ОСИЁ МАРКАЗИ ҶАЛБИ САРМОЯИ ҶАҲОНӢ МЕШАВАД. Тоҷикистон метавонад ба яке аз кишварҳои ҷолибтарин барои сармоягузории хориҷӣ дар минтақа табдил ёбад

Январь 10, 2023 11:38

ДУШАНБЕ, 10.01.2023 /АМИТ «Ховар» /. Марокаш аз ҷиҳати сармоягузории мустақими хориҷӣ ҷаҳиш карда, дар раддабандии (рейтинг) кишварҳои ҷолибтарин дар ҷаҳон ҷои сеюмро ишғол намуд. Ин раддабандӣ дар гузориши нави сармоягузории мустақими хориҷӣ барои соли 2023, ки бар маълумоти Хазинаи байналмилалии асъор ва Мушоҳидаи сармояи хориҷӣ асос ёфтааст, ворид шудааст, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Дар гузориши нави сармоягузории мустақими хориҷӣ, Қатар дар ҷои аввал, Ҳиндустон дар ҷои дуюм ва Марокаш дар ҷои сеюм қарор доранд.

Пешсафии Қатар бо такони ҷиддии иқтисодӣ ва сармоягузорӣ алоқаманд аст. Марокаш, ки дар ҷои сеюм аст, аз суръати қавии сармоягузорӣ ба шарофати давраи макроиқтисодӣ фоида дид. Хазинаи байналмилалии асъор афзоиши ММД-ро барои соли равон 3,1 дарсад ва таваррумро 4,1 дарсад муқаррар кардааст. Дар гузориш таваҷҷуҳи сармоягузорон ба иқтидори подшоҳӣ дар соҳаи манбаъҳои таҷдидшавандаи энергия низ зикр шудааст.

Мутобиқи раддабандӣ, бисёре аз сармоягузорони хориҷӣ саъй доранд, ки иқтидори неруи офтобӣ ва шамолӣ дар Марокашро барои тавлиди ҳидрогени сабз муттаҳид намоянд. Миёни ширкати «Eren»-и Люксембург мебошад, ки дар минтақаи Гуэлмим-Оуед-Нун лоиҳаи сабзи ҳидрогенро таҳия кардааст ва имкон дорад беш аз 10 миллиард доллар маблағ ҷалб намояд. Коршиносон инчунин зикр мекунанд, ки Марокаш пас аз Арабистони Саудӣ ва Миср дар минтақаи MENA (кишварҳои Шарқи Наздик ва Африқои Шимолӣ) бузургтарин гирандаи сармоягузории мустақими хориҷии саноатӣ боқӣ мемонад.

Дар гузориш нишон дода шудааст, ки чор кишвари Африқо дар самти ҷануби Сахараи, аз ҷумла Сенегал, Ҷумҳурии Демократии Конго, Руанда ва Нигер, дар соли 2023 дар қатори 10 кишвари босуръат рушдёбандаи ҷаҳон қарор хоҳанд гирифт.

Хазинаи байналмилалии асъор интизор дорад, ки Осиё маркази ҷалби сармояи ҷаҳонӣ мегардад. Ба гуфтаи таҳлилгарони Хазина, дар Шарқи Наздик ва Осиёи Марказӣ соли 2023 афзоиши 3,6% дар муқоиса бо 3,7% дар кишварҳои Африқо дар ҷануби Сахара сабт хоҳад шуд.

Таҳлилгарони Бонки авруосиёии рушд бар онанд, ки Тоҷикистон метавонад ба яке аз кишварҳои ҷолибтарин барои сармоягузорони хориҷӣ дар минтақа табдил ёбад. Онҳо бар ин назаранд, ки ҷолибияти сармоягузории кишвар аз ҳисоби суръати баланди рушди иқтисод, ки ба ҳисоби миёна 7%-ро ташкил медиҳад, боло рафт.

Тибқи гузориши Бонк, солҳои ахир ҳаҷми сармоягузории мустақим ба иқтисоди Тоҷикистон афзоиш меёбад.

Тавре қаблан АМИТ «Ховар» хабар дода буд, таҳлилгарони Бонки авруосиёии рушд инро ба афзоиши ММД марбут медонанд. Аз ҷумла, онҳо афзоиши ММД дар Тоҷикистонро дар сенарияи заминавӣ дар соли 2023 пас аз 7,5 дарсади охири соли ҷорӣ дар сатҳи 6,5 дарсад пешбинӣ мекунанд. Ба гуфтаи коршиносон, ин афзоиш дар миёни кишварҳои узви ин ниҳоди молӣ баландтарин хоҳад буд. Ба ин хулоса таҳлилгарони бонк дар макропешгӯӣ барои соли 2023 расидаанд.

«Рушди иқтисодии Тоҷикистон дар соли 2023 дар байни кишварҳои узви ин ниҳоди молии минтақавӣ баландтарин — 6,5% хоҳад буд», — омадааст дар гузориши Бонки авруосиёии рушд. Афзоиши нисбатан баланди иқтисоди Тоҷикистонро ба «тавсеаи иқтидорҳо дар соҳаҳои пешбари саноат ва татбиқи барномаҳои иқтисодии ҳукумат» рабт дода мешавад.

Сатҳи таваррум дар Тоҷикистон, тибқи пешгӯии мутахассисони Бонки авруосиёии рушд, дар соли 2023 аз 6,9%-и соли 2022 то 6% коҳиш хоҳад ёфт. Таҳлилгарони ин бонк мегӯянд, ки «коҳиши тадриҷии нархи маҳсулоти хом дар бозори ҷаҳонӣ барои мақомоти пулии кишвар назорати таваррумро осон мекунад».

Тибқи пешгӯии онҳо, сиёсати пулию қарзии Бонки миллии Тоҷикистон, ки ба нигоҳ доштани афзоиши нархи молу хизматрасонӣ барои истеъмолкунандагон дар доираи параметрҳои мақсаднок нигаронида шудааст, ба коҳиши афзоиши нархи истеъмолӣ нисбат ба соли 2022 мусоидат менамояд.

Соли 2023 афзоиши иқтисоди Арманистону Қазоқистон дар сатҳи 4,2%, Қирғизистон — 3,5% ва Беларус — 0,3% ва коҳиши иқтисоди Россия дар сатҳи 2% пешбинӣ шудааст.

Тибқи пешгӯии Вазорати рушди иқтисоди Федератсияи Россия, маҷмӯи маҳсулоти дохилии ин кишвар дар соли ҷорӣ 2,9% ва дар соли 2023 0,8% коҳиш хоҳад ёфт. Дар ҳамин ҳол, Бонки Россия интизор дорад, ки коҳиши иқтисоди Россия то охири сол 3-3,5% ва соли оянда 1-4% хоҳад буд.

Доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор, мудири кафедраи идоракунии захираҳои инсонии ДМТ Таваралӣ Ғаниев дар суҳбат бо агентии иттилоотии «Спутник»-и Россия дар бораи муҳимияти ҷолибияти кишвар барои сармоягузорӣ сухан гуфт.

Коршинос гуфт, ки «Тоҷикистон дар захираҳои табиӣ дорои иқтидори бузург мебошад». Профессор ба он таваҷҷуҳ зоҳир кард, ки ҳоло дар ҷаҳон инқилоби нави технологӣ ҷараён дорад ва аз ин рӯ, Тоҷикистон метавонад бештар сармоягузорони хориҷиро барои омода кардани кадрҳо ва навсозии технология ҷалб намояд.

«Ҳадафи мо аз он иборат аст, ки фазои сармоягузорӣ барои фаъолияти самараноки иқтисодии соҳибкорони ватанӣ ва хориҷӣ ҳарчи бештар мусоид ва ба меъёрҳои байналмилалӣ наздик гардонида шавад. Фароҳам овардани шароите, ки ба меъёрҳои байналмилалӣ мувофиқанд. Фазои иқтисодии Тоҷикистон барои ҳамаи сармоягузорон, ки ҷойи кор таъсис медиҳанд, ба бозори дохиливу хориҷӣ молу хизматрасонӣ пешниҳод мекунанд ва қонунгузории миллиро риоя менамоянд, ҳамеша кушода буда, барои чунин сармоягузорон бастаи имтиёзҳои гуногуни иқтисодиву маъмурӣ пешбинӣ гардидааст», — гуфта буданд Президенти кишвар, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи октябри соли 2018 зимни ифтитоҳи Форуми байналмилалии соҳибкорон.

Ба гуфтаи Сарвари давлат, дар Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 гузариш аз иқтисодиёти аграриву саноатӣ ба саноативу аграрӣ ҳадафи асосӣ ва шакли фаъолияти иқтисоди миллӣ дар дурнамо интихоб шудааст.

АКС аз бойгонӣ

Январь 10, 2023 11:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии сатҳи баланд оид ба сиёсати сайёҳӣ иштирок намуд
Тавассути нақлиёти автомобилӣ қариб 24,5 миллион тонна бор ва 232,6 миллион нафар мусофир интиқол дода шуд
Дар Душанбе вохӯрии минтақавии ниҳодҳои пешбарандаи содироти мамлакатҳои Осиёи Марказӣ баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон бо раиси Бонки миллии Швейтсария роҳҳои тақвияти ҳамкориро баррасӣ намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар мулоқот бо намояндагони Хазинаи Байналмилалии Асъор масъалаҳои марбут ба низоми бонкиро баррасӣ намуд
Саҳми Бонки ҷаҳонӣ дар татбиқи ислоҳоти сохтории иқтисодиёти Тоҷикистон назаррас арзёбӣ гардид
Намоишгоҳи молу маҳсулоти корхонаҳои саноатии Узбекистон дар маркази ЭКСПО-и шаҳри Душанбе то 21 апрел идома меёбад
Дар қаламрави Тоҷикистону Узбекистон қариб 400 корхонаи муштарак фаъолият менамояд
Дар вилояти Хатлон татбиқи 368 лоиҳа ба маблағи 8,5 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст
Вазири кишоварзии Узбекистон дар шаҳри Ҳисор бо фаъолияти корхонаи «Агротехсервис» шинос гардид
«Гардиши мол байни ду давлат дар ояндаи наздик ба 1 миллиард доллари амрикоӣ расонида мешавад», — бардошт аз Форуми соҳибкорию сармоягузории Тоҷикистон ва Узбекистон
Ҳайати Тоҷикистон бо роҳбарияти IFC роҳҳои тавсеаи ҳамкориро баррасӣ намуд