Масъулини вазорату идораҳои Тоҷикистон асосҳои нақшабардорӣ ва арзёбии хатари пиряхҳоро меомӯзанд

Январь 25, 2023 13:10

ДУШАНБЕ, 25.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Кормандони вазорату идораҳои  мамлакат  нақшабардорӣ ва арзёбии хатари пиряхҳоро мемоӯзанд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Омӯзиш дар Маркази ҷумҳуриявии таълимӣ-методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ аз 23 то 27 январ дар доираи Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон гардидани соли 2025 сурат мегирад.

Он дар доираи Лоиҳаи миллии идоракунии хатари офатҳои табиӣ ташкил шуда,  20 нафар масъулон аз вазорату идораҳои ҷумҳуриро  фаро мегирад.

Коршиносони байналмилалие, ки дар Лоиҳаи миллии идоракунии хатари офатҳои табиӣ кор мекунанд, бо иштирокчиён дарсҳои назариявӣ ва амалӣ мегузаронанд.

Ёдовар мешавем, ки 14 декабри соли 2022 Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид боз як ташаббуси ҷаҳонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро якдилона дастгирӣ намуда, Қарор дар бораи эълон намудани соли 2025 «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» — ро якдилона қабул кард.

Ташаббуси мазкур аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 3 марти соли 2021 дар ҷаласаи якуми Шӯрои сатҳи баланди Эътилоф оид ба обу иқлим пешниҳод шуда буд.

 Азиза ДАДАБОЕВА,
АМИТ «Ховар»

АКС: КҲФ ва МГ/АМИТ «Ховар»

Январь 25, 2023 13:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Маркази миллии тестӣ даври иловагии имтиҳонҳоро доир менамояд
Байни Вазорати маориф ва илм ва Идораи маорифи шаҳри Сежонги Ҷумҳурии Корея Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Хонандаи шаҳри Душанбе дар Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба шоҳмот сазовори ҷойи якум гардид
Дар Тоҷикистон беш аз 18 ҳазор нафар забони олмониро меомӯзанд
Дар назди муассисаҳои таълимии ноҳияи Ванҷ синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуд
11 сол қабл дар Тоҷикистон дохилшавӣ ба муассисаҳои олии касбӣ тавассути низоми тестӣ амалӣ гардид
Имрӯз даври якуми Имтиҳонҳои марказонидашудаи дохилшавӣ оғоз гардид
Фаъолияти Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар нимаи аввали соли 2025 қаноатбахш арзёбӣ гардид
Пагоҳ даври якуми Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ оғоз мегардад
Равоншиноси Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №56-и ноҳияи Сино Манижа Раҷабова ғолиби озмуни байналмилалӣ гардид
Шумо барои фарзандатон дар таътили тобистона реҷаи рӯз тартиб додаед?
МАСЛИҲАТ БА ДОВТАЛАБ. Барои дар ёфтани маркази имтиҳонӣ ба мушкил дучор нагардидан чӣ бояд кард?