ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ОЗУҚАВОРӢ. Дар Рӯшон ба маблағи 2 миллион сомонӣ гармхонаҳо бунёд мегарданд
ДУШАНБЕ, 11.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар майдони зиёда аз 1,5 гектар замини кишт гармхонаҳо бо маблағи 2 миллион сомонӣ бунёд мегарданд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯшон хабар медиҳад.
Гармхонаҳоро соҳибкори маҳаллӣ Ҳамдам Давлатмамадов бунёд намуда, баъд аз анҷоми корҳо дар он боз чанд нафар аз сокинони ноҳия соҳиби ҷойҳои нави корӣ мегарданд.
Зимни боздид аз марҳилаи бунёди гармхонаҳо муовини Раиси ВМКБ Умедҷон Носирзода ва Раиси ноҳия Фаррух Додхудо барои меҳнату заҳматҳои шабонарўзии соҳибкор ва бунёдкорон баҳои баланд доданд.
Дар робита ба ин Раиси ВМКБ Алишер Мирозонабот низ зимни машварати васеи назди Раиси вилоят ба ин масъала таваҷҷуҳ зоҳир намуда, зикр кард, ки дар натиҷаи андешидани тадбирҳои зарурӣ, ҷиҳати таъмини бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти кишоварзӣ ба масъалаи бунёди гармхонаҳои нав диққати зарурӣ равона гардида, заминҳои бекорхобида, ки солиёни дароз аз гардиши кишоварзӣ берун монда буданд, дубора мавриди кишт қарор дода шуданд.


Инчунин тазаккур дода шуд, ки бо ташкили ҳавзҳои моҳидорӣ дар ноҳияҳои Рӯшону Шуғнон ва Роштқалъа ва дастрас намудани моҳӣ аз вилояти Суғд барои рушди минбаъдаи ин соҳа такони ҷиддӣ хоҳад бахшид.
Зимнан бояд гуфт, ки амалигардонии як қатор лоиҳаҳои муҳими сармоягузорӣ дар соҳаҳои роҳсозӣ, энергетика оғоз гардида, дар ин росто раванди бунёдкорӣ, аз ҷумла сохтмони иншооти таъйиноти гуногуни аҳамияти иқтисодию иҷтимоӣ дошта дар шаҳр ва ноҳияҳои вилоят вусъати тоза пайдо кард.
Ҳамзамон Раиси вилоят аз хусуси омодагии муассисаҳои соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ ба зимистон, таҳкими заминаҳои моддию техникии муассисаҳои тандурустӣ, бунёди бунгоҳ ва марказҳои саломатӣ, муассисаҳои таҳсилоти ҳамагонӣ ва томактабӣ, истиқболи арзанда аз ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тавсеаи ҳамкории оила, мактаб ва ҷомеа, бунёди корхонаҳои саноатӣ ва паркҳои технологӣ дар доираи солҳои 2022 – 2026 эълон гардидани «Солҳои рушди саноат» ва дигар самтҳо дар назди раисони шаҳру ноҳияҳо ва масъулини дахлдор вазифаҳои мушаххас гузоштанд.
София ШОИК,
АМИТ «Ховар»
АКС: МИҲД ВМКБ / Рӯшон








Пагоҳ дар Душанбе Форуми соҳибкории «Тоҷикистон, ба пеш!» оғоз меёбад
Роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон дар ҷаласаҳои солонаи ХБА ва Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ иштирок менамояд
Дурнамои тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Австрия баррасӣ гардид
Сардори Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон дар ҷаласаи Шурои машваратӣ оид ба ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон иштирок намуд
Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» иқтидори сайёҳӣ ва фарҳангии Тоҷикистонро муаррифӣ менамояд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳринав 6 иншооти таъйиноти гуногунро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳринав аз Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ боздид намуданд
Ширкати ҳавопаймоии «Shohin Airlines» ва «Turkish Airlines» Ёддошти тафоҳум ба имзо расониданд
Маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон бо сифати аъло дар бозорҳои хориҷӣ мавқеи муносиб пайдо кардааст
Дар Душанбе Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» оғоз гардид
Дар Душанбе истифодаи таҷрибаи пешқадами байналмилалӣ дар соҳаи кишоварзӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе ҷаласаи 10-уми Гурӯҳи кории махсуси СҲШ оид ба мусоидат ба сармоягузорӣ доир гардид






