Муассисаҳои таълимӣ ва томактабии ноҳияи Муъминобод дар давраи зимистон бо маводи сӯхт таъминанд
МУЪМИНОБОД, 16.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар ин рӯзҳои сарди зимистон муассисаҳои таълимӣ ва томактабии ноҳияи Муъминобод бо маводи сӯхт таъминанд, хабар медиҳад мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Сулаймон ХОЛЗОДА.
Дар айни ҳол дар 65 муассисаи таълимӣ ва муассисаҳои давлатии таълимии томактабии ноҳияи Муъминобод ангишт, ҳезум ва дигар маводи сӯхт захира карда шудааст, ки барои давраи зимистон кифоя мебошад. Дар ин раванд Муассисаи давлатии таълимии томактабии №2 -и ноҳия ба талаботи зимистонгузаронӣ ҷавобгӯ буда, дар он 3 тонна ангишт, 8 куб ҳезум ва дигар маводи сӯхт захира шудааст.
Тавре директори муассиса Қутосбӣ Бухориева иттилоъ дод, «дар муассиса се гурӯҳи синни хурд, миёна ва калон мавҷуданд, ки 58 нафар тарбиятгирандагонро дар бар мегиранд. Дар муассиса шароити ҷои хоб, хӯрок, ҷои бозии кӯдакон хуб ба роҳ монда шуда, 6 нафар корманди педагогӣ ба кӯдакон дарс меомӯзонанд. Дар натиҷа 17 нафар тарбиятгирандагони муассиса ба муассисаи таҳсилоти умумии №6 ба синфи якум қабул гардиданд».
Дар ин давра аз ҷониби роҳбарияти муассиса ва дастгирии соҳибкорони саховатпеша бинои муассиса аз таъмир бароварда шуда, даромадгоҳи он бетонпӯш гардид.
АКС: АМИТ «Ховар»








Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст






