ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 14 январ, шанбе, 14-умин рӯзи соли 2023 аст

Январь 14, 2023 08:00

14 январи соли 2010 дар мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон бо намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо оид ба кишварҳои Осиёи Марказӣ Пер Морел  масоили ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистон бо сохторҳои Иттиҳоди Аврупо баррасӣ шуд.

***

10 сол пеш,  14 январи соли 2013 Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти вақти Ҷумҳурии Қирғизистон Алмазбек Атамбаев ба муносибати 20-солагии истиқрори муносибатҳои дипломатии байни ду мамлакат барқияи табрикотӣ ирсол намуданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2017 дар шаҳри Парижи Фаронса маросими имзои Баёнияи муштарак оид ба барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Монако (Князигарӣ) баргузор гардид.

 14 ЯНВАР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Дар Узбекистон — Рӯзи ҳимоятгарони Ватан.

РӮЙДОДҲО:

14 январи соли  2004 дар шаҳри Душанбе маросими расмии ифтитоҳи Маркази иттилоотӣ-захиравӣ барои муҳоҷирони корӣ баргузор гардид.

***

6 сол пеш, 14 январи соли 2017 дар  Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ консерти Оркестри асбоби мусиқии миллии вилояти Гуандуни Чин баргузор гардид.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ … 

Соли 1972 аввалин маротиба дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Иттиҳодияи пӯст ва пойафзоли Душанбе таъсис дода шуд.

Январь 14, 2023 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа