ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 21 январ, шанбе, 21-умин рӯзи соли 2023 аст

Январь 21, 2023 08:00

21 январи соли 2011 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд.

***

6 сол пеш, 21 январи соли 2017 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба хабари ҳузнангези ба ҳалокат расидан ва ҷароҳат бардоштани шаҳрвандони Венгрия, аз ҷумла, кӯдакону наврасон бар асари садамаи воситаи нақлиётӣ дар Италия ба Президенти Венгрия Янош Адер барқияи таслият ирсол намуданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2018 Сарвари даврат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар Боғи Наврӯзгоҳи пойтахт дарахтони нодири сояафкану ороишӣ шинонида, ба маъракаи ниҳолшинонӣ ва вусъати корҳои ободонию сабзазоркунӣ ва сабзу хуррам гардонидани муҳити атроф ҳусни оғоз бахшиданд.

 21 ЯНВАР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Дар Лаҳистон – Рӯзи бибӣ (модаркалон).

***

Дар Беларус — Рӯзи қӯшунҳои муҳандисӣ.

РӮЙДОДҲО:

21 январи соли 2014 Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо ҷараёни корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар минтақаҳои наздисоҳилии  шаҳри Кӯлоб ва ноҳияи Восеи вилояти Хатлон шинос шуд.

***

21 январи соли 2016 ВАО хабар доданд, ки дастаҳои футболи Испания — «Реал»ва «Барселона», инчунин «Манчестер Юнайтед»-и Англия дар соли 2015 зиёда аз 500 миллион евро ба даст овардаанд.

***

12 сол пеш, 21 январи соли 2011 дар Остона, дар  Донишгоҳи миллии санъати Қазоқистон ҷаласаи дуюми Шӯрои ректорони консерваторияҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид.

 ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ …

Соли 2014 дар пойтахти Ҷумҳурии Мардумии Чин- шаҳри Пекин ҷаласаи якуми раёсати Шӯрои расмии Созмони ҳамкории Шанхай доир гардид. Дар ҷаласа роҳбарони қисмҳои миллии Шӯрои расмии кишварҳои иштирокчии СҲШ- Тоҷикистон, Россия, Чин, Қирғизистон, Қазоқистон ва Узбекистон ширкат варзиданд.

Январь 21, 2023 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 апрел, ҷумъа, 117-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 25 апрел, панҷшанбе, 116-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 24 апрел, чоршанбе, 115-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 22 апрел, душанбе, 113-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 21 апрел, якшанбе, 112-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 апрел, шанбе, 111- умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 19 апрел, ҷумъа, 110- умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 18 апрел, панҷшанбе, 109-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 17 апрел, чоршанбе, 108-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 16 апрел, сешанбе, 107-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 15 апрел, душанбе, 105-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 14 апрел, якшанбе, 105-умин рӯзи соли 2024 аст