоти ирфонӣ ва таъбироти арабии ашъори Камоли Хуҷандӣ» шарҳу тавзеҳи 52 истилоҳи ирфонӣ ва таъбири арабиро фарогир буда, аз 268 саҳифа иборат мебошад.
Ин асар кори муқаддамотӣ дар роҳи фаҳмотар шудани маънии ниҳонии ашъори Камоли Хуҷандӣ мебошад.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Дар Ёвон ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ гардиданд
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад






