ТАЪТИЛИ ЗИМИСТОНА. Хонандагон ба маҳфилҳои адабӣ ва машғулияти варзишӣ ҷалб карда мешаванд

Январь 3, 2023 09:40

ДУШАНБЕ, 03.01.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти умумии  мамлакат таътили даҳрӯзаи зимистона ҷараён дорад. Тибқи нақшаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, хонандагони тамоми муассисаҳо ба маҳфилҳои адабӣ ва фарҳангӣ, инчунин мутолиаи китобҳои бадеӣ машғул мешаванд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».

Аз ҷумла, дар МТМУ рақами 41- и ноҳияи Восеъ низ маҳфилҳои гуногуни маърифатӣ ташкил гардидаанд, ки дар онҳо хонандагон ба китобхонӣ ҷалб карда мешаванд.

Директори мактаб Иноят Давлатов гуфт, ки дар ин давра барои хонандагони хурдсол маҳфилҳои «Қоидаҳои муносибат бо китоб»,  «Ҷалби кӯдакон ба китобу китобхона», «Сохти китоб», «Рӯзнома ва маҷаллаҳо барои кӯдакон», «Ифоданок ва таъсирбахш қироат намудани ашъор», барои хонандагони синфҳои 4-5 «Навиштани иншо аз рӯи асари мутолиашуда» ва бозиҳои варзишӣ гузаронида мешаванд.

Хонандаи синфи 4-и муассисаи мазкур  Алишери Ҷумъахонзода новобаста ба синни хурдсолӣ ба ин маҳфилҳо ҷалб гардида, хушҳол аз он аст, ки тавассути ин гуна дарсҳои омӯзишӣ донишу ҷаҳонбинии худро васеъ менамояд.

«Завқи китобхониро дар дили ман омӯзгорон ва падару модарам бедор намудаанд. Дар вақти мутолиа агар ҷоеро нафаҳмам, волидайнам ба ман кумак мекунанд. Аз ҳамсолонам даъват менамоям, ки биёед,  китоб хонем, то дар оянда роҳи дурусти зиндагиамонро интихоб карда тавонем»,-мегӯяд ӯ.

Тавре қаблан иттилоъ додем, Вазорати маориф ва илми кишвар  аз ҳамаи падару модарон даъват ба амал овардааст, ки дар таътили зимистона  назорати ҷиддӣ бурда, нагузоранд, ки фарзандонашон бештари вақти худро бо истифодаи телефони мобилӣ ва корҳои беҳуда гузаронанд. Ҳамчунин волидайн бояд монеи оворагардӣ  ва сарфи беҳудаи вақти онҳо дар кӯчаю марказҳои интернетӣ гарданд.

 Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар

Январь 3, 2023 09:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон доир ба пажуҳиши илмӣ ва усулҳои ба роҳ мондани он ҳамоиш доир шуд
Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон бо Ҷамъияти ҳуқуқшиносони Шанхай ҳамкориро тақвият медиҳад
Сабзалӣ Ҷаъфарзода: «Таъсиси Маркази миллии тестӣ аз ҷумлаи ислоҳоти муҳимми соҳаи маориф дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон аст»
Маркази миллии тестӣ натиҷаҳои озмуни тақсимоти такрории давраи сеюми имтиҳонҳои дохилшавиро эълон намуд
Дар ноҳияи Шаҳристон ба беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия таваҷҷуҳи хосса дода мешавад
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва Муассисаи фарҳангии АКК Созишнома оид ба омӯзиши забони ҷопонӣ ба имзо расид
Дар шаҳри Ҳисор бинои мактаб, варзишгоҳ ва коргоҳи дӯзандагӣ ба истифода дода шуд
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар шаҳри Кӯлоб 53 бинои муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 баргузор мегардад
Дар Душанбе доир ба ташаккули маърифати зиддикоррупсионӣ ҳамоиш баргузор гардид
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон соҳиби аккредитатсияи байналмилалии институтсионалӣ гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра дар Бадахшон 300 муассисаи таҳсилоти умумӣ ба истифода дода шуд