Миёни Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд 4 созишномаи грантӣ ба имзо расид
ДУШАНБЕ, 19.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. 18 январ дар Душанбе миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд 4 созишномаи грантӣ ба имзо расонида шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати молияи ҷумҳурӣ.
Созишномаи якуми маблағгузорӣ ин кумаки техникӣ барои маблағгузории лоиҳаи Неругоҳи барқи обии «Роғун» мебошад. Ҳадафи лоиҳа- ин таҳияи сохтори маблағгузорӣ ва заминаи тиҷоратии лоиҳаи НБО-и «Роғун», баланд бардоштани устувории экологӣ ва иҷтимоии он, баланд бардоштани шаффофият ва дастгирии татбиқи барномаи манфиатҳои НБО-и «Роғун» мебошад.
Арзиши умумии кумаки техникӣ 11,7 млн ҳуқуқи махсуси қарзгириро ташкил дода, ба 15 млн доллари амрикоӣ баробар мебошад.
Созишномаи дуюми маблағгузорӣ ин Лоиҳаи дастгирии сиёсати рушди босубот ва устувори Тоҷикистон мебошад. Ҳадафи лоиҳа ин дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баланд бардоштани сиёсати рушди босубот ва устувор тавассути беҳтар намудани шароит барои сармоягузории бахши хусусӣ, баланд бардоштани самаранокӣ, шаффофият ва ҳисоботдиҳии бахши давлатӣ, аз ҷумла корхонаҳои давлатӣ, инчунин таҳкими устувории иҷтимоӣ ва экологӣ ба ҳолатҳои буҳронӣ мебошад.
Арзиши умумии лоиҳа 39 млн ҳуқуқи махсуси қарзгириро ташкил дода, ба 50 млн доллари амрикоӣ баробар мебошад.
Созишномаи сеюми маблағгузорӣ ин маблағгузории иловагии лоиҳаи баланд бардоштани устувории кишоварзист. Ҳадафи асосии лоиҳа ин мустаҳкам намудани заминаи бахши устувори соҳаи кишоварзӣ ва дастгирии дахолати изтирорӣ барои ҳалли мушкилоти ғизо дар Тоҷикистон мебошад.
Арзиши умумии лоиҳа 39 млн ҳуқуқи махсуси қарзгириро ташкил дода, ба 50 млн доллари амрикоӣ баробар мебошад.
Созишномаи чорум ин пешниҳод намудани пешпардохт барои омодасозии лоиҳаи сохтмони неругоҳи барқи офтобии хусусӣ дар вилояти Суғд мебошад. Мақсади асосии пешпардохт- ин омодасозии асосноккунии техникӣ-иқтисодии лоиҳа, ҳисобот оид ба таъсири лоиҳа ба муҳити зист ва иҷтимоӣ, хизматрасониҳои машваратии транзаксионӣ ва тахассусоти асосии лоиҳа мебошад.
Дар доираи созишномаи мазкур 1,5 млн доллари амрикоӣ ба сифати пешпардохт пешниҳод гардидааст.
Созишномаҳои грантиро Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода ва намояндаи доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Озан Севимлӣ ба имзо расониданд.
АКС: Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар мавзуи дастгирии соҳибкорӣ дар 35 соли Истиқлоли давлатӣ ҳамоиш баргузор шуд
Дар Рим имкониятҳои содиротии маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Дар шаҳри Бангкок мулоқоти вазирони молия ва раисони бонкҳои марказии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Қафқоз баргузор шуд
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАНОНИ ДЕҲОТ. Дар Тоҷикистон беш аз 3 миллион занон дар деҳот зиндагӣ менамоянд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КИШОВАРЗОН. Ин соҳа зиёда аз 61 фоизи аҳолиро бо ҷойи кор фаро гирифтааст
Дар доираи Форуми тиҷоратии «New Silk Way» роҳбарони роҳи оҳани Тоҷикистон ва Қазоқистон вохӯрӣ намуданд
Мораторий ба санҷиши субъектҳои соҳибкории хурду миёна то 1 январи соли 2029 тамдид карда мешавад
Президенти Тоҷикистон: «Дар 25 соли охир ба рушди иқтисоди мамлакат 760 миллиард сомонӣ сармоя равона гардидааст»
Дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе сохтмони як гузаргоҳ ва як пули мошингард оғоз меёбад
Султон Раҳимзода: «Тоҷикистон ба марҳилаи нави рушди шарикии давлат ва бахши хусусӣ ворид мешавад»
Дар Душанбе ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Соҳибкори сол – 2026» бо ҷоизаҳо қадрдонӣ карда шуданд
Густариши фаъолияти Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид






