Соли 2022 «Тоҷикаэронавигатсия» қариб ба 70 ҳазор ҳавопаймо хизмат расонид
ДУШАНБЕ, 23.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Кормандону мутахассисони Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикаэронавигатсия» соли гузашта барои 69 ҳазору 68 парвоз хизматрасонӣ намудаанд, ки нисбат ба нишондиҳандаи соли 2021 26 ҳазору 59 адад зиёд мебошад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба корхонаи мазкур.
Ҳамзамон болоравӣ дар самти парвозҳои транзитӣ дар маҷмӯъ ба 132,3 фоиз расид. Дар ин давра теъдоди парвозҳои транзитӣ 23 ҳазору 371 ададро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2021 беш аз 13 ҳазор адад зиёдтар аст.
Дараҷаи салоҳияти нишондиҳандаҳои пешгӯии маълумоти метеорологӣ, ки дар асоси низоми «TAF» корбарӣ мегардад, дар маҷмӯъ давоми соли сипаригардида беш аз 93,8 фоизро ташкил дод. Таҳлилҳо бозгӯи онанд, ки солҳои қаблӣ аз ҳисоби нуқсонҳои истеҳсолӣ дар кори таҳияи иттилооти метерологӣ мушкилиҳои зиёд пеш меомаданд. Баъди омӯзишу таҳлил аз ҷониби роҳбарияти корхона бо ҷалби мутахассисони Пажӯҳишгоҳи радарии «ИРАМ»-и Русия барномаи пешрафтаи муосири «МетеоЭксперт» бо тамоми таҷҳизоти зарурӣ дастрас ва насб гардид.
Инчунин ҷиҳати баланд бардоштани малакаи касбии авиатсионии кормандони КВД «Тоҷикаэронавигатсия» мутахассисон барои такмили ихтисос ба давлатҳои хориҷӣ сафарбар гардида, соҳиби шаҳодатнома шуданд.
АКС: Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикаэронавигатсия»








Масъалаҳои баргузории Форуми B5+1 дар Душанбе баррасӣ шуданд
Тоҷикистон ба Конвенсияи СММ оид ба мубориза бо биёбоншавӣ пешниҳод намуд, ки соли 2027 миссияи техникӣ ташкил карда шавад
Бо сабаби фаъолият накардани корхонаи «Хишти Тоҷикобод» сокинон ин масолеҳи сохтмониро аз Душанбе ва Ваҳдат бо роҳкирои гарон ворид менамоянд
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Ишкошим» ба маблағи беш аз 1 миллион сомонӣ кору хизматрасонӣ анҷом дода шуд
Дар доираи ҷаласаи 45-уми пленарии ГАО ҳамоиш баргузор гардид
Тоҷикистон барои мубориза бо тағйирёбии иқлим ва ҳифзи пиряхҳо иқдомҳои мушаххасро тақвият мебахшад
Душанбе мизбони конференсияи миллӣ ва Намоишгоҳи технологияҳои рақамӣ дар соҳаи кишоварзӣ мегардад
Тоҷикистон ва Озарбойҷон ҳамкориро дар соҳаи ҳифзи муҳити зист тақвият медиҳанд
Дар Душанбе ҷаласаи 45-уми пленарии ГАО оғоз шуд
Раванди татбиқи низоми электронии сертификатсияи фитосанитарӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Ҳамкории Палатаи ҳисоби Тоҷикистон ва Додгоҳи ҳисоби Туркия густариш меёбад
«ПАРДОХТИ ЯГОНАИ КОММУНАЛӢ». Низоми нав пардохтро барои сокинон осонтар, равшантар ва шаффофтар мегардонад






