«Паёми Пешвои миллат фарогири як консепсия, як стратегия ва беш аз панҷ барномаи давлатист»,- бардошт аз тавзеҳи он дар ноҳияи Фирдавсӣ
ДУШАНБЕ, 05.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи давлатии тиҷоратии Тоҷикистон Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ба омӯзгорон, кормандон, донишҷӯён ва сокинони ноҳияи Фирдавсӣ шарҳ дода шуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов хабар медиҳад.
Раиси кумитаи иқтисод ва молияи Маҷлиси намояндагон Маҳмадалӣ Қурбонзода ва муовини раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Гулчеҳра Ғанизода перомуни муҳимияту мубрамияти мавзӯъ ибрози андеша карданд.
Маҳмадалӣ Қурбонзода таъкид намуд, ки бевосита барои муайянсозии дурнамои рушд ва инкишофи бахшҳои гуногуни хоҷагии мамлакат дар Паёми Пешвои миллат таҳия ва қабулу татбиқи якчанд ҳуҷҷати банақшагирии стратегӣ ва дурнамосози давлатӣ, аз қабили як консепсия, як стратегия ва беш аз панҷ барномаи давлатӣ пешбинӣ гардидааст.
Пешвои миллат иброз намуданд, ки бо шуғли пурмаҳсул таъмин намудани аҳолӣ яке аз ҳадафҳои стратегии давлат ба ҳисоб рафта, барои татбиқи он қабули барномаҳои соҳавию минтақавӣ зарур аст. Вобаста ба ин ба Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дастур дода шуд, ки барномаҳои миёнамуҳлати рушди шуғло омода ва амалӣ намояд.
Ҳамчунин дар ин замина оид ба соҳибкасб намудани шаҳрвандон, аз ҷумла ҷавонон дар асоси таҳлили вазъи бозори меҳнати дохиливу хориҷӣ бобати таҳияи лоиҳаи «Барномаи миёнамуҳлати тайёр кардани кадрҳои касбии зинаи ибтидоӣ ва миёна аз ҳисоби ҷавонон барои соҳаҳои иқтисоди миллӣ» дастур дода шуд.
Ҳамзамон раиси кумитаи иқтисод ва молияи Маҷлиси намояндагон Маҳмадалӣ Қурбонзода бо интихобкунандагони худ -колективи омӯзгорон ва донишҷӯёни Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон роҷеъ ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон суҳбат намуд.
Акс: МН МО ҶТ








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст






