ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 30 январ, душанбе, 30-юмин рӯзи соли 2023 аст

Январь 30, 2023 08:00

30 январи соли 2015 дар шаҳри Душанбе дар ҷаласаи навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи солимии репродуктивӣ ва ҳуқуқҳои репродуктивӣ» маъқул дониста шуда, ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид.

***

30 январи соли 2017  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба  муносиботи биступанҷ солагии барқароршавии  робитаҳои дипломатию  байнидавлатии Тоҷикистон ва Туркия ба Президенти Ҷумҳурии Туркия Реҷеп Тайип Эрдоган барқияи табрикӣ ирсол намуданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2017 маҷаллаи туристии «34travel» дар асоси тадқиқоти яке аз калонтарин ширкатҳои фаромиллии ШМА   «MasterCard» рейтинги 5 шаҳрро, ки имконияти зиёди сайёҳӣ доранд, нашр намуд. Дар рейтинги мазкур мақоми аввалро пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон — шаҳри Душанбе касб намуд.

30 ЯНВАР:

Дар Озарбойҷон – Рӯзи кормандони хадамоти гумрук.

***

Дар Ҳиндустон – Рӯзи ёдбуди ҷанговарон дар роҳи истиқлол.

РӮЙДОДҲО:

30 январи соли 2017  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи Иди байналмилалии Наврӯз – 2017-ро тасдиқ намуданд.

***

30 январи соли 2017 теннисбози швейтсариягӣ Роҷер Федерер панҷумин маротиба дар Чемпионати кушоди Австралия ғолиб омад.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ …

 Соли 2018 дар Тоҷикистон бори аввал ҷашни бостонии Сада дар сатҳи давлатӣ таҷлил карда  шуд.

***

Соли 2012  дар шаҳри Душанбе аввалин маротиба ҷаласаи Кумитаи марказии Федератсияи футболи Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он қарори таъсис додани Лигаи миллии футбол қабул карда шуд.

Январь 30, 2023 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш