ОБУ ҲАВО. Имрӯз дар Тоҷикистоно ҳаво рӯзона то 6 дараҷа гарм мешавад

Январь 21, 2023 08:32

ДУШАНБЕ, 21.01.2023. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво рӯзона то 6 дараҷа гарм мешавад, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон.

Имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 12-17 дараҷа хунук, рӯзона 3-8 дараҷа хунук, дар шарқи вилоят шабона 27-29 дараҷа хунук, рӯзона 13-18  дараҷа хунук мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 7-12 дараҷа хунук, рӯзона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 12-17 дараҷа хунук, рӯзона 0-5 дараҷа хунук мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 1-6 дараҷа хунук, рӯзона 0+5 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 6-11 дараҷа хунук, рӯзона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ ва доманакӯҳӣ бо шиддати то 12-17 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона  2-7 дараҷа хунук, рӯзона 1+6 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 8-13 дараҷа хунук,  рӯзона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм мешавад.

Дар Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, тормеғ мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 4-6 дараҷа хунук, рӯзона 3+5 дараҷа гарм мешавад.

Январь 21, 2023 08:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд