Масъулини вазорату идораҳои Тоҷикистон асосҳои нақшабардорӣ ва арзёбии хатари пиряхҳоро меомӯзанд
ДУШАНБЕ, 25.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Кормандони вазорату идораҳои мамлакат нақшабардорӣ ва арзёбии хатари пиряхҳоро мемоӯзанд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Омӯзиш дар Маркази ҷумҳуриявии таълимӣ-методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ аз 23 то 27 январ дар доираи Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон гардидани соли 2025 сурат мегирад.
Он дар доираи Лоиҳаи миллии идоракунии хатари офатҳои табиӣ ташкил шуда, 20 нафар масъулон аз вазорату идораҳои ҷумҳуриро фаро мегирад.
Коршиносони байналмилалие, ки дар Лоиҳаи миллии идоракунии хатари офатҳои табиӣ кор мекунанд, бо иштирокчиён дарсҳои назариявӣ ва амалӣ мегузаронанд.
Ёдовар мешавем, ки 14 декабри соли 2022 Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид боз як ташаббуси ҷаҳонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро якдилона дастгирӣ намуда, Қарор дар бораи эълон намудани соли 2025 «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» — ро якдилона қабул кард.
Ташаббуси мазкур аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 3 марти соли 2021 дар ҷаласаи якуми Шӯрои сатҳи баланди Эътилоф оид ба обу иқлим пешниҳод шуда буд.
Азиза ДАДАБОЕВА,
АМИТ «Ховар»
АКС: КҲФ ва МГ/АМИТ «Ховар»








Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид
Ғолибони Олимпиадаи байналмилалии химияро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи маорифи давлатҳои аъзои ИДМ доир шуд
Форуми байналмилалии «Ташаббусҳои Пешвои миллат ва уфуқҳои нави рушд» баргузор гардид
Хонандагони тоҷик дар олимпиадаи байналмилалӣ сазовори се ҷойи сеюм гардиданд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Дар Лондон омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалии муассисавию барномавӣ (International Quality Review — IQR) баррасӣ шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд






