ОБУ ҲАВО. Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво рӯзона то 8 дараҷа гарм мешавад

Январь 26, 2023 08:10

ДУШАНБЕ, 26.01.2023. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво рӯзона то 8 дараҷа гарм мешавад, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбанда шуда, шабона бориши сусти барф ба амал меояд. Рӯзона ҳавои бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ғарб  бо гузариш ба шарқ бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят   шабона  11-16 ва рӯзона 1-6 дараҷа хунук мешавад. Дар  шарқи вилоят  хунукии ҳаво шабона 22-27 ва рӯзона 13-18 дараҷа дар назар дошта шудааст.

Дар вилояти Суғд ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 9-14 дараҷа хунук, рӯзона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм,  дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 12-17 дараҷа ва рӯзона  1-6 дараҷа хунук  мегардад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои камабри бебориш дар назар буда, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 2-7 дараҷа хунук, рӯзона 3+8 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 5-10 дараҷа хунук ва  рӯзона 3+8 дараҷа гарм мешавад.

Ҳаво дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ камабри бебориш пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона  2-7 дараҷа хунук, рӯзона 3+8 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 6-11 дараҷа хунук ва  рӯзона 0-5 дараҷа хунук мешавад.

Дар Душанбе ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ шуда, тормеғ мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 4-6 дараҷа хунук, рӯзона 6+8 дараҷа гарм мешавад.

Январь 26, 2023 08:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд