ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 30 январ, душанбе, 30-юмин рӯзи соли 2023 аст

30 январи соли 2015 дар шаҳри Душанбе дар ҷаласаи навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи солимии репродуктивӣ ва ҳуқуқҳои репродуктивӣ» маъқул дониста шуда, ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид.
***
30 январи соли 2017 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносиботи биступанҷ солагии барқароршавии робитаҳои дипломатию байнидавлатии Тоҷикистон ва Туркия ба Президенти Ҷумҳурии Туркия Реҷеп Тайип Эрдоган барқияи табрикӣ ирсол намуданд.
***
Дар ин рӯзи соли 2017 маҷаллаи туристии «34travel» дар асоси тадқиқоти яке аз калонтарин ширкатҳои фаромиллии ШМА «MasterCard» рейтинги 5 шаҳрро, ки имконияти зиёди сайёҳӣ доранд, нашр намуд. Дар рейтинги мазкур мақоми аввалро пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон — шаҳри Душанбе касб намуд.
30 ЯНВАР:
Дар Озарбойҷон – Рӯзи кормандони хадамоти гумрук.
***
Дар Ҳиндустон – Рӯзи ёдбуди ҷанговарон дар роҳи истиқлол.
РӮЙДОДҲО:
30 январи соли 2017 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи Иди байналмилалии Наврӯз – 2017-ро тасдиқ намуданд.
***
30 январи соли 2017 теннисбози швейтсариягӣ Роҷер Федерер панҷумин маротиба дар Чемпионати кушоди Австралия ғолиб омад.
ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ …
Соли 2018 дар Тоҷикистон бори аввал ҷашни бостонии Сада дар сатҳи давлатӣ таҷлил карда шуд.
***
Соли 2012 дар шаҳри Душанбе аввалин маротиба ҷаласаи Кумитаи марказии Федератсияи футболи Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он қарори таъсис додани Лигаи миллии футбол қабул карда шуд.