ОБУ ҲАВО. Имрӯз дар Тоҷикистон барфи бошиддат меборад
ДУШАНБЕ, 11.01.2023. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ барфи бошиддат меборад, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон.
Имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво абрнок пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳидаи ғарбии вилоят барф меборад. Шабонаи дар баъзе ноҳияҳо бошиддат меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9, дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддатнокии то 10-15 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона аз 16 то 24 дараҷа хунук, рӯзона аз 9 то 15 дараҷа хунук, дар шарқи вилоят шабона 18-23 дараҷа хунук, рӯзона 4-9 дараҷа хунук мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳаво абрнок пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳида барф меборад. Шабонаи дар баъзе ноҳияҳо барфи бошиддат борида, тормеғ мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10, дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддатнокии то 12-17 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 12 то 17 дараҷа хунук, рӯзона 6-11 дараҷа хунук, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона аз 17 то 24 дараҷа хунук, рӯзона аз 11 о 17 дараҷа хунук мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳаво абрнок пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо барф борида, тормеғ мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 0-5 дараҷа хунук, рӯзона 0+5 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 3-8 дараҷа хунук, рӯзона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво абрнок пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳида барф меборад. Дар баъзе ноҳияҳо барфи бошиддат борида, тормеғ мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9, дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддатнокии то 15-20 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 10 то 16 дараҷа хунук, рӯзона 3-8 дараҷа хунук, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона аз 15 то 23 дараҷа хунук, рӯзона аз 9 то 16 дараҷа хунук мешавад.
Дар Душанбе ҳавои абрнок, шабона барф дар баъзе ҳолатҳо бошиддат меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 5-10 дараҷа хунук, рӯзона 3+5 дараҷа гарм мешавад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






