Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ: «Дар пойтахт соли гузашта 14 муассисаи таҳсилоти умумӣ ва томактабӣ, 8 муассисаи тандурустӣ ва 74 корхонаю коргоҳи саноатӣ бунёд карда шудаанд»

Январь 25, 2023 16:23

ДУШАНБЕ, 25.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи нақшаи чорабиниҳо оид ба ҷашни 35 — солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пойтахти мамлакат –шаҳри Душанбе дар соли 2022 корҳои ободониву бунёдкорӣ бомаром идома ёфта, 708 иқдоми созандагӣ, аз ҷумла бунёди 14 муассисаи таҳсилоти умумӣ ва томактабӣ, 8 муассисаи тандурустӣ, 74 корхонаю коргоҳи саноатӣ, 16,3 километр роҳ, 11 бинои маъмурӣ, 23 иншооти баландошёна бо 28 маркази хизматрасонӣ, 8 иншооти варзиш, рангубори 146 бино ва як қатор корҳои дигар бо таъсиси беш аз 2 ҳазор ҷойи нави корӣ амалӣ карда шуданд.

Ин матлаб зимни ҳисоботи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 24 январ дар бинои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд, таъкид гардид.

Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ тазаккур доданд, ки соли 2022 нисбат ба соли қаблӣ дар пойтахт ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 110 фоиз, гардиши савдои хориҷӣ 2 баробар, гардиши савдо 109 фоиз, хизматрасонии пулакӣ 126 фоиз, маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ 103 фоиз, боркашонӣ 1,7 баробар ва мусофиркашонӣ 109 фоиз афзоиш ёфтааст.

Ёдовар мешавем, ки тибқи дастуру супоришҳо аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2023 дар шаҳри Душанбе марҳила ба марҳила 4 корхонаи истеҳсолу коркард ва то маҳсулоти ниҳоӣ расонидани металлҳои қиматбаҳо сохта ба истифода дода мешавад.

Инчунин Пешвои миллат ба Ҳукумати мамлакат супориш доданд, ки ба масъалаи истихроҷи коркарди металлҳои ранга аз конҳои муайяншуда, аз ҷумла, сурма, литий, волфрам, никел ва дигар металлҳо аҳамияти хосса дода, Барномаи азхудкунӣ ва дар дохили мамлакат то маҳсулоти ниҳоӣ коркард кардани онро таҳия ва амалӣ созанд.

Тавре АМИТ «Ховар» қаблан иттилоъ дода буд, то соли 2026 дар шаҳри Душанбе 100 корхонаи нави саноатӣ бунёд карда мешавад. Сохтмони ин корхонаҳо дар асоси Нақшаи чорабиниҳои «Солҳои рушди саноат барои солҳои 2022-2026», ки бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба тасвиб расидааст ва татбиқи амалии ҳадафи чоруми миллӣ-саноатикунонии босуръати мамлакат анҷом дода мешавад.

Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»

Январь 25, 2023 16:23

Хабарҳои дигари ин бахш

35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. 25 километр роҳи деҳаи Гулзори шаҳри Кӯлоб мумфарш карда мешавад
ТАЪТИЛИ БОФАРОҒАТ. Дар Душанбе 47 майдончаи тандурустиву солимгардонӣ ташкил гардидааст
ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ. Мусобиқаи футболи хурд байни кормандони вазорату идораҳо ҷамъбаст шуд
Дар Мурғоб коргоҳи маҳсулоти қаннодии «Нозанин» ва 5 гармхона ба фаъолият шуруъ намуданд
Иҷлосияи дуюми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Дар назди муассисаҳои таълимии ноҳияи Ванҷ синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуд
50 километр роҳи деҳоти Ҳисор ва Ориён то сарҳади Узбекистон таъмир мегардад
Дар Мурғоб калонтарин неругоҳи офтобӣ ба истифода дода шуд
Дар Шуғнон корхонаҳои саноатӣ ва иншооти соҳаҳои тандурустӣ ва маориф ба истифода дода шуданд
Дар Хоруғ кӯдакистонҳо, маркази обуҳавошиносӣ ва майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Мурғоб муассисаи таълимии томактабии «Лола» ба истифода дода шуд
Дар Бадахшон муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ ба истифода дода шуданд