Ташаббусҳои Президенти Тоҷикистон оид ба обу иқлим ба намояндагони беш аз 120 давлат муаррифӣ карда шуданд

Январь 13, 2023 15:57

ДУШАНБЕ, 13.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ташаббусҳои ҷаҳонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба обу иқлим дар нишасти онлайнии «Овози Ҷануби Ҷаҳонӣ»*, ки бо иштироки намояндагони беш аз 120 давлат баргузор гардид, муаррифӣ карда шуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳифзи муҳити зист.

12 январ аз ҷониби Тоҷикистон Раиси Кумитаи мазкур Баҳодур Шерализода дар ҷаласаи нишасти вазирони ҳифзи муҳити зист таҳти унвони «Ба мувозинат овардани рушд бо муҳити зист-тарзи ҳаёти бехатар» ба таври маҷозӣ иштирок намуд.

«Дар давоми панҷ соли охир мо шоҳиди гармшавии бесобиқаи глобалӣ гардидем, ки боиси хушксолӣ ва дигар офатҳои табиӣ дар миқёси ҷаҳон шуд ва ба таъмини амнияти озуқаворию дигар соҳаҳои иқтисодиёти кишварҳои мо таъсири манфӣ расонид, — иброз дошт ӯ. — Аз ҷумла, обшавии барфу пиряхҳо ва яхбандии абадӣ таъсири доимӣ дошта, гармшавии глобалиро метавонад суръат бахшад».

Дар идома номбурда тазаккур дод, ки Тоҷикистон ҳамасола дар натиҷаи офатҳои табиӣ, ки барои давлатҳо дар роҳи расидан ба Ҳадафҳои Рушди Устувор мушкилот эҷод менамоянд ва боиси талафоти ҷонию хисороти зиёд ба инфрасохтори ҳаётан муҳим мегарданд, садҳо миллион доллари ИМА зарар мебинад.

Бино ба гуфтаи Баҳодур Шерализода, масъалаи дигари ин раванд обшавии босуръати пиряхҳо мебошад. Зеро тайи чанд даҳсолаи охир дар Тоҷикистон беш аз ҳазор пирях комилан аз байн рафт. Дар ин замина Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи давлатии омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳоро то соли 2030» таҳия ва қабул намуд. Дар ин доира аз ҷониби Кумита ҷиҳати назорати динамикаи обшавии пиряхҳо ва ҷамъоварии маълумоти илмӣ дар назди Агентии обуҳавошиносӣ Маркази пиряхшиносӣ таъсис дода шуд.


Ӯ ба иштирокчиён ёдовар шуд, ки пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» эълон кардани соли 2025 аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дастгирӣ ёфт ва 14 декабри соли 2022 Қатънома ба тасвиб расида, 21 март ҳамасола дар сатҳи ҷаҳон ҳамчун «Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо» ҷашн гирифта мешавад.

«Робита байни тағйирёбии иқлим, об, энергетика ва амнияти озуқаворӣ яке аз воситаҳои асосии ҳалли ин мушкилоти мураккаб мебошад. Ин нуқта барои Тоҷикистон махсусан муҳим аст, зеро қариб 80 фисади маҳсулоти кишоварзӣ дар заминҳои обӣ истеҳсол карда шуда, зиёда аз 98 фисади қувваи барқ дар мамлакат аз ҳисоби неругоҳҳои барқии обӣ ҳосил мегардад, — гуфт Раиси Кумита. — Тоҷикистон аз рӯи тавлиди неруи барқи обӣ дар ҷаҳон ҷойи 6-умро ишғол мекунад ва метавонад ҳамчун манбаи «энергияи сабз» барои тамоми минтақа хизмат намояд ва баҳри ноил шудан ба Ҳадафҳои Рушди Устувор саҳми арзанда гузорад».

Ёдовар мешавем, ки нишасти «Овози Ҷануби Ҷаҳонӣ» бо мизбонии Сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон Нарендра Модӣ 12-13 январ доир гашта, дар доираи он 10 иҷлосия, сессияҳои ибтидоӣ, ҷамъбастӣ ва 8 нишасти вазирони муҳити зисти давлатҳои ҷаҳон баргузор шуд.

________________

* Кишварҳои Африқо, Амрикои Лотинӣ ва ҳавзаи Кариб, ҷазираҳои Уқёнуси Ором, инчунин кишварҳои рӯ ба тараққии Осиёро шартан Ҷануби Ҷаҳонӣ меноманд.

АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҶТ

Январь 13, 2023 15:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар ҷаласаи 32-юми Шурои IRENA иштирок намуд
Дар Женева чорабинии сатҳи баланд дар мавзуи «Сулҳи устувор дар Осиёи Марказӣ: сабақҳо аз Эъломияи дӯстии абадии Хуҷанд» доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Амрико бо тоҷикони Канада мулоқот намуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо Сафири Арабистони Саудӣ мулоқот намуд
Ба бузургдошти Робиаи Балхӣ ва Ҳофизи Шерозӣ дар Вена ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе дурнамои муносибатҳои Тоҷикистон ва Италия баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо роҳбари ширкати аморотии Tahaluf AI мулоқот намуд
Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи 6-уми Форуми раисони шаҳрҳои Комиссияи иқтисодии СММ барои Аврупо иштирок намуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо ширкати LANXESS Олмон баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо раиси иҷроии Муассисаи ташаббуси сармоягузории оянда мулоқот намуд
Дурнамои муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Умон баррасӣ гардид
Тоҷикистон ва Австрия машваратҳои сиёсӣ баргузор намуданд