ПАЁМИ ПЕШВО-РОҲНАМОИ МО! Дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияи Шаҳринав вохӯриҳои судманд ҷараён доранд
ШАҲРИНАВ, 19.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Шурӯъ аз 16 январ дар ноҳияи Шаҳринав гурӯҳи корӣ иборат аз вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, олимон, аҳли фарҳангу адаб бо мақсади ба сокинон фамонидани моҳияти Паёми навбатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия суҳбату вохӯриҳо доир намуда истодааст. Дар ин бора ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини МАҲМУД дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав иттилоъ доданд.
Вакилону фаъолони ноҳия дар вохӯрӣ бо сокинони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, нигоҳ доштани рушду пешрафт ва устувории минбаъдаи иҷтимоиву иқтисодии мамлакат, истифодаи самараноки иқтидори мавҷуда, бунёди корхонаҳои истеҳсолӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, баланд бардоштани рақобатнокии маҳсулоти ватанӣ, тақвияти содирот, ташаккули «иқтисоди сабз», суръат бахшидан ба раванди рақамикунонии бахшҳои иқтисодиёт, инкишофи неруи инсонӣ ва беҳтар намудани сифати хизматрасониҳои иҷтимоӣ сухан гуфтанд.
Зикр гардид, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ соли сипаригардидаро барои мардуми шарафманди кишвар соли неку бобарор арзёбӣ намуданд. Зеро дар соли 2022 ба шарофати заҳматҳои содиқонаву созандаи мардуми диёр раванди созандагиву ободкорӣ бомаром идома ёфта, нақшаву барномаҳои пешбинигардида ҷиҳати таъмини рушди устувори иқтисоди миллӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии сокинони Тоҷикистон ҳадафмандона амалӣ гардиданд. Аз ин рӯ моро зарур аст, ки раванди созандагиву ободкорӣ ва татбиқи барномаву нақшаҳои минбаъдаро ҷиҳати рушду пешрафти мамлакат ва беҳтар намудани сатҳи зиндагии мардум боз ҳам тақвият бахшем.
Дар вохӯриҳо масъулин ёдрас шуданд, ки ҳадафи олии давлат ва Ҳукумати мамлакат аз баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум иборат мебошад.
Ёдовар мешавем, ки суҳбату вохӯриҳо бо сокинон дар ҳошияи Паёми навбатии Пешвои миллат дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия идома доранд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав








ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ ба 1395 нафар занон беш аз 45 миллион сомонӣ грант ҷудо гардид
То 4 сентябр дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон сар задани селҳои маҳаллӣ ва пиряхӣ боқӣ мемонад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра Тоҷикистон ба дастовардҳои рушди устувор ноил гардид
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар пойтахт Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон оғоз шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Шоири афғонистонӣ Аҳмад Ҳанойиш дар васфи Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон меҳрнома навишт
Тоҷикистон ба таъмини пайвастагии конфронсҳои СММ оид ба об дар солҳои 2023, 2026 ва 2028 даъват намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 август, ҷумъа, 240-умин рӯзи соли 2026 аст






