Муовини Сарвазири Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода бо фаъолияти деҳқонони шаҳри Турсунзода шинос шуд
ТУРСУНЗОДА, 16.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. 13 январ муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода бо мақсади шносоӣ бо фаъолияти деҳқонон, бахусус ангурпарварон ва истеҳсолкунандагони маҳсулоти полезӣ ба шаҳри Турсунзода сафар намуд. Дар ин бора дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини МАҲМУД иттилоъ доданд.
Муовини Сарвазири мамлакатро олимони Акдемияи илмҳои кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамроҳӣ намуда, вазъи воқеии боғҳо ва дигар зироати полезиро дар гармхонаҳо таҳлил намуданд.
Таъкид гардид, ки барфи чанд рӯзи охир ба ниҳолҳои ангур ва зироати полезии гармхонаҳо таъсири манфӣ нарасонидааст. Дастур дода шуд, ки ҳарорати гармхонаҳо мувофиқи меъёри зарурӣ нигоҳ дошта шавад ва таҳти назорати доимии мутахассисон қарор гирад.
Ҳамчунин ба роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода ва масъулини соҳа дастур дода шуд, ки фаъолияти фермаҳои мурғпарвариро таҳти назорат қарор диҳанд, то рӯзҳои сарморо бе талаф паси сар гарданд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода










Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст






