Ғолибони озмунҳои экологии Маҷлиси намояндагон муайян гардиданд

Январь 20, 2023 15:31

ДУШАНБЕ, 20.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон озмунҳои ҷумҳуриявии матолиби беҳтарин дар мавзӯъҳои «Маърифати экологӣ» ва «Мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим» ҷамъбаст ва ғолибон муайян гардиданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов хабар дод.

Озмунҳои мазкур аз 1 март то 1 декабри соли 2022 баргузор ва 20 январи соли 2023 ҷамъбаст карда шуданд.

Бо мақсади мусоидат ба ҳалли масъалаҳои экологӣ, инчунин ҷалби олимону мутахассисон, рӯзноманигорон, ҷомеаи шаҳрвандӣ, коршиносон, донишҷўён, хонандагони муассисаҳои таълимӣ ва томактабӣ,  татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист, тақвияти маърифати экологии аҳолӣ Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озмунҳои ҷумҳуриявии матолиби беҳтарин дар мавзӯъҳои «Маърифати экологӣ» ва «Мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим» — ро эълон намуд.

Ба унвони комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба матолиби беҳтарин дар мавзӯи «Маърифати экологӣ» 57 нафар довталабон 115 мавод аз тамоми шаҳру навоҳӣ ва минтақаҳои ҷумҳурӣ пешниҳод намуданд.

Аз ҷумлаи иштирокчиёни озмун 26 нафар рӯзноманигорони касбӣ, 18 нафар олимони соҳаҳои гуногун, аз ҷумлаи онҳо 2 нафар доктори илм ва 9 нафар номзадҳои илм, 6 нафар унвонҷӯёну аспирантон, 5 нафар магистрону донишҷўёни муассисаҳои олӣ, 6 нафар омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва гимназияҳо, 8 нафар хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, гимназияву муассисаҳои таълимии хонандагони лаёқатманд буданд.

Ҳамин тариқ дар номинаи «Мутобиқшавӣ  ба тағйирёбии иқлим» ҷои якум бо Дипломи дараҷаи  I ва туҳфаи хотиравӣ  ба коршиноси масоили экологӣ, корманди Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон  барои нашри китоб (монография) таҳти унвони «НБО-и «Роғун» — намунае аз иқтисоди сабзи минтақа» Ҳасан Асоев дода шуд.

Ҷои дуюм бо Дипломи дараҷаи II ва туҳфаҳои хотиравӣ ба директори Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, мутахассиси самти таъмини амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ, доктори илмҳои техникӣ Илҳом Мирсаидзода барои асарҳои илмӣ,  ҳуҷҷатҳои меъёрӣ ва силсилаи мақолаҳо дар самти таъмини бехатарии экологӣ дода шуд.

Инчунин ҷои дуюм бо Дипломи дараҷаи II ва туҳфаҳои хотиравӣ ба рӯзноманигор, мудири шуъбаи Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон (АМИТ) «Ховар» барои силсиламақолаҳо ва гузоришҳо дар самти ҳифзи табиат ва экология Марзия Саидова, ҷои дуюм бо Дипломи дараҷаи II ва туҳфаҳои хотиравӣ ба номзади илмҳои техникӣ, муовини Директор оид ба илм ва таълим, Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон  барои силсилаи асару мақолаҳо дар самти мутобиқшавӣ ва тағйирёбии иқлим ва масоили экологӣ Номвар Қурбонов , ҷои сеюм бо Дипломи дараҷаи  III ва туҳфаҳои хотиравӣ ба муҳаррири «Телевизиони Тоҷикистон» Фарзона Одинаева барои нашри гузоришу барномаҳо дар «Телевизиони Тоҷикистон» дар мавзӯи тағйирёбии иқлим, муовини сардори шуъбаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзоқодир Қодирзода барои силсилаи асару мақолаҳо дар самти ҳифзи муҳити зист ва экология, ҷои сеюм бо Дипломи дараҷаи  III ва туҳфаҳои хотиравӣ ба  рӯзноманигор, сармутахассиси нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон- рўзномаи “Ҷумҳурият” барои силсилаи гузоришу мақолаҳо дар мавзӯи мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва маърифати экологӣ Оҳистамоҳ Гулбердиева ва дигарон сазовор дониста шуд.

Муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодири Қосим, Раиси комиссияи экологии Маҷлиси намояндагон Муҳаммадраҳим Юсуфӣ  дар маросими тантанавӣ ба ғолибони озмун туҳфаҳои хотиравиро супурданд.

Дар номинаи «Маърифати экологӣ» ҷои якум бо Дипломи дараҷаи I ва туҳфаи хотиравӣ ба рӯзноманигор, муовини якуми директори «Телевизиони Тоҷикистон»-и Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Амрохон Тоҷов барои силсилаи намоишу барномаҳои телевизионӣ, ки дар мавзӯи маърифати экологӣ ва масоили  иқлим пешниҳод шудаанд, дода шуд.

Ҷои дуюмро бо Дипломи дараҷаи II ва туҳфаҳои хотиравӣ рӯзноманигор, муҳаррири шуъбаи муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии рўзномаи «Омўзгор»-и Вазораи маориф ва илми Ҷумҳрии Тоҷикистон Ҳотам Ҳомидов (Ҳотами Ҳомид) барои силсилаи мақолаҳо дар мавзӯи маърифати экологӣ, ҷои дуюмро бо Дипломи дараҷаи II ва туҳфаҳои хотиравӣ рӯзноманигор-эколог, сардори маркази ахбори экологии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулрухсор Тиллоӣ барои барномаҳои телевизионӣ ва силсилаи барномаҳои телевизионии «Ахбори экологӣ» дар ТВ «Сафина» ва ҷои дуюмро бо Дипломи дараҷаи II ва туҳфаҳои хотиравӣ мудири бахши ҳифзи муҳити зист дар ноҳияи Айнии вилояти Суғд Боқимуҳаммад  Боқизода  барои силсилаи мақолаҳо дар мавзӯи маърифати экологӣ сарфароз гардиданд.

Ҳамзамон ҷои сеюм бо Дипломи дараҷаи  III ва туҳфаҳои хотиравӣ ба рӯзноманигор, Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори Раёсати тарҷумаи дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои эссе дар мавзӯи «Маърифати экологӣ» Камоли Қурбониён дода шуд.

Инчунин ҷои сеюмро бо Дипломи дараҷаи  III ва туҳфаҳои хотиравӣ омӯзгори фанни биология, номзади илми биология, устоди калони кафедраи биологияи тиббӣ бо асосҳои генетикаи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино Оимниссо Шахсуфбекова барои силсилаи асару мақолаҳо дар мавзӯи маърифати экологӣ ва дигарон сазовор гардиданд.

Дар маҷмӯъ ба 115 нафар иштирокчиёни озмун туҳфаҳои хотиравӣ супурда шуданд.

Акс: МН МО ҶТ

Январь 20, 2023 15:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Раиси Маҷлиси намояндагон Маҳмадтоир Зокирзода бо сенатори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Стив Дейнс мулоқот намуд
ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ДАР КУҶО БОЯД НАСБ КАРДА ШАВАД? Вакили Маҷлиси намояндагон ба ин савол посух дод
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ Рустами Эмомалӣ дар ҷаласаи 57-уми пленарии Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокчии ИДМ иштирок намуданд
Дар Маҷлиси намояндагон Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ Рустами Эмомалӣ бо Раиси Шурои Федератсияи Маҷлиси Федералии Русия Валентина Матвиенко мулоқот намуданд
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Парламенти Қазоқистон Маулен Ашимбаев мулоқот анҷом доданд
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ Рустами Эмомалӣ дар ҷаласаи навбатии Шурои Ассамблеяи байнипарламентии ИДМ иштирок намуданд
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Санкт-Петербурги Русия шуданд
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба шаҳри Санкт-Петербурги Русия рафтанд
Маҳмадтоир Зокирзода дар шаҳри Боку дар ҷаласаи ниҳодҳои парламентӣ иштирок намуд
«ПЕШВОИ САНГАРШИКАНИ МИЛЛАТСОЗ». Дар Душанбе китоби нав рӯнамоӣ гардид
«ЭЙ ВАТАН, БО ПЕШВОЯТ ЗИНДА БОШ!». Андешаҳо дар ҳошияи Рӯзи Президент