Табибони тоҷик дар Ҷопон ва Эрон малакаи касбии хешро такмил медиҳанд
ДУШАНБЕ, 31.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Табибони тоҷик дар Ҷопон ва Эрон малакаи касбиашонро такмил медиҳанд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Мутахассис-муҳандисони КВД «Тоҷиктибтаҷҳизот» А. Бузуруков ва А. Эшонов ба шаҳри Токиои Ҷопон сафарбар гардида, дар даври омӯзишӣ роҷеъ ба «Идоракунӣ ва нигоҳдории таҷҳизоти тиббӣ», ки аз 20 январ то 23 феврал баргузор мешавад, иштирок менамоянд.
Инчунин бо мақсади гузаштани такмили ихтисос ва баланд бардоштани савияи дониш мутахассисони Муассисаи давлатии “Пажӯҳишгоҳи илмии клиникии стоматологӣ ва ҷарроҳии ҷоғу рӯй», инчунин як гурӯҳ ҷарроҳони муассисаҳои тиббии ҷумҳурӣ аз 12 январ то 20 апрели соли 2023 ба шаҳри Машҳади Ҷумҳурии Исломии Эрон сафарбар гардиданд.
Мавриди тазаккур аст, ки дар доираи ҳамкории мутақобилан судманди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо давлатҳои ҷаҳон табибони тоҷик донишу малакаи касбии хешро дар хориҷа такмил медиҳанд.
АКС: Маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон








ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳамоиш доир шуд






