«Паём — ҳуҷҷати раҳнамо дар фаъолияти минбаъдаи ҳар як сокини Тоҷикистон»,- бардошт аз вохӯрӣ бо сокинони ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ
ДУШАНБЕ, 28.01.2023. /АМИТ «Ховар»/. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷати муҳим ва раҳнамо дар фаъолияти минбаъдаи ҳар як сокини мамлакат маҳсуб мешавад. Дар ин бора 27 январ дар вохӯрӣ бо сокинону фаъолони ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ зимни шарҳу тавзеҳи нуктаҳои асосии Паёми Сарвари давлат тазаккур дода шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи иҷроияи Ҳаркати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон.
Мулоқоти мазкур дар доираи татбиқи Нақшаи чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, ки аз ҷониби Раиси Ҳаракат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тасдиқ гардидааст, дар бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Эмомалӣ Насриддинзода, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ Зариф Ализода, Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Рудобаи Мукаррам ва Раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Сафармаҳмад Раҳимзода иштирок ва суханронӣ намуданд.
Раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ иброз дошт, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ, Пешвои миллат тамоми самту соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва мадании мамлакатро мавриди баррасӣ ва таҳлил қарор доданд.
«Ҳар як сокини мамлакатро зарур аст, ки фаъолияти худро тибқи дастуру ҳидоят ва супоришҳои дар Паём ироагардида ба роҳ монда, дар ободонии манзилу маҳалли худ ва сарзамини хеш саҳм гузоранд», — тазаккур дод ӯ.
Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ Зариф Ализода изҳор дошт, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар навбати аввал, ҳуҷҷати муайянкунанда ва раҳнамо ба ҳисоб рафта, маҳз дар асоси он лоиҳа ва нақша-чорабиниҳои рушди ояндаи кишвар барномарезӣ мегарданд.
Гуфта шуд, ки рушди низоми ҳуқуқӣ, таъмини тартиботу қонуният, назорат дар татбиқи қонунҳои амалкунанда, баланд бардоштани сифатнокии қонунҳо, инчунин масъалаҳои амнияти миллӣ, боло бурдани иқтидори мудофиавии кишвар, беҳтар намудани шароити иҷтимоии кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар мавзӯъҳои марбут ба соҳаи ҳуқуқ дар меҳвари Паём қарор гирифта, дар ин самт пешниҳодҳои мушаххас ироа гардиданд.
Доир ба соҳаҳои муҳими иҷтимоӣ, аз ҷумла тандурустӣ, маориф, илм, фарҳанг, инчунин мақоми зан дар ҷомеа, тарбияи насли наврас, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва нақши ҷомеаи шаҳрвандӣ дар татбиқи сиёсати давлатӣ, ки дар Паёми Сарвари давлат ин масъалаҳо мавриди таҳлил қарор гирифтанд, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Эмомалӣ Насриддинзода суханронӣ кард.
Ӯ ба масъалаи нақши мактаб дар тарбияи насли наврас ва баланд бардоштани мақоми омӯзгор дар ҷомеа таваҷҷуҳ намуда, илова кард, ки мактаб ва омӯзгор барои боло бурдани сатҳи маърифатнокӣ, аз ҷаҳолат раҳонидани мардум ва умуман рушди неруи инсонӣ нақши муассир доранд.


«Бо ин мақсад маблағгузории соҳаи маориф сол то сол зиёд гардида, дастгириҳои иҷтимоӣ нисбат ба омӯзгорони ҷавон татбиқ мегарданд, ки ин аз ғамхориҳои Пешвои миллат шаҳодат медиҳанд», — ибрози назар намуд Эмомалӣ Насриддинзода.
Номбурда ҳамзамон тазаккур дод, ки дар баробари мактаб ва омӯзгор аҳли ҷомеа ва дигар ниҳодҳои иҷтимоӣ низ дар масъалаи тарбия ва ба роҳи рост ҳидоят намудани насли наврас ва ҷавон масъул мебошанд ва бояд ин рисолати хешро дар ҳамбастагиву ҳамкории тарафайн иҷро намоянд.
Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Рудобаи Мукаррам таъкид дошт, ки Паёми имсола низ, чун солҳои қаблӣ, бо як мақому мартабаи сухансанҷию суханварӣ ва эҳсоси баланди миллӣ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ироа гардид.
Гуфта шуд, ки Паёми имсола фарогири барномаҳои дақиқу амиқ, муҳтавои ҷолиб ва хулосаҳои мустанад буда, аз низоми густурдаи давлатдорӣ, зеҳнияти мукаммали дунёдаркӣ ва сиёсати оянданигари Пешвои муаззами миллат гувоҳӣ медиҳад.
Дар идома Рудобаи Мукаррам мавзӯъҳои ватандӯстӣ, ваҳдати миллӣ, истиқлоли давлатӣ, ҳифзи арзишҳои моддӣ, муқаддасоти маънавӣ ва гиромидошти суннату фарҳанги миллиро, ки аз Паёми Сарвари давлат бармеоянд, мавриди шарҳу тавзеҳ қарор дода, ҳозиринро ба бедорӣ, худогоҳӣ, ватандӯстӣ ва шинохти асолату ҳувияти миллӣ ва садоқату самимият ба халқу Ватан даъват кард.
Таъкид гардид, ки ҳадафи аслии Пешвои миллат ин ба мустақилияти маънавӣ ва истиқлоли фикрӣ оварда расонидани миллат аст.
«Аз ин ҷиҳат, мо масъул ва вазифадорем, ки дар тақвияти ин сиёсат дар ҳамрадифиву ҳамсафии Пешвои хирадпарвари миллат қарор гирем ва ин мавқеъву ин сиёсатро ҳамеша ташвиқ намоем», — тазаккур дод ў.
Сипас собиқадорон, занони фаъол, ҷавонон ва дигар намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ сухан гуфта, ҳамовозии худро ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор намуданд ва ваъда доданд, ки тарғибу ташвиқ ва шарҳу тавзеҳи нуктаҳои асосии Паёмро миёни аҳли ҷомеа фаъолона амалӣ менамоянд.
АКС: Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон








НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2026 шаш санади меъёрии ҳуқуқӣ мавриди омӯзишу таҳлил қарор гирифт
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Ҳолати риоя накардани талаботи қонуни танзими ҷашну маросим 74 адад зиёд шудааст
Бо ташаббуси ҲХДТ беш аз сад нафар кӯдак ба лагерҳои истироҳатию фароғатӣ сафарбар шуданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ низоми нави андозбандии электронӣ баррасӣ шуд
Имсол теъдоди муассисаҳои фарматсевтӣ ва дорухонаҳо нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 61 адад зиёд гардидааст
Дар ноҳияи Фирдавсӣ 3244 нафар ба сафи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон қабул гардиданд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар соҳаи тандурустӣ навовариҳо амалӣ гардиданд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар шаш моҳи соли равон шумораи хизматчиёни давлатӣ аз ҳисоби занон афзоиш ёфтааст
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ беш аз 31 ҳазор иншоот ба истифода дода шуд
Беш аз 2970 нафар дар асоси иҷрои Қонуни Тоҷикистон «Дар бораи авф» ба озодӣ баромаданд
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бо Раиси Кумитаи миллӣ оид ба ҳуқуқи инсони Давлати Қатар вохӯрӣ намуд






