Соли 2022 ба буҷети Тоҷикистон аз ҳисоби андозҳо беш аз 15 миллиард сомонӣ ворид карда шудааст

Январь 26, 2023 17:36

ДУШАНБЕ, 26.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2022 ба буҷети ҷумҳурӣ аз ҳисоби андозҳо ва пардохтҳои дохилӣ 15 миллиарду 386,5 миллион сомонӣ ворид карда шуд. Дар ин бора 24 январ дар маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки  таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид, иттилоъ дода шуд.

Тазаккур дода шуд, ки дар натиҷаи рушди иқтисодиёт, ташкили ҷойҳои нави корӣ, беҳтар намудани маъмурикунонии андозу хизматрасонӣ ба андозсупорандагон, гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ доир ба муқаррароти нави қонунгузории андоз, вусъат бахшидани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ тавассути воситаҳои электронии пардохту густариши раванди рақамикунонӣ ва дигар тадбирҳои андешида дар соли 2022 аз ҳисоби андозҳо ва пардохтҳои дохилӣ ба буҷети давлатӣ 15 миллиарду 386,5 миллион сомонӣ ворид карда шуд. Ин нисбат ба нишондиҳандаҳои пешбинишуда 594,5 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Иҷрои нақшаи андозҳо ва пардохтҳо дар ҷумҳурӣ, аз ҷумла Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба андозаи 107,7 фоиз, вилояти Хатлон 102,8 фоиз, вилояти Суғд 105,4 фоиз, шаҳри Душанбе 100,4 фоиз ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, дар маҷмӯъ, 100,4 фоиз таъмин карда шуд.

АКС аз манбаъҳои боз

Январь 26, 2023 17:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи гурӯҳи кории Шурои роҳбарони Палатаи савдо ва саноати Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир гардид
Тоҷикистон ва Миср ҳамкориро дар соҳаҳои дорусозӣ, нассоҷӣ ва мошинсозӣ густариш медиҳанд
Тавсеаи ҳамкории дуҷонибаи сармоягузорӣ ва тиҷоратӣ байни Тоҷикистон ва Миср баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Лондон бо намояндагони ниҳодҳои бонуфузи байналмилалии молиявӣ вохӯрӣ намуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи соҳаи кишоварзӣ дар Ҳисор, Турсунзода ва Шаҳринав шинос шуд
Ҷаласаи нахустини Комиссияи давлатӣ оид ба радиобасомадҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон доир шуд
Ҷаласаи Кумитаи муштараки роҳбарикунандаи Ҳукумати Тоҷикистон ва Созмони Милали Муттаҳид доир шуд
Нишасти Кумитаи пайгирии иҷрои Протоколи Комиссияи муштараки Тоҷикистону Эрон баргузор гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» Маркази логистикӣ таъсис дода мешавад
Ҷаласаи 8-уми Комиссияи муштараки Тоҷикистон ва Покистон оид ба ҳамкории тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва илмӣ-техникӣ доир мегардад
Дар Тотористон бо соҳибкорони Тоҷикистон вохӯрӣ доир гардид
Хатҳои интиқоли барқ дар Кӯҳистони Мастчоҳ бояд навсозӣ карда шаванд