Раиси Ҳукумати Русия Михаил Мишустин ба Тоҷикистон меояд
ДУШАНБЕ, 25.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. 24 январ мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо муовини Вазири корҳои хориҷии ФР Михаил Галузин баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Русия хабар доданд.
Зимни мулоқот мусоҳибон вазъ ва дурнамои муносибатҳои Тоҷикистон ва Русияро дар соҳаҳои мухталиф мавриди баррасӣ қарор дода, ҳамчунин доир ба ҳамкории ду кишвар дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ табодули афкор намуданд.
Ҳамзамон дар мулоқот масоили марбут ба сафари дарпешистодаи Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Михаил Мишустин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аввали моҳи марти соли равон дар назар аст, баррасӣ шуд.
АКС: Сафорати Тоҷикистон дар Русия








Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Ветнам баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатии Кувайт дар умури ҷавонон ва варзиш мулоқот кард
Дар Сеул Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Намояндаи Тоҷикистон дар брифинги Конвенсия оид ба ботлоқзор дар Женева иштирок намуд
Дар Ашқобод Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил гардид
Сафири Тоҷикистон бо шаҳрдори Риёз мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо сардабири рӯзномаи «Алҷарида»-и Давлати Кувайт вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон дар ҳамоиши 42-юми Намоишгоҳ ва Конфронси байналмилалӣ оид ба нафту гази Абу-Забӣ иштирок намуд
Идибек Қаландар дар Муколамаи Манома «IISS Manama Dialogue» иштирок намуд
Ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Лаос мулоқот намуданд
Интишори мусоҳибаи сафири Тоҷикистон дар Кувайт дар рӯзномаи кувайтии «Алҷарида»






