Соли 2022 ба буҷети Тоҷикистон аз ҳисоби андозҳо беш аз 15 миллиард сомонӣ ворид карда шудааст
ДУШАНБЕ, 26.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2022 ба буҷети ҷумҳурӣ аз ҳисоби андозҳо ва пардохтҳои дохилӣ 15 миллиарду 386,5 миллион сомонӣ ворид карда шуд. Дар ин бора 24 январ дар маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид, иттилоъ дода шуд.
Тазаккур дода шуд, ки дар натиҷаи рушди иқтисодиёт, ташкили ҷойҳои нави корӣ, беҳтар намудани маъмурикунонии андозу хизматрасонӣ ба андозсупорандагон, гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ доир ба муқаррароти нави қонунгузории андоз, вусъат бахшидани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ тавассути воситаҳои электронии пардохту густариши раванди рақамикунонӣ ва дигар тадбирҳои андешида дар соли 2022 аз ҳисоби андозҳо ва пардохтҳои дохилӣ ба буҷети давлатӣ 15 миллиарду 386,5 миллион сомонӣ ворид карда шуд. Ин нисбат ба нишондиҳандаҳои пешбинишуда 594,5 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Иҷрои нақшаи андозҳо ва пардохтҳо дар ҷумҳурӣ, аз ҷумла Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба андозаи 107,7 фоиз, вилояти Хатлон 102,8 фоиз, вилояти Суғд 105,4 фоиз, шаҳри Душанбе 100,4 фоиз ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, дар маҷмӯъ, 100,4 фоиз таъмин карда шуд.
АКС аз манбаъҳои боз








Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон бо лоиҳаҳои рақамикунонии ширкати «KEGOC»-и Қазоқистон шинос шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд






