ОБУ ҲАВО. Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво рӯзона то 8 дараҷа гарм мешавад

Январь 29, 2023 08:59

ДУШАНБЕ, 29.01.2023. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво рӯзона то 8 дараҷа гарм мешавад,  иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон.

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбанда, асосан бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ғарб  бо гузариш ба шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят   шабона  12-17 ва рӯзона 0-5 дараҷа хунук мешавад. Дар  шарқи вилоят  ҳаво шабона 26-31 дараҷа хунук ва рӯзона 11-16 дараҷа хунук мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳаво тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 3-8 дараҷа хунук, рӯзона 1+6 дараҷа гарм,  дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 7-12 дараҷа хунук, рӯзона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳаво абрнок пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳида боришоти борон ва барф ба амал меояд. Дар баъзе ноҳияҳо тормеғ мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм, рӯзона 6+11 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм, рӯзона 4+9 дараҷа гарм мешавад.

Ҳаво дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар водиҳо асосан бебориш дар назар аст. Дар баъзе ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ боришоти борон ва барф ба амал омада, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона  аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм, рӯзона 6+11 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 2-7 дараҷа хунук,  рӯзона 0+5 дараҷа гарм мешавад.

Дар Душанбе ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш пешгӯӣ шуда, тормеғ мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 0-2 дараҷа хунук, рӯзона 6+8 дараҷа гарм мешавад.

Январь 29, 2023 08:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст