СУРАТ-ДАЛЕЛ. Инъикоси ҷашни Сада дар шаҳри Душанбе аз дурбини суратгири АМИТ «Ховар»

Январь 30, 2023 10:52

ДУШАНБЕ, 30.01.2023. /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан хабар додем, дирўз, 29 январ  дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе яке аз ҷашнҳои пуршукӯҳи ниёгон, нишоне аз фарҳанг ва такягоҳу пуштибони таърихи дури тоҷикон, ҷашни тавъам ба кайҳону солшуморӣ ва кишту кори  кишоварзӣ — Сада бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил карда шуд.

Дар даромадгоҳи ҷашнгоҳ гулхан, ки рамзи ин ид аст, афрӯхта шуда буд. Дар атрофи он сокинон ва меҳмонони пойтахт рақсида, таронахонӣ ва шодмонӣ мекарданд. Фазои боғ идона оро ёфта, дар ҳар гӯшаи он кишоварзон аз минтақаҳои гуногуни мамлакат маҳсули бо ранҷ парваридаи худро, ки хоси он минтақа мебошад, инчунин олоти кории кишоварзӣ, тухмии зироат, техникаҳои соҳавӣ, хӯрокҳои миллӣ, гулу буттаҳои ороишӣ ва дигар маҳсулотеро, ки ифодагари ҷашни Сада мебошанд, пешниҳоди ҳозирин гардониданд.

Суратгири АМИТ «Ховар» Тоҳирҷони САИД ҷараёни баргузории ин ҷашнро аккосӣ намуд, ки чанд намунаи онро манзури хонандагони сомона менамояд:

Январь 30, 2023 10:52

Хабарҳои дигари ин бахш

СУРАТГУЗОРИШ. Бунёдгузору бунёдсози «Роғун» — Кохи бузурги нури Тоҷикистон
ТАЪТИЛИ БОФАРОҒАТ! Дар истироҳатгоҳи «Гулхан» мактаббачагон ба бозиҳои шавқовари варзишӣ ҷалб шудаанд
СУРАТГУЗОРИШИ АМИТ «ХОВАР». Дар роҳи автомобилгарди қитъаи Ҳулбук-Темурмалик-Кангурт корҳои сохтмонӣ бомаром идома доранд
ТУ ШАҲРИ ГУЛБАДОМОНӢ, ДУШАНБЕ! Суратгузориши АМИТ «Ховар» аз гулгашти назди Сирки давлатӣ
НАМОИШИ АСАЛ. Суратгузориши АМИТ «Ховар» аз ҷараёни баргузории он дар ноҳияи Ховалинг
ЭЙ ДУШАНБЕ, ШАҲРИ БЕМОНАНДИ МАН! Суратгузориши АМИТ «Ховар» аз Боғи ба номи Мироненкои ноҳияи Синои пойтахт
НОЗИРОНИ НАВРАСИ ҲАРАКАТ ДАР РОҲ. Суратгузориши АМИТ «Ховар» аз ҷараёни оғози озмун
СУРАТ-ДАЛЕЛ. Иштирокдорони Форуми XVIII Созмони ҳамкории Шанхай аз НБО-и «Роғун» дидан намуданд
ЗОДАГОНИ ЗАМОНИ ИСТИҚЛОЛ! Суратгузориши АМИТ «Ховар» аз таҷлили Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе
Қадамҳои устувори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар фазои таҳсилоти ҷаҳонӣ. Суратгузориши АМИТ «Ховар»
Суратгузориши АМИТ «Ховар» аз маросими ифтитоҳи Ниммарафони байналмилалӣ бахшида ба Рӯзи пойтахт дар Душанбе
ФЕСТИВАЛИ ҲУНАРМАНДОНИ ТОҶИКИСТОН. АМИТ «Ховар» аз рафти баргузории он дар Душанбе суратгузориш омода намуд