Номинаи муштараки «Санъати зарҳалкорӣ» барои қабул ба рӯйхати Феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО пешниҳод карда шуд
ДУШАНБЕ, 30.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2022 аз ҷониби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷмӯи ҳуҷҷатҳои номинатсионии муштараки Тоҷикистон бо дигар кишварҳои минтақа «Санъати зарҳалкорӣ» ҷиҳати ворид шудан ба рӯйхати мероси фарҳанги ғайримоддӣ гирдоварӣ, таҳия ва ба ЮНЕСКО пешниҳод карда шуд. Дар ин бора имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Давлатзода ба хабарнигорон мужда дод.
«Барои корбарӣ дар номинаи «Санъати зарҳалкорӣ» олимони Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот ҷалб гардиданд. Ҳамчунин бояд гуфт, ки корҳо дар самти вориднамоии ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ба Феҳристи мероси фарҳанги умумибашарии ЮНЕСКО, аз ҷумла, дар самти долонҳои Зарафшон-Қароқум ва Фарғона-Сирдарё ҷоннок карда шуданд», — афзуд вазир.
Дар нишасти хабарӣ ҳамоҳангсози миллӣ оид ба масъалаҳои фарҳанги моддӣ дар ЮНЕСКО Мирзошариф Абдусаломов иброз намуд, ки «дар долонҳои хатсайрҳои Шоҳроҳи бузурги таърихии «Абрешим», ки тавассути мамлакати мо мегузаранд, объектҳои таърихию фарҳангии сатҳи байналмилалӣ мавҷуданд. Аз ҷумла, дар долони «Зарафшон-Қароқум» 9 (нуҳ) адад объектҳои таърихию фарҳангӣ, аз қабили «Панҷакенти Қадима», «Шаҳраки Санҷаршоҳ», «Шаҳраки Ҳисорак», «Гардани Ҳисор», «Қалъаи Муғ», «Қум», «Тали Хамтуда», низоми обёрикунии «Токсанкорез» ва Мақбараи «Хоҷа Муҳаммади Башоро» мебошад.
«Ин ёдгориҳо солҳои сол аз ҷониби муҳаққиқону бостоншиносони ватаниву хориҷӣ таҳқиқу кашф ва ҳафриёт гардидаанд. Ҳамзамон аз ҷониби мутахассисони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Комиссияи миллӣ оид ба корҳои ЮНЕСКО дар Тоҷикистон парвандаҳои номинавии ёдгориҳои таърихию фарҳангии мазкур таҳия ва такмил гардида, ба идораи Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои илм, маориф ва фарҳанг ЮНЕСКО барои ворид намудан ба феҳристи ҷаҳонӣ ирсол карда шуданд. Мояи хушнудӣ ва сарфарозист, ки аллакай парвандаҳои номинавии 9 (нуҳ) адад объекти таърихию фарҳангии долони «Зарафшон-Қароқум» аз ҷониби ин созмони бонуфузи ҷаҳонӣ аз нигоҳи техникӣ дуруст ва комил арзёбӣ шуда, ин объектҳо расман ба Феҳристи пешакии ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид карда шуданд»,- таъкид намуд Мирзошариф Абдусаломов.
Дар ҷараёни нишаст иттилоъ дода шуд, ки соли 2023 байни қасрҳои фарҳанги мамлакат Озмуни ҷумҳуриявии «Даргоҳи ҳунар ва маърифат» доир ва дар арафаи таҷлили Истиқлоли давлатӣ ҷамъбаст карда мешавад.
Ёдовар мешавем, ки дар Тоҷикистон 58 Қасри фарҳанг фаъолият мекунад.
Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








«ҶАҲОНИ РАССОМ». Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши асарҳои Дӯст Азизов ташкил гардид
Дар Душанбе Рӯзҳои синамои Қирғизистон доир мегарданд
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон барои омӯзгорон сайри идонаи осорхонавӣ ташкил гардид
«НАМАКДОНИ МИЛЛАТ КАФИ ДАСТИ ӮСТ!». Таҳти чунин унвон китоби Давлат Сафар рӯнамоӣ гардид
ЗАБОН ВА 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛ. Бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ доир шуд
Барои Сарвазири Тотористон ва ҳамроҳонаш сайри осорхонавӣ ташкил гардид
Вазирони корҳои дохилии ИДМ аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуданд
Ҳайати Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон дар Фестивали байналмилалии донишҷӯёни ИДМ иштирок намуд
ҲАМДИЛӢ АЗ ҲАМЗАБОНӢ БЕҲТАР АСТ. Эҳдо ба Рӯзи бузургдошти Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон оид ба дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ ҳамоиш доир гардид
Моҳи октябр дар Душанбе Бозиҳои XX Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ доир мегардад
Дар Душанбе Рӯзҳои кинои Эрон баргузор мегарданд






