Номинаи муштараки «Санъати зарҳалкорӣ» барои қабул ба рӯйхати Феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО пешниҳод карда шуд

Январь 30, 2023 20:10

ДУШАНБЕ, 30.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2022 аз ҷониби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон  маҷмӯи ҳуҷҷатҳои номинатсионии муштараки Тоҷикистон бо дигар кишварҳои минтақа  «Санъати зарҳалкорӣ» ҷиҳати ворид шудан ба рӯйхати мероси фарҳанги ғайримоддӣ гирдоварӣ, таҳия ва ба ЮНЕСКО пешниҳод карда шуд. Дар ин бора имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон  Зулфия Давлатзода ба хабарнигорон мужда дод.

«Барои корбарӣ дар номинаи  «Санъати зарҳалкорӣ» олимони Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот ҷалб гардиданд. Ҳамчунин бояд гуфт, ки корҳо дар самти вориднамоии ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ба Феҳристи мероси фарҳанги умумибашарии ЮНЕСКО,  аз ҷумла, дар самти долонҳои Зарафшон-Қароқум ва  Фарғона-Сирдарё ҷоннок карда шуданд», — афзуд вазир.

Дар нишасти хабарӣ  ҳамоҳангсози миллӣ оид ба масъалаҳои фарҳанги моддӣ дар ЮНЕСКО Мирзошариф Абдусаломов иброз намуд, ки «дар долонҳои хатсайрҳои Шоҳроҳи бузурги таърихии «Абрешим»,  ки тавассути мамлакати мо мегузаранд, объектҳои таърихию фарҳангии сатҳи байналмилалӣ мавҷуданд. Аз ҷумла, дар долони «Зарафшон-Қароқум» 9 (нуҳ) адад объектҳои таърихию фарҳангӣ, аз қабили «Панҷакенти Қадима», «Шаҳраки Санҷаршоҳ», «Шаҳраки Ҳисорак», «Гардани Ҳисор», «Қалъаи Муғ», «Қум», «Тали Хамтуда», низоми обёрикунии «Токсанкорез» ва Мақбараи «Хоҷа Муҳаммади Башоро» мебошад.

«Ин ёдгориҳо солҳои сол аз ҷониби муҳаққиқону бостоншиносони ватаниву хориҷӣ таҳқиқу кашф ва ҳафриёт гардидаанд. Ҳамзамон аз ҷониби мутахассисони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Комиссияи миллӣ оид ба корҳои ЮНЕСКО дар Тоҷикистон парвандаҳои номинавии ёдгориҳои таърихию фарҳангии мазкур таҳия ва такмил гардида, ба идораи Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои илм, маориф ва фарҳанг ЮНЕСКО барои ворид намудан ба феҳристи ҷаҳонӣ ирсол карда шуданд. Мояи хушнудӣ ва сарфарозист, ки аллакай парвандаҳои номинавии 9 (нуҳ) адад объекти таърихию фарҳангии долони «Зарафшон-Қароқум» аз ҷониби ин созмони бонуфузи ҷаҳонӣ аз нигоҳи техникӣ дуруст ва комил арзёбӣ шуда, ин объектҳо расман ба Феҳристи пешакии ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид карда шуданд»,- таъкид намуд Мирзошариф Абдусаломов.

Дар ҷараёни нишаст иттилоъ дода шуд, ки соли 2023 байни қасрҳои фарҳанги мамлакат Озмуни ҷумҳуриявии «Даргоҳи ҳунар ва маърифат» доир ва дар арафаи таҷлили  Истиқлоли давлатӣ ҷамъбаст карда мешавад.

Ёдовар мешавем, ки дар Тоҷикистон 58 Қасри фарҳанг фаъолият мекунад.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Январь 30, 2023 20:10

Хабарҳои дигари ин бахш

«АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ». Таҳти чунин унвон дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайн намоиши асарҳо ифтитоҳ гардид
Дар Наврӯз барои солимии бадан ғизои зарурӣ пешниҳод мегардад, ки оши бурида яке аз онҳост
ШОГУН БАҲОР МУБОРАК! Дар Бадахшон базми наврӯзии ҷавонон доир карда шуд
НАВРӮЗ — ҚИМАТТАРИН МЕРОСИ НИЁГОН. Мулоҳизаҳои мардумшинос дар бораи таҷлили он аз давраи Сосониён то соҳибистиқлолии Тоҷикистон
НАВРӮЗ БАРОБАРИ ҶАШНИ ИСТИҚЛОЛ АЗИЗ АСТ. Дар шаҳри Хоруғ базми пуршукуҳи наврӯзӣ доир гардид
Дар шаҳри Бохтар Наврӯз — ҷашни қадимии миллати тоҷикро хотирмон таҷлил намуданд
«КӢ БА МАҚСАД МЕРАСАД?». Таҳти ин унвон бахшида ба Наврӯз китоби қиссаҳои бачагона ба нашр расид
ОМАДАНАШ ФАРРУХУ ФАРХУНДА БОД! Дар адабиёти классик ва муосири тоҷик баҳору Наврӯз бо самимияти хосса тараннум гардидааст
Дар Москва Ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо намоиши расму оинҳои тоҷикӣ таҷлил карданд
НАВРӮЗИ ТОҶИКИСТОН ҶАШНИ ШЕЪРУ СУРУД АСТ. Эҳдо ба Рӯзи байналмилалии шеър
ХУШ ОМАДӢ, НАВРӮЗ! Тибқи ҳисобҳои астрономӣ, соати 02:30-и 21 март Наврӯз ба Тоҷикистон фаро расид
Дар Маркази омӯзиши пиряхҳо бо хонандагони муассисаҳои таълимӣ ҳамоиши омӯзишӣ доир шуд