МОРО ДАР ОСИЁВУ АВРУПО ВА АМРИКОВУ АФРИҚО ПАЙВАСТА МЕХОНАНД. Соли 2022 аз сомонаи АМИТ «Ховар» беш аз 4,3 миллион маротиба дидан кардаанд
ДУШАНБЕ, 05.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2022 аз сомонаи АМИТ «Ховар» 4 миллиону 367 ҳазору 299 маротиба дидан кардаанд, ки нисбат ба соли 2021 422 443 маротиба ё худ беш аз 9,6 фоиз зиёд мебошад. Чунин маълумотро ба мо хадамоти русии liveinternet.ru, ки ба ҷамъоварӣ ва таҳлили ченакҳои самароникии сомонаҳо машғул аст, пешниҳод намуд.
Ҳамчунин дар ин давра теъдоди воридшавандагон ба сомонаи мо ба 787 ҳазору 899 нафар расид. Ин нишондиҳанда нисбат ба соли гузашта 289 ҳазору 702 нафар ё беш аз 36 фоиз зиёд мебошад.

Тибқи маълумот, шумораи воридшавандагон аз ҳисоби мардон дар соли 2022 71,4% ва занон – 28,6%-ро ташкил медиҳад. Аз ин теъдод ба синни аз 18 то 24-сола – 18,3%, аз 25 то 34-сола — 28,7%, аз 35 то 44-сола – 37,5% ва аз 44-сола боло – 15,5% рост меояд.

Моро дар зиёда аз 100 давлати ҷаҳон мехонанд. Аз ҷумлаи онҳо дар соли 2022 бештар ба сомонаи мо дар 50 кишвар ворид шудаанд. Ба даҳгонаи аввал Тоҷикистон (78,4%), Россия (8,3%), ИМА (1,6%), Нидерланд (1,5%), Беларус (1,4%), Узбекистон (1,3%), Олмон (1,1%), Фаронса (0,6%), Қазоқистон (0,6%) ва Британияи Кабир (0,5%), дохил мешаванд.

Сохтори гузариш ба саҳифаҳои сомона чунин аст: дохилӣ – 63,8%, тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ – 14,8%, ба воситаи саҳифаҳои иловагӣ – 13,3%, тариқи системаҳои ҷустуҷӯӣ – 7,2% ва аз сомонаҳои дигар – 0,8%.

Асосан тавассути системаҳои ҷустуҷӯии «Яндекс» (63,5%), «Google» (34,1%), «Search.Mail.ru» (2,0%), «Яндекс (картинки) (0,2%)», «Bing» (0,1%), «Rambler», «Baidu» ва ғайра ба сомонаи АМИТ «Ховар» гузариш анҷом дода шудааст.

Ба сегонаи шабакаҳои иҷтимоӣ, ки тавассути онҳо ба сомонаи мо гузариш шудааст, «facebook» (99.7%), «vkontakte» (0.1%) ва «odnoklassniki» (0.1%) шомил мебошанд.

Албатта, чунин теъдоде аз корбарони интернет ба барномаҳои Радиои «Ховар» низ дар басомади 101,5 FM дастрасӣ доранд, ки онро метавон дар сомонаи www.khovar.tj мустақиман истимоъ фармуд.
Ёдовар мешавем, ки АМИТ «Ховар» имрӯз ягона агентии иттилоотӣ дар ҷумҳурӣ мебошад, ки мақоми расмӣ дорад. Он дорои ҳуқуқи эксклюзивии ҷамъоварӣ ва паҳни иттилоот ва санадҳои расмӣ оид ба фаъолияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин ҳуқуқи шарҳи онҳо мебошад.
Агентӣ таъминкунандаи боэътимоди иттилооти саривақтӣ ва муътамад оид ба рӯйдодҳои тамоми минтақаҳои Тоҷикистон мебошад. Маводи паҳнкардаи агентӣ аз ҷониби истифодабарандагони сомонаҳои интернетӣ, сафоратхонаҳои хориҷӣ, доираҳои тиҷоратӣ, вазорату идораҳо, созмонҳои ҷамъиятӣ ва шахсони алоҳида дар Тоҷикистон ва берун аз он фаъолона истифода мешаванд.
Иттилооти АМИТ «Ховар» бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ, арабӣ ва ҳуруфоти форсӣ паҳн карда мешавад. Агентӣ бо агентиҳои иттилоотии пешрафта, хадамот ва марказҳои ҷаҳонӣ ва минтақавӣ робитаҳои мутақобилан судманд дорад.
Акрамхоҷа АКБАР,
Пайрав ҚОСИМ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»/скриншот аз сомонаи LiveInternet








Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад






