Соли 2022 «Тоҷикаэронавигатсия» қариб ба 70 ҳазор ҳавопаймо хизмат расонид

Январь 23, 2023 18:00

ДУШАНБЕ, 23.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Кормандону мутахассисони Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикаэронавигатсия» соли гузашта барои  69 ҳазору 68 парвоз  хизматрасонӣ  намудаанд, ки нисбат ба нишондиҳандаи соли 2021  26 ҳазору 59 адад зиёд мебошад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба корхонаи мазкур.

Ҳамзамон болоравӣ дар самти парвозҳои транзитӣ дар маҷмӯъ ба 132,3 фоиз расид. Дар ин давра теъдоди парвозҳои транзитӣ 23  ҳазору 371 ададро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2021 беш аз 13 ҳазор адад  зиёдтар аст.

Дараҷаи салоҳияти нишондиҳандаҳои пешгӯии маълумоти метеорологӣ, ки дар асоси низоми «TAF» корбарӣ мегардад, дар маҷмӯъ давоми соли сипаригардида  беш аз 93,8 фоизро ташкил дод. Таҳлилҳо бозгӯи онанд, ки солҳои қаблӣ аз ҳисоби нуқсонҳои истеҳсолӣ дар кори таҳияи иттилооти метерологӣ мушкилиҳои зиёд пеш меомаданд. Баъди омӯзишу таҳлил аз ҷониби роҳбарияти корхона бо ҷалби мутахассисони Пажӯҳишгоҳи радарии «ИРАМ»-и Русия барномаи пешрафтаи муосири «МетеоЭксперт» бо тамоми таҷҳизоти зарурӣ  дастрас ва насб гардид.

Инчунин ҷиҳати баланд бардоштани малакаи касбии авиатсионии кормандони КВД «Тоҷикаэронавигатсия» мутахассисон барои   такмили ихтисос ба давлатҳои хориҷӣ сафарбар гардида, соҳиби шаҳодатнома шуданд.

АКС: Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикаэронавигатсия»

Январь 23, 2023 18:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Агентии рейтингии байналмилалии «Standard & Poor’s» ба дастовардҳои иқтисодии Тоҷикистон баҳои сазовор дод
Ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи нафту газ тақвият меёбад
Гузариш ба гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ қадами муассир дар самти беҳтарнамоии фаъолияти сохторҳои давлатӣ аст
Тоҷикистон ва Британияи Кабир дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои иттилоотӣ ҳамкорӣ менамоянд
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ҳамкориро дар бахшҳои мошинсозӣ, дорусозӣ ва истихроҷи маъдан густариш медиҳанд
Форуми соҳибкорони Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб баргузор мегардад
Дар Суғд оид ба муаррифии имконоти сармоягузории минтақа форуми тиҷоратӣ баргузор шуд
Истеҳсоли неруи барқ дар Бадахшон қариб 5 баробар афзоиш ёфтааст
Тоҷикистон ва WIPO ҳамкориро дар соҳаи рушди инноватсия тақвият медиҳанд
Хайринисо Идрисова: «Дастрасӣ ба маблағи гранти президентӣ имкон дод, ки фаъолияти ҳунармандиямро васеъ намоям»
Панҷакент — яке аз аввалин шаҳрҳои Тоҷикистон, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ аз шаҳри аграрӣ ба саноативу аграрӣ табдил ёфт
Дар Душанбе оғози Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба илмҳои яхшиносӣ (криосферӣ), солҳои 2025-2034 баррасӣ гардид