Клуби марказии варзишии Артиши Вазорати мудофиаи Тоҷикистон 141 медал ба даст овард

Январь 21, 2023 10:27

ДУШАНБЕ, 21.01.2023. /АМИТ «Ховар»/. Клуби марказии варзишии «Артиш»-и Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2022 дар 53 мусобиқа иштирок намуда, сазовори 141 медал гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати мазкур хабар доданд.

Ин нишондиҳанда назар ба соли 2021 хеле назаррас буда, варзишгарон соли 2022 нисбат ба соли қаблӣ 75 медал зиёдтар ба даст оварданд.

Ҳоло дар Клуби марказии варзишии Артиш навъҳои гӯштини тарзи миллӣ, озод, самбо, дзюдо, дастхобонӣ, бокс, задухӯрди тан ба тан, футбол, волейбол ва ғайра фаъолият мекунанд. Ҳар моҳ дар қисмҳои ҳарбӣ як ё ду маротиба аз рӯйи ин навъҳои варзиш мусобиқаҳои варзишӣ гузаронида мешаванд ва сарбозони ҷузъу томи артиш дар он фаъолона иштирок менамоянд.

Бояд гуфт, ки яке аз дастовардҳои назарраси Клуби марказии варзишии Артиши Вазорати мудофиа дар соли сипаригардида- ин иштирок дар Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё ва мақоми сеюмро ишғол намудани дастаи футболбозони клуби мазкур дар чемпионати Тоҷикистон мебошад.

Дастаи футболбозони Клуби марказии варзишии Артиш аз замони таъсис то имрӯз фаъолияти мунтазаму босамар дошта, бо иштирок дар Чемпионати Лигаи олии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои футболи кишвар мақоми хосса дорад.

Имрӯз ҷавонони варзишгар бо пешниҳоди унвонҳои варзишӣ метавонанд ба сафи Артиши миллӣ омада, дар баробари хизмати ҳарбӣ дар клуби мазкур маҳорати варзишии худро такмил диҳанд. Ҳамзамон дар мусобиқаҳои гуногуни дохилу хориҷи мамлакат ширкат варзида, соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ гарданд.

Мавриди тазаккур аст, ки бо дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми қисмҳои ҳарбии Вазорати мудофиа  бо толорҳои варзишӣ ва майдончаву шаҳрчаҳои варзишӣ муҷаҳҳаз карда шудаанд. Сарбозон дар онҳо тамрин карда, дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ, ки миёни ротаҳо, взводҳо ва баталёнҳову полкҳо гузаронида мешаванд, иштирок мекунанд.

АКС: Вазорати мудофиаи ҶТ

Январь 21, 2023 10:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд