ТАВОНО БУВАД, ҲАР КӢ ДОНО БУВАД (андешаҳо перомуни Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон)

Январь 21, 2023 13:04

ДУШАНБЕ, 21.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷати таърихӣ ва ҳидояткунанда барои рушди миллат дар самтҳои ҳаётан муҳимми мамлакат мебошад. Дар он камолоти инсонӣ, ташаккули ҷаҳонбинии бар пояҳои таърихи миллат ва давлатдории миллӣ бунёдгардида, худшиносӣ ва меҳандӯстӣ, бозпаснигарӣ ва ояндабинӣ бо содабаёнӣ ва ифодаҳои рӯшану фасеҳ ифода гардидаанд. Чунин нигоштааст профессор Саймумин Ятимов дар мақолаи худ бахшида ба Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар маҷаллаи «Илм ва ҷомеа» таҳти унвони «Тавоно бувад, ҳар кӣ доно бувад» чоп шудааст.

АМИТ «Ховар» шакли пурраи мақоларо дар зер бознашр менамояд:

Муқаддима

Дар таърихи навтарини миллати тоҷик Паёми Роҳбари давлат – маҷмуи таҳлил, арзёбӣ, як навъ ҳисобот, инчунин, натиҷагирӣ аз фаъолияти ҳукумат ва дар ин асос, ироаи тасмимҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва нақшаҳои ҳаётан муҳимми мақомоти олии мамлакат мебошад.

Нуқтаи архимедӣ – такягоҳии ҳуҷҷат баҳогузории кори ҳукумат дар соҳаи иқтисод аст.

Вобаста ба ин, дар Паём, дар робита бо равандҳои бузурги ҷаҳонишавӣ таъкид мегардад: «Ба шарофати заҳмати содиқонаи мардуми кишвар раванди созандагиву ободкорӣ бомаром идома ёфта, нақшаву барномаҳои пешбинигардида ҷиҳати таъмин намудани рушди устувори иқтисоди миллӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии сокинони мамлакат ҳадафмандона амалӣ карда шуданд» (Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ». – Душанбе. Дониш, 2023. – С. 23).

Чунин хулоса бо далелҳои эътимодбахш тасдиқ карда мешавад: «Сарфи назар аз таҳаввулоти дар иқтисоди ҷаҳон идомадошта ва таъсири манфии омилҳои берунӣ ба иқтисоди миллии мо, дар натиҷаи татбиқи самараноки ислоҳоти иқтисодӣ, амалӣ намудани стратегияву барномаҳо ва тадбирҳои зиддибуҳронӣ дар панҷ соли охир рушди иқтисодиёти Тоҷикистон ҳамасола ба ҳисоби миёна дар сатҳи 7,3 фоиз таъмин гардида, маҷмуи маҳсулоти дохилӣ аз 71 миллиард ба 115 миллиард сомонӣ расид ва ба ҳар сари аҳолӣ 1,5 баробар афзоиш ёфт» (Ҳамон ҷо.–С.4).

Аз муҳимтарин масъалаҳои дигаре, ки дар Паём мавриди баррасӣ қарор дода шуд, вазъи соҳаи маориф ва рушди маърифатнокӣ  дар солҳои наздик ва дарозмуддат мебошад. Мавзӯи баҳси мо ҳамин ҷанбаҳоро дар бар мегирад.

Эҳёи манзалати хирад 

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳанӯз аз рӯзҳои аввали интихоб шудан ба мақоми Сарвари давлат, ба масъалаи рушди илм, мактаб ва маориф таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуд.

Давраи роҳбарии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ба бахти миллати тоҷик, зиёда аз чоряк асрро дар бар мегирад, замони гул – гулшукуфии асосҳои бунёдии давлати миллии тоҷикон, аз ҷумла, соҳаи мактабу маориф мебошад.

Агар ба қавли таърихнависон, асри Х замони салтанати Сомониён, давраи тиллоии тараққиёти илм, адабиёту фарҳанг ёдоварӣ шавад, замони  роҳбарии Пешвои миллатдар шароит ва имконоти навин, бидуни шак, муассиртар, самараноктар ва бузургтар аз он аст. Чунин амал, бо мантиқи сухани Отто фон Бисмарк, ки ҳангоми муколамааш ба халқ гуфта буд: «Мо нисбати падарони худ беҳтар кӯшиш ва натиҷабардорӣ хоҳем кард!», ҳамоҳангӣ мекунад.

Ин дастовардҳо дар Паём возеҳ тафсир гаштаанд.

Муҳимтарин таъйиноти давлат ва давлатдорӣ таъмини амният (1) ва сиёсати иҷтимоӣ (2) мебошад. Сабаб ва натиҷаи ин ду ҷузъиёти бо ҳам дар алоқамандӣ, пайвастагӣ, вобастагӣ ва муайянкунандагӣ буда, дар Паём инъикос меёбад: «дар панҷ соли охир танҳо барои рушди соҳаҳои маориф ва тандурустӣ 36 миллиард сомонӣ равона гардида, ҳиссаи маблағгузории соҳаҳои иҷтимоӣ дар ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети давлатӣ 44 фоизро ташкил кард» (Ҳамон ҷо. –С.5).

Беҳтарин инъикоси далелнокии хулосаҳои мантиқӣ рақамҳо ҳисобида мешаванд. Исбот кардан, асоснок намудан тавассути аёният, нишон додани натиҷаҳои фаъолият бозгӯкунандаи ҳақиқат мебошанд. Дар Паём ин усул эътимодбахш баён мегардад: «Дар давраи зикршуда аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 842 бинои муассисаи таълимӣ барои 382 ҳазор хонанда, аз ҷумла дар соли 2022-юм 190 бинои таълимӣ барои 87 ҳазор хонанда сохта, ба истифода дода шудааст» (Ҳамон ҷо.–С.5).

Аз дигар лиҳоз, далелнокии мантиқӣ он аст, ки худи ҳақиқати воқеӣ хосияти дарки мустақилро касб мекунад. Тасдиқи он ба сарфи вақт ва кӯшиши маҳз ниёз надорад. Ба забони одӣ, инфрасохтори соҳаи маориф зина ба зина, бо ташаббуси Роҳбари давлат сохта ва дар истифодаи муаллимон, наврасон, ҷавонон, падару модарон қарор дода шудааст. Яъне ин натиҷаҳо ба ҳамагон маълуманд.

Чунин дастовардҳо дар роҳи рост, худ ба худ ба даст намеоянд.

Худи таърих ҳам дар асл падидае нест, ки аз он амал рӯяд.«Таърих ҳеҷ коре намекунад. Вай ягон хел бойигарии беохир надорад». Он “дар ягон ҷабҳа мубориза намебарад!”. На «таърих», маҳз инсон, инсони воқеӣ, зинда – ана ҳамин аст, ки ҳамаи ин корҳоро анҷом медиҳад. Ҳамаи чизро дорад. «Таърих» ягон  шахси алоҳида  нест, ки инсон аз он ҳамчун восита барои амалӣ кардани мақсадҳои худ истифода намояд. Таърих ғайр аз фаъолияте, ки одам дар он мақсади худро амалӣ мекунад, чизи дигаре нест». (Иқтибос аз асари В.А.Малинин «Философия революционного народничества». – М.: Наука,1972.–С.211). Таърихсоз Инсон аст, ки ба вақту муҳит муҳтаво мебахшад. Шахсияти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон номи миллати тоҷик, давлати миллии тоҷиконро машҳури олам сохт. Сиёсати маорифпарварии Пешвои миллат қисмати муҳимми ин маъруфият маҳсуб мегардад.

Ҳамзамон, мантиқ ва усули сиёсати Роҳбари давлат, аз ҷумла, дар самти маърифати умумимиллӣ, ба андешаи мо, бар чор унсур асос ёфтааст –ваҳдати миллӣ (1); ҷаҳду кӯшиши хастагинопазир барои рушду тараққии миллӣ (2); ояндабинӣ (3) ва навовариву навгонӣ (4). 

Ҳамагон шоҳиди онанд, ки муносибати Пешвои миллат ба соҳаи илму маориф хосияти энсиклопедӣ дорад. Бурду бохт ва тақдири имрӯзу фардои давлатро, пеш аз ҳама, дар сатҳ, сифат ва самараи фаъолияти соҳаи маориф медонад.

Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, шояд аз нодиртарин раҳбарони сиёсии олам аст, ки бо мардуми одӣ ба тарзи мустақим, рӯ ба рӯ суҳбат ва ҷаласаҳо меорояд. Бо тамоми қишрҳои аҳолӣ — оғоз  аз мактабҳои ибтидоӣ, миёна, олӣ, деҳқонон, коргарон, олимон, кормандони соҳаҳои эҷодӣ, аъзои ҳукумат бо сарфи қимматарин арзиш — вақт, батафсил, тахассусмандона, бурдборона, бо дарки хусусияти шахсӣ, дараҷаи дониш ва касбияти ҳар кас муошират мекунад. Ба муҳтавои нутқи ҳар кадом таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд. Бо ин восита мехоҳад, тасаввурот ва маълумоти худро оид ба ҳолу аҳвол, сатҳи маърифатнокии онон бозсанҷӣ, хулосабарорӣ ва чораҷӯӣ кунад. Ин усул ва тарзи давлатдорӣ намунаи олии ҳидояткунандаи раҳбарист.

Он нуктаро таъкид  бояд кард, ки яке  аз мавзӯъҳои марказии муҳокимаронии Сарвари давлат, таъкид кардани нақши илм, дониш, мактаб, маориф, касбият ва тахассусмандӣ дар ҳаёти имрӯза ва ояндаи миллат мебошад. 

Ҷаҳонбинӣ, тақдир ва таърих 

Бузургтарин фоҷеаҳое, ки дар тӯли асрҳо ба сари миллати тоҷик омадаанд, аз зарфияти камтарини дарки оммаи мардум дар қиболи воқеияти ҳастӣ сарчашма мегиранд. Одамон тақдири имрӯза ва фардои худро на ба қудрат, тавоноӣ, воқеият, имконоти инсонӣ, ҳолат ва вазъияти ақлонии мавҷудоти соҳибтафаккур, балки ба он тахминҳо ва ҷаҳонбиниҳое ҳавола мекунанд, ки аз доираи мавҷудоти моддӣ берунанд.

Саволе ба миён меояд, ки барои чӣ, ҳадди ақал, дар Осиёи Миёна ва умуман Осиёи Бузурги Марказӣ, миллати тоҷик нисбат ба дигар халқияту миллатҳо майли зиёдтар ба таваккалу тақдирсолорӣ дорад? Ҳатто намояндагони аз лиҳози таҷрибаи зиндагӣ варзида ва соҳибмаълумоти он тамоюл ба фарҳангу ҷаҳонбиние доранд, ки аз рӯи моҳият, таъйиноти сиёсӣ ва идеологӣ наметавонанд, ба ормонҳои давлатдории миллӣ созгор бошанд. Дар ин ҷода бо ҳазорҳо ҷавонони гумроҳ, ки барои ҳимояи манфиатҳои геополитикии абарқудратҳо дар хориҷи мамлакат ҷон медиҳанд, ҳамақидатии бунёдӣ ба намоиш мегузоранд. Агар он гурӯҳ (ҷавонон) хонахез ба «ҷиҳод» раванд, ин гурӯҳ (зиёиёни миллӣ –«мағзи миллат») дар ҷабҳаи саҷда пешсафанд.

Дар мушкилоти миллии фарҳангӣ ва ҷаҳонбинии сиёсӣ афтодани миллати тоҷик фақат ҷойи таассуф аст. Аммо онро мебояд аз лиҳози илмӣ–таърихӣ дарк ва тавассути маърифатикунонӣ чораандешӣ кард.

Натиҷабардорӣ ва хулоса он аст, ки руҳ ва маънавиёти ғайримиллӣ натиҷаи ҳолати ғуломӣ, адами пуштибони аслӣ – ҳокимияти сиёсии миллати тоҷик дар тӯли ҳазор сол аст.

Худи муносибати ҷаҳонбинии илмӣ (муайянкунандагӣ, воқеӣ, назарияи дар таҷрибаи зиндагӣ тасдиқгардида, заминӣ)  ва масъалаи ташаккули вазъи руҳӣ (сиёсӣ, идеологӣ, ахлоқӣ, маънавӣ, ҳуқуқӣ) фақат дар давраи ҷамъияти ибтидоӣ ба тарзи механикӣ, дар ҳолати бетавофутӣ, ғайримақсаднок арзи вуҷуд мекард. Вассалом.

Падидаи давлат, хосияти синфӣ, ҳизбӣ, динӣ, гурӯҳӣ, ба таври истисноӣ, фардӣ дорад. Аммо дар ҳар ҳолат аз паси ин зуҳуроти иҷтимоӣ миллате меистад. Бо ҳамин имконот миллатҳое, ки аз пуштибонии ҳокимияти сиёсӣ бархӯрдоранд, ба хотири субот ва давомнокии ҳамин ҳокимият ақида, ҷаҳонбинӣ ва идеяҳоеро истеҳсол ва дар ақлҳои табааи (раият, фуқаро, банда, мутеъ, фармонбардор, зердаст, хидматгор. Русско-таджикский словарь. –М.: Русский язык, 1985. –С.753) худ мекоранд ва парвариш медиҳанд, ки манфиати миллати ҳокимро ҳимоя мекунад. На ангезаи бештар аз онро.

Таҳкими ҷаҳонбинӣ ва ақидаи ғуломӣ умри низоми ғуломдориро дароз мекунад.  Мутаассифона, мо дар ҳаёти рӯзмарра ин ҳолати  асрҳо тамдидёфтаи фоҷеазоро мебинем.  Аммо «вақте расад, ғулом дарк кунад, ки ӯ воқеан ғулом аст, ӯ дигар ғулом нест» (А. Шопенгауэр). Моҳияти пайравӣ ва саҷдагорӣ ба фарҳанги бегонаро ҳикмат ҳамин аст. Аммо озод шудан аз ғуломии ақидатӣ ва ҷаҳонбинӣ, аз лиҳози илмӣ дарк кардани сабабҳои худи бандагӣ аст. Ин вазифаи таърихии ҳокимият, омӯзгор ва омӯзанда мебошад.

Муҳтавои ҷаҳонбинӣ ва равандҳоеро, ки дар ҷомеаи имрӯзаи мо тоҷикон, онро дар сатҳҳои гуногун, ба тарзи одӣ «пайравӣ ба фарҳанги бегона» меноманд, падидаи маъмулӣ — ғуломии руҳӣ ва ақидатӣ аст. Чизи дигаре нест.

Маҳз ҳамин ҳолат, ҳамин ҷаҳонбинӣ муҳтавои гуфтор ва рафторҳои ғуломонаро тавлид, ташвиқ, тарғиб, «асоснок» ва барои мутеъшавӣ ба онҳо истодагариву якравӣ мекунад. Аз ин ҷост, ки:

Кова, ки донад задан бар сари Заҳҳок путк,
Кай шавадаш пойбанд кӯраву сандону дам.

(Хоқонӣ) 

Мутаассифона, ин ҳолат, батадриҷ, ҷомеаро ба мушкилоти ислоҳнопазир мебарад. Ва кор агар ин асту вазъ ину фикру пеша ин, шояд қавм як замон аз паҳлуи таҳлили таҷрибаи таърихи фоҷеабораш гузарад. Ба атроф нигарад. Вориди андеша гардад, то теша аз решаи хеш баргирад.

Нуқтаи ниҳоии буҳрони ақидатии аввали солҳои навадум пуштибонӣ аз назарияи босмачигарӣ ва хомӯшии ризоятмандонаи «мағзи миллат»–зиёиён буд. Ҳамагӣ бо гузашти чанд моҳ, ҷомеаи тоҷик аз назария ба амалияи он – ҷиҳодгароӣ  рӯ ба рӯ гашт.

Акси садои ҷаҳонбинии зиддимиллӣ дар шаклҳои гуногун имрӯз ҳамчун шабаҳ баръало ба чашм мехӯрад. Ва ба гӯшҳо мерасад.

Яъне масъалаи ба алангаи ҷанги шаҳрвандӣ фарогирии ҷавонони солҳои шастуму ҳафтодуми асри гузашта, зери  таъсири ақидаҳои муллоҳои ифротӣ мондани онҳо, ҳамчун камбуди бузурги давлат ва давлатдории он замон бояд ба инобат гирифта шавад.

Мусаллам аст, ки агар ҳар як нафар аз эҷодиёти адибону олимони классик ва муосири тоҷик дар доираи муҳтавои барномаи таълимии давр баҳравар мегашт, ҷараёни тарбия вазифаи асосии худ – муътақидкунониро иҷро карда метавонист, назарияҳои зиддимиллӣ аз захираҳои эҳтимолии қувваҳои ҳаракатдиҳандаи худ маҳрум мегашт.

Давлати миллӣ ва мактаби миллӣ

Таваҷҷуҳи фавқулодаи Пешвои миллат нисбат ба фаъолият, сифат, самараи мактаб ва маориф ҷанбаи бунёдӣ – таърихӣ дорад.

Бузургтарин олимони ҳама давру замон асос гузоштан ва ҳифз кардани сохти давлатдориро берун аз масъулияти мактаб шиори хушку холӣ ва амали бебунёд  ҳисобидаанд.

Ҳанӯз дувуним ҳазор сол қабл, яке аз саромадони фалсафаи объективии олам Аристотел таъкид кардааст: «Қонунгузор мебояд ба тарбияи ҷавонон аҳамияти фавқулода диҳад. Маҳз дар давлатҳое, ки чунин муносибат нест, худи сохти давлатдорӣ зарар мебинад» (Аристотель. Политика.–М.: РИПОЛ классик,2010. –С.535).

Файласуфи Юнони Қадим, бидуни дудилагӣ, гаштаву баргашта, хотиррасон мекунад, ки барномаи таълимӣ, китоби дарсӣ, муҳтавои тарбия, умуман, сиёсати ҳукумат дар соҳаи таълиму тарбия бояд таҳти назорати қатъӣ ва корбарии  давлат бошанд.

Ӯ бо дилсӯзии маҳз таъкид месозад: «Охир, тарбия бояд ба ҳар як сохти давлатдорӣ мувофиқат намояд. Сифатҳои ба худ хоси ҳар як сохти давлатдорӣ,  асосан, барои ҳифзи ҳамон сохти давлатдорӣ хизмат мекунанд» (Ҳамон ҷо. –С. 535).

Дар идомаи сухан Аристотел таълиму тарбияро ҷанин, асос, ибтидо, сабабгори  тавлид ва шаклгирии муҳтавои сохти давлатдорӣ мешуморад: «Тарбия аз оғоз бунёнгузори сохти давлатдорӣ аст» ва чун устоди бузурги одамизод хотиррасон мекунад: «Ҳама вақт сифати нек шакли хуби сохти давлатдориро таъмин менамояд» (Ҳамон ҷо. –С.536).

Фаромӯш кардан ба фоидаи ояндасозӣ нахоҳад буд, ки як сабаб дар як ҳолат, дар як шароит ва дар як вазъ натиҷаи якхела ба бор меорад.

Фақат дар ҳар ҳолат баҳонаҳо гуногун мешаванд.

Аммо ин муҳим нест. Ба ғайр аз ин, байни сабаб (1), натиҷа (2), шароити мувофиқ (3) алоқаи ногусастанӣ вуҷуд дорад. Сабаб бошад, барои он шароит омода гардад, натиҷа ба зуҳуроти бебозгашт мубаддал мешавад.

Ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистони солҳои навадум ҳодисаи осмонӣ ва ғайричашмдошт набуд. Анчари дар ҳамин сарзамин рӯидаи хосияти заҳҳокигирифта буд.

Роҳбарон ва қувваҳои ҳаракатдиҳандаи зиддимилӣ дастпарварда ва маҳсули ҳамон мактабҳои аз назорати давлат ва сиёсати давлатдорӣ дурмонда буданд.

Тасдиқи чунин натиҷаи сабабӣ кашфиёт нест. Аз «умри Хизр дарозтар ва аз мулки Искандар фаротар» (таъбири Ҳофиз) аст.

Вобаста ба ин бори дигар муроҷиат шавад ба китоби «Сиёсат»-и Арасту, ки мегӯяд: «Ба хотири он ки давлат, дар маҷмуъ, ҳамагӣ як мақсадро мадди назар дорад, мусаллам аст, ки барои ҳама тарбияи ягона ва якхела лозим аст. Ва ғамхориву муносибат ба чунин тарбия мебояд кори умумӣ бошад, на шахсӣ, мисли он ки дар ҳоли ҳозир ҳар касе чунин хаёл дорад ва он чизе, ки ба сари ӯ меояд» (Ҳамон ҷо. –С.536).

Аристотел назарияи худро дар доираи категорияи «манфиат» —  и давлатдорӣ, ки асоси онро амният, рушд ва тараққиёт ташкил мекунад, чунин шарҳ медиҳад: «Чизе, ки манфиати умумӣ (давлатмеҳварӣС.Я.) дорад, мебояд дар  доираи фаъолияти дастаҷамъӣ ҳаллу фасл гардад» (Ҳамон ҷо. –С. 539).

Ба ибораи дигар, худи тарбия ҳамчун мафҳуми системавӣ амалест, ки барои ташаккули шахсият, дар асоси арзишҳои руҳӣ ва  маънавию ахлоқӣ, барои таъмини манфиатҳои шахс, ҷомеа ва давлат, дар замири одамон бедор кардани ҳисси ватандӯстӣ, масъулияти бузурги шаҳрвандӣ хизмат намуда, аз муҳимтарин вазифаҳои давлат маҳсуб мегардад.

Давлат ҳамчун субъекти ҳуқуқӣ наметавонад ва ҳуқуқ ҳам надорад, ки дидаву дониста ва бошуурона, дар дохили ҷомеа нисбат ба падидаҳои аз лиҳози тарбия номуваффақ, ки имкон дорад дар ояндаи наздик ва дур ба  сохти конститутсионӣ, суботи мамлакат хатар эҷод кунанд, бетараф бошад.

Чунин талабот фарогири ҳама қишрҳои ҷомеа аст. Он чунин масъулияти бузургро бар дӯши падару модар, мактабҳои миёнаву олӣ, масъулони соҳаи дин, хулоса, кулли ҷомеа мегузорад. Муколамаи байни одамон мебояд дар асоси арзишҳои умумибашарӣ ба мақсадҳои рушди миллӣ созгор бошад.

Оё гуфтан мумкин аст, ки  ин хулосаи нав ё фавқулода аст?

Албатта, не.

Аристотел дар ин маврид нуқтаҳои принсипиалӣ, ба андешаи мо, махсусан муҳимро таъкид месозад, ки онҳоро ҳамчун сармашқи фаъолият ба назар нагирифтан мумкин нест: «Набояд фикр кард, ки ҳар шаҳрванд худ ба худ аст. Не, ин тавр нест. Ҳамаи шаҳрвандҳо мансуб ба давлат мебошанд. Барои он ки ҳар кадоми онҳо як ҷузъи давлат ҳастанд. Ва ғамхории ҳар кадом бояд парастории ҳамаро дар назар дошта бошад» (Ҳамон ҷо. –С.536). 

Шароити воқеии фаъолият  

Паём барои ҷомеа ҳамчун сарчашмаи маълумоти аслӣ мебошад. Вақте одамон дар бораи соҳаҳои гуногуни давлатдорӣ донишҳои ҳамсон ба воқеият пайдо мекунанд, сарфаҳм рафтан ба моҳияти масъалаҳои ҳаётан муҳим, ки ҳукумати мамлакат барои ҳаллу фасли он тамоми неру ва имконоти худро сарф кардааст, осон мегардад.

Боиси эътироф, эҳтиром ва қадршиносист, ки матни Паём дар чаҳорчӯбаи талаботи илмӣ, бо назардошти таҳаввулот ва дигаргунии мавзӯъ омода гардида, нуқтаҳои аслии он бо истифода аз методи муқоисавӣ – таърихӣ асоснок карда шудаанд: «Дар 31 соли истиқлоли давлатӣ 3430 муассисаи нави таълимӣ барои қариб якуним миллион хонанда сохта, ба истифода дода шуд. Ҳол он ки дар 70 соли замони гузашта, ҳамагӣ 3229 муассисаи таълимӣ бунёд гардида буд». (Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ». –Душанбе. Дониш, 2023. –С.5).

Тоҷикистон бо вуҷуди буҳрони сангини таҳмилӣ, имконоти ниҳоят маҳдуди захираҳои сӯзишворӣ ва мушкилоти геополитикӣ ба чунин дастоварди бузург  ноил гардида бошад ҳам, дар арзёбӣ ва хулосабарории кори анҷомшуда, усул ва корбарии хирадмандонаи Роҳбари давлат – ҳеҷ вақт қаноат накардан ба натиҷаҳои фаъолият мушоҳида мегардад: «Бо вуҷуди ин, корҳои то имрӯз дар ин самт амалигардида ҳоло ҳам басанда нестанд» (Ҳамон ҷо. –С.5).

Яъне нақшаҳои бузург ҳоло дар пешанд.

Ҳукумати мамлакат мекӯшад, ба инкишофи ҳаматарафаи шахсият – бойигарии маънавӣ, покизагии ахлоқ ва инкишофи ҷисмонӣ, ки бунёди он дар шароити таҳсилоти миёна гузошта мешавад, минбаъд ҳам таваҷҷуҳи хосса зоҳир намояд.

Инсон – маҳсули ҷамъият ва муносибатҳои ҷамъиятӣ

Агар одам аснои ба дунё омадан мафҳум ва падидаи биологӣ бошад, мартабаи «инсон», «шахс», «шахсият» қисмат ва маҳсули ҷомеаи инсониву муҳити иҷтимоӣ аст. Тибқи хулосаи олимони маъруф «…моҳияти инсон истилоҳи мавҳум, номуайян нест, ки ба як шахс мансуб бошад. Воқеан, одам маҷмуи кулли муносибатҳои ҷамъиятӣ аст».

Одам офаридаи ҷисмонӣ, маводи олии табиат аст. Хосияти анатомифизиологӣ ва қонунмандиҳои биологиро дар худ таҷассум мекунад. Ҳамзамон бо ин, табиат дар шаклгирии муҳтавои ҷаҳонбинии сиёсӣ ва иҷтимоии инсон нақш дошта наметавонад. Аммо на танҳо забон, шеваи гуфтор, ҷаҳонбинӣ, муносибат ба олами ҳастӣ — муҳити атроф, балки   аз «чорпоӣ» ба ду по истода роҳ гаштанро ҳам одам аз одам меомӯзад.

Аз тарафи дигар набояд гумон кард, ки муносибатҳои ҷамъиятӣ зуҳуроти аз инсон дур ва ҷудогонаанд. Баръакс. Худи муносибатҳои ҷамъиятӣ моҳият, мағз андар мағзи инсонро ташкил мекунанд.

Натиҷаи муносибати худи одамон дар асоси фаъолияти дастаҷамъӣ (ҳамкорӣ, муомила, муошират, табодули афкор, ҳамраъйӣ,) шакл мегирад. Маҳз дар аснои муносиботи ҷамъиятӣ ҷанбаҳои дарк (сарфаҳм рафтан, фаҳмидан)-и олами атроф (табиат, ҷамъият, давлат, тамаддун, фарҳанг, дин ва ғ.) ба вуҷуд меояд.

Ҷаҳонбиниҳо, идеяҳо, ормонҳо, нияту мақсадҳои ақидатӣ ба инсонҳо зарурати гурӯҳбандии иҷтимоиро дар ҳар шакл ҳидоят мекунанд. Асос мегузоранд.

Пас ин терорристҳо, ифротгароён, худкушҳо — диишиҳо, ансоруллоҳиҳои наҳзатӣ, салафиҳо, таҳририҳо, унсурҳои зиддимиллӣ кай? Дар кадом ҳолат? Аз куҷо пайдо шуданд?

Надоштани дониши бунёдӣ, раҳгумиҳои зиддимиллӣ, фосилагирӣ аз ҷаҳонбинии маорифпарварона дар муҳити муайян – оила, муассисаҳои таълимӣ, корхонаҳо, алоқа бо шахсони ифротгаро сабаб шуд, ки садҳо ҷавон ба гурӯҳҳои террористии байналхалқӣ ҳамроҳ гашта, миллат ва давлати Тоҷикистонро дар арсаи олам бадном созанд. Ва ин ҷараён шиддат гирифта истодааст.

Дар назария ва амалияи таъмини вазъи амнияти давлат, ҳам дар дараҷаи миллӣ ва ҳам байналмилалӣ, се мафҳум ҳамчун истилоҳи қолабӣ (формула) истифода мешаванд: рақиб (1); мақсад ва ниятҳои рақиб (2); қувва ва воситаҳои таъмини амнияти давлати миллӣ (3).

Таҳлилгар, масъул ва тасмимгир мизон ва таносуби ин се ченакро мебояд пайваста пайгир бошанд. Дар муддати 24 соат.

Аммо «амният» мафҳуми фардӣ, идоравӣ, соҳавӣ, махсускунонида ва маҳдуд нест. Таъмини амнияти давлат мафҳуми занҷиравӣ аст. Низоми ягонаи дар меъёрҳои конститутсионӣ муайяншуда мебошад. Он фаъолияти маҷмуи дастгоҳҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ, маърифатӣ, идеологӣ, фарҳангӣ ва монанди инҳоро дар бар мегирад. Дар занҷир ҳалқаи сусттарин оқибат мешиканад. Ва занҷир таъйиноти худро аз даст медиҳад.

Агар аз рӯйи назарияи воқеият, ҳамчун категорияи мантиқ назар кунем – бадтарин ҳақиқат беҳтар аз беҳтарин раҳгумзаданҳост.   Яъне системаи ягонаи таъмини амнияти миллӣ,  ки қисмати асосии онро мактаб ва маорифи умумӣ ташкил мекунад, дар муқобили идеологияи геополитикии ноором сохтан ва шикаст додани давлатҳои миллӣ, номутаносиб будани худро дар амал, дар таҷриба нишон дода истодааст.

Албатта, ҷанг ҳамчун истилоҳ мафҳуми сиёсӣ, ифодакунандаи мақсад ва ҷараёнҳои сиёсӣ барои тағйир додани вазъ ва андозаи истифодабарии манфиатҳост. Ҳамчунон, ҷанг ягона воситаест, ки сифат ва самаранокии системаи сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, илмӣ, таълимӣ, тарбиявӣ, фарҳангӣ ва идеологии як давлат дар он имтиҳон карда мешавад. Набудани ҷанг сулҳ аст. Аммо вазъи минтақа ва ҷаҳон, ки Тоҷикистон ҷузъи он аст, ниёз ба шарҳи иловагӣ надорад.

Агар вазъияти маънавӣ – идеологии насли ҷавон дар чаҳорчӯбаи мафҳумҳои баёншуда тафсир гардад, ба манфиати суботи пойдори давлатдорӣ арзёбӣ кардани он мушкил мешавад.

Фаъолияти мактаб, маориф — кӯшишҳои ташаккули ҷаҳонбинии мардум, махсусан ҷавонон, мебояд ба он нуқтае равон карда шавад, ки маҳз худи инсон, дониш, хирад, ақл ва фаросати ӯ омили хушбахтии ӯст. Халқҳои пешқадами олам, ки имрӯз мусулмонҳо пойбанд ва вобастаи онҳо ҳастанд, барои худ афсона, тасаввуроти ғайриодӣ намебофанд. Саҷда ба донишу хирад мекунанд. Ба умеди фазилат ва донишҳои заминӣ ҳастанд. Ба гуфти Абуалӣ Сино, агар ба чароғ равған ҷон бахшад, ба инсон илм.

Инсоне, ки ба илму хиради одамӣ бовар дорад ва ба он такя мекунад, барои худ ва ҷомеа муфид, ҳадди ақал, безарар аст.

Ҳолат, муносибат, вазъият 

Тавре таъкид гардид, мактаб муҳимтарин ҳалқа дар занҷири ташаккули ҷаҳонбинии давлатдории миллӣ мебошад. Он муҳтаво ва тарзи  фаъолияти шуури ҷамъиятиро асос мегузорад (1), наврасон ва ҷавононро барои шинохти олам, фаъолияти амалӣ – шакли ҳастии ҷомеа ва қонунҳои амалкарди он омода месозад (2).

Аз эҳтимол дур аст, ки ба камолрасии инсон ҳамчунин давраро дар зарфияти синнусолӣ, бори дигар пайдо мекарда бошад. Ин масъулияти бузург дар Паём, тавассути рақамҳо дар тағйироту қиёс хотиррасон мегардад: «Имрӯз дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии кишвар 2 миллиону 300 ҳазор нафар хонандагон ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Соли 1991 ин нишондиҳанда ҳамагӣ 1 миллиону 325 ҳазор нафарро ташкил медод». (Ҳамон ҷо.–С.5).

Сиёсати Роҳбари давлат дар созмондиҳии шароити таълимӣ ин воқеиятро ҳам ба назар гирифтааст. Ва дар шумора, суръат ва  сифати бунёди боргоҳҳои маърифатӣ, бидуни шак, Тоҷикистон дар минтақа аз ҷумлаи беҳтаринҳост.

Ба тарзи дигар, ҳукумат вазифаи худро барои муҳайё сохтани имконоти воқеии тарбияи насли наврас ва ҷавонон иҷро мекунад.

Аммо таҷрибаи амалӣ нишон медиҳад, ки сифати кори мактаби имрӯза, дониши хонандагон, мутаносибии маърифатнокии шогирдон бо зарфияти синну сол ва дараҷаи таҳсил, бо шароити ҳақиқие, ки барои муаллимону талабагон омода гардидааст, дар мувофиқати пурра нест.

Аслан, сухан на танҳо дар бораи донишҳои бунёдӣ дар соҳаи илмҳои дақиқ меравад. Ин масъала ниёз ба баҳси алоҳида дорад.

Мавриди назар маълумот, тасаввурот, дарки мавзӯъ дар бораи маҷмуи ҷаҳонбинӣ оид ба таърихи миллат, фарҳанг, тамаддун, адабиёт, меъёрҳои грамматикии забони модарӣ, ҳуқуқ, умуман, фанҳои гуманитарӣ дар доираи барномаи мактабӣ аст. Маҳз ҳамин донистанҳо мавқеи шаҳрвандии насли наврас, ҷавононро нисбат ба мафҳумҳои Миллат, Ватан, Хештаншиносӣ ва Худшиносии миллӣ муайян месозанд. Ҷаҳонбинии ояндагони ҷомеаро ба зиндагии шоиста мутобиқ ва мувофиқ мекунонанд.

Ин камбуди ҷиддӣ, ки мавриди ишора қарор гирифт, ҳатто дар рафти таълим дар курсҳои болоии мактабҳои олӣ, ки акнун омодагии донишҷӯ ба сифати мутахассис мебояд шинохта шавад, баръало мушоҳида мегардад. Охир, «мактаб қувваи бузургро мемонад, ки он тақдири халқҳо ва давлатҳоро дар асоси фанҳо ва принсипҳое, ки дар системаи таълими мактабӣ ҳамчун таҳкурсӣ таъйин шудааст, муайян мекунад» (Д.И.Менделеев.Сочинения. Т.1. – М, 1934. –С.153).

Таваҷҷуҳ карда шавад ба ибораҳои «дар асоси фанҳо ва принсипҳо (1) (асос, қонун, усул, бунёд, шарт. Русско-таджикский словарь. –М.: Русский язык, 1985. –С.854) дар системаи таълими мактабӣ (2)».

Принсип, аз ҷумла, дар соҳаи маориф ҳам, талаботи  моддаи 1, боби 1–и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Дар ҳамин асос, санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ коркард ва роҳандозӣ шудаанд. Маҳз аз рӯи талаботи мазкур барномаи таълимӣ коркард ва китобҳои дарсӣ навишта мешаванд. Яъне муҳтаво ва ҷараёни таълиму тарбия аз поин то боло, сарфи назар аз шакли моликият ва мансубияти молии инфрасохтори муассисаи таълимӣ, алоқамандии ногусастаниро бо масъалаҳои бунёдӣ ва суботи давлатдорӣ пайваст мекунад. Се ҷузъиёт -қонун (1) — барнома (2) — китоби дарсӣ (3) танзимгари  муҳимми фаъолияти мактаби миллӣ мебошанд. Ба талаботи рӯзмарраи ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, сиёсӣ – маънавии давлатдории  миллӣ мувофиқат доштани мантиқи таълиму тарбияро ҳамчун талаботи бунёдии манфиатҳои миллӣ тасдиқ менамояд.

Китоби дарсӣ офарандаи инсон аст.

Мутаассифона, замони истиқлол, то ба ҳол, натавонист насли нави муаллифони барномаҳои таълимӣ ва китобҳои дарсиро ба майдони эҷоди илмӣ ворид созад. Онҳоро дар байни устодон, шогирдон, маорифпарварон, падару модарон, аҳли ҷомеа муаррифӣ кунад. Муассир ва соҳибэҳтиром гардонад. Номварӣ, шуҳрат ва манзалати муаллифони китобҳои то ибтидои солҳои навадумро барқарор намояд. Аз лиҳози илмӣ ба дилҳо бишинонад. Гузашта аз он, баъзан китобҳои дарсӣ аз рӯйи мазмун ва мундариҷа, аз маводи таълимии хурофотӣ ва бегонапарастии муллоҳои бесалоҳият (шояд баръакс) фарқ намекунанд. Баъзе олимоне ҳам, ки дар замони шуравӣ то андозае соҳибэҳтиром буданд, бо навиштани китобҳои дарсӣ, дар замони истиқлолият ҷойгоҳи худро, амалан ва бори дигар дар ботлоқи фурсатҷӯёнаи ҷаҳонбинии асримиёнагӣ ва хурофотӣ нишон доданд.

Мушкил он аст, ки тасаввуроти ғайриилмӣ ва бардурӯғ ақлҳоро дар муҳосира ва сарбастагӣ нигоҳ  медоранд. Суиистифодаи наврасону ҷавононро, аз ҷониби унсурҳои зиддимилӣ,  осон мегардонанд.

Бидуни шак, ин ҳолат аз бемасъулиятии мансабдорони соҳаи илму маорифи мамлакат шаҳодат медиҳад, ки тӯли солҳо, такрор ба такрор, худро дар ҳамин мавқеъ ва дар дараҷаи ҳамин гуна муносибат нишон медиҳанд.

Аз лиҳози дигар, таълифи  чунин китобҳои дарсӣ аз камбуди маънавиёт ва руҳияи миллии муаллифоне, ки ба ҳар роҳу восита чунин ҳуқуқро пайдо мекунанд, гувоҳӣ медиҳад.

Вобаста ба ин, хотирнишон бояд кард, ки инсон соҳиби ду нутқ аст: маънавӣ, хаёлӣ, дар шакли хомӯшӣ, вақте инсон дар муколама бо худаш танҳо мемонад (1). Ва берунӣ, зоҳирӣ, шифоҳӣ (2). Нутқи дохилии инсон афзалтар аз нутқи шифоҳӣ аст. Он худ ба худ, якка ба якка аст. Ҳисоботи Ақл, Адл, Инсоф ва Виҷдон дар назди худи  Инсон. Ҳофиз ба ҳамин муҷодала ишора карда мегӯяд:

Дар андаруни мани хастадил надонам кист,
Ки ман хамӯшаму ӯ дар фиғону дар ғавғост?
Аз он ба дайри муғонам азиз медоранд,
Ки оташе, ки намирад, ҳамеша дар дили мост.

Маликушшуаро Баҳори Хуросонӣ (1886 – 1951) «Шоҳнома»-и Фирдавсиро беш аз сад маротиба мутолиа мекунад. Гаштаву баргашта ба шоҳкории як ҳамватани худ, ки дар замони ҳокимияти мустабиди бегонагон, ҷон дар хатар, умри азизи худро ба шаъну шони миллати тоҷику форс бахшидааст, сари таъзим фуруд меорад. Аз ҳоли ҳамватанони замони худ, ки умре ба чоплусӣ ва бегонапарастӣ машғул буданд, дилаш заҳ мекашад. Ва бе қаламу қоғаз, ба дуриҳои дур менигарад. Худ ба худ, бадоҳатан ба Фирдавсӣ  муроҷиат карда, мегӯяд:

Туро сано кунаму бас, ки з-ин дағал мардум,
Ҳаме надонам як тан, ки мустаҳиқи саност.
Дареғ, ки аз паси умр хизмати ватанӣ,
Надид чашмам як ҷузв аз он чӣ дил мехост.
Зи пухтакории ағёру хомтабъии қавм,
Чунон бисӯхт димоғам, ки дуд аз он бархост.

Бар қасди хурофотпарастони замони худ мефармояд:

«Шоҳнома» ҳаст бе иғроқ Қуръони Аҷам,
Рутбаи донои Тӯсӣ, рутбаи пайғамбарист. 

Ва андешаи худро ҷавонмардона хулоса  мекунад:

Ба сад нишон, ҳунар андеша карда Фирдавсӣ,
Наузиббилаҳ, пайғамбар аст, агар на Худост.  

Муҳиммияти сухани Фирдавсиро барои ҳама давру замон ва то абад бар зидди андешаи ғуломӣ таъкид месозад:

Эй ҳакими номӣ, эй Фирдавсии сеҳрофарин,
Эй бар ҳар фан дар сухан чун марди як фан устод,
Шӯру эҳёи Ватан гар дар дили покат набуд,
Рафта буд аз турктозӣ ҳастии Эрон ба бод. 

Аз ин лиҳоз, вақте сухан дар бораи тарбия ва таълим меравад, маънои омӯхтан, омӯзонидан, роҳнамоӣ, сарварӣ, ғамхорӣ ва ҳимоя кардани ҳамватанро дорад. Чунин ҷараён мебояд тамоми ҳаёти инсонро фарогир бошад. Муваффақияти миллат, таъмини амният ва рушди он ба раванд ва натиҷаи ҷамъиятикунонии (милликунонии) андешаи аъзои он вобаста аст.

Дар навиштани  китобҳои дарсӣ дар  соҳаҳои забон ва адабиёти тоҷик, солҳост, ки вазъият ба нафъи манфиати илмӣ ҳалли худро намеёбад. Дар ин самт мақсаднокӣ, ба талаботи сохти давлатдорӣ пурра мувофиқат кунонидани мундариҷа ва муҳтавои китобҳои дарсӣ ва албатта, масъулиятнокӣ ва иродатмандии миллӣ камтар ба чашм мерасад. Аммо ҳаррӯза кӯдакону наврасон маҳз аз ҳамин мавод дарс мегиранд.

Магар дар сӣ сол категорияҳои фонетикӣ, морфологӣ, синтаксисӣ, услубӣ, таркиб ва захираи луғавии забони тоҷикӣ ниҳоятдараҷа тағйир ёфтанд? Муносибат ба мазмун ва муҳтавои эҷодиёти инсонпарваронаи адибони классикӣ таҳаввулот пайдо кард?

Дуруст. Давра ба давра дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ дигаргунӣ ба амал меояд. Ин тағйирот мебояд дар асоси усулият дар ҳар соҳа инъикос ёбад.

Модоме ки дарки мутахассис, фарзияи беҳтар ва хубтар аз пешинаро пайдо карда наметавонад, магар зарурат барои шикастани он чизе, ки солҳо омода гашта, дар амалия тасдиқи илмӣ пайдо кардааст, ба талаботи ҷаҳонбинӣ, бо андак кӯшиш, мутобиқ кунондани он имкон дорад, нобуд кардани чунин ганҷина ба мақсад мувофиқ аст?

Бошад имрӯз олиме, ки  дар сатҳи китобҳои дарсии барои мактаби миёна навиштаи донишмандони маъруф – устод Айнӣ, Абдуррауфи Фитрат, Сайид Ризо Ализода, Тӯрақул Зеҳнӣ, Раҳим Ҳошим, Ҳамид Бақозода, Ҳилол Каримов, Холиқ Мирзозода, Шарифҷон Ҳусейнзода, Додоҷон Тоҷиев, Абдусалом Деҳотӣ, Воҳид Асрорӣ, Маҳмадуллоҳ Лутфуллоев, Носирҷон Маъсумӣ, Юрий Бобоев ва бисёр дигарон аз нигоҳи назариявӣ, методологӣ, далелнокии таърихӣ, муносибати системавӣ, сохторӣ, функсионалӣ, муқоисавӣ, муқоисавӣ-таърихӣ, мантиқӣ, дар асоси ҷаҳонбинии пешқадам ва созанда  асар офарида тавонад? Дар сурати ҷавоби мусбат, мақолаву асарҳои онон бояд намуна бошанд.

Ба андешаи инҷониб, зарур аст, ки китобҳои дарсии нобиғаҳои маъруфро ҳамчун асос, бунёд ба ҳисоб гирифта, бо онҳо «шогирдӣ ва ҳаммуаллифӣ» кард.

Китоби дарсӣ навиштан дар илми тоҷик, анъанаи беш аз  садсола дорад. Дар ин ҷода бояд чунон саҳм гузошт, ки мисли муаллифони номдори пешин «ангушт газидане ба ёрон монад» (Абусаиди Абдулхайр, асри XI), на таассуфу афсӯс.

Маҳз мутобиқкунонии манфиатҳои ҳар шахс ба манфиатҳои умумимиллӣ эҳсоси бузурги ҳамраъйии ватанпарваронаро эҷод мекунад. Мардумони содаро аз ҳолати бешууронаи пойбандӣ ба он зуҳуроте, ки ба манфиати миллат ва Ватани ӯ нестанд, боз медорад, берун меорад.

Манфиати миллӣ ва маорифи динӣ 

Вақте сухан дар бораи манфиатҳои миллӣ меравад, бидуни шак, таъмини амнияти миллӣ аз лиҳози сиёсӣ – ҳудудӣ,  рушди посухгӯ ба ниёзҳои иҷтимоӣ, ҳифзи фарҳанг ва тамаддуни миллӣ, сатҳу сифати маънавиёт ва ҷаҳонбинии миллии мувофиқ ба таъмини давлатдории миллӣ, пешбинӣ, сари вақт ошкор ва хунсо кардани таҳдидҳои ба амнияти миллӣ хатарзо дар назар дошта мешавад.

Дар ҳар сурат таъмини амният ва инкишофи  давлат бидуни хосияти меҳварӣ пайдо кардани ҷаҳонбинии миллӣ ба мушкилот рӯ ба рӯ мегардад. Намунаҳои он дар нооромиҳои баъзе кишварҳои минтақа тасдиқи ин гуфтаҳост.

Албатта, фарҳанг зинаи аввали расидан ба манзалати тамаддунии миллат аст.  Ва ҷузъи таркибии он маҳсуб мегардад.

Фақат беҳтарин, устувортарин, машҳуртарин намунаҳои фарҳангӣ метавонанд вориди манзалати тамаддунӣ гарданд.

Ҳангоми омӯзиши гузаштаи халқу миллатҳо мафҳумҳои антропологӣ ва таърихӣ мутаносибан истифода мешаванд. Антропология дараҷаи ҷараёни мутобиқ гардидани халқҳоро ба шароити муайяни муҳити табиӣ ва маданӣ меомӯзад. Таърих бошад, доира ва мавзуи васеи таҳқиқот дорад. Миллатҳоеро мавриди омӯзиш қарор медиҳад, ки аз чаҳорчӯбаи мутобиқшавии одӣ ба табиату ҷамъият пештар рафтаанд.

Тоҷикон миллати худкифо ва соҳибтамаддун ҳастанд. Ҳанӯз ду ҳазор сол қабл, ба ҳоли халқе ,ки «зи шири шутур хӯрдану сусмор, тахти каёнӣ орзукардан»-ашро хандида, бо ғурур ба истеҳзо кашидаанд.

Мавзуи омӯзиши таърих халқҳоеанд, ки соҳиби орзуву ормон ва нақшаҳои ояндасоз мебошанд. Ва амалӣ кардани онҳо фарҳангу хиради ин мардумонро боз ҳам сайқал мебахшад. Зиндагии инсонро ба беҳбудӣ ва сулҳу оромӣ раҳнамун мекунад.

Умуман, тасаввурот ва нияту мақсадҳое, ки метавонанд як чизи идеалиро ба фоидаи пешрафти ҳаёти воқеӣ амалӣ гардонанд, барои таърих муҳим мебошанд.

Ормонҳое, ки амният ва рушду тараққии миллатро дар шароити рақобатҳои глобалӣ таъмин месозанд, обрӯву манзалати онро дар минтақа ва ҷаҳон таъмин менамоянд, метавонанд, як шакли эътиқод ва боварӣ гарданд.

Дар бисёре аз динҳои миллӣ мақсадгузорӣ барои пешрафти миллат ва кӯшиши амалӣ кардани он як чизи одӣ, муқаррарӣ мисли нафаскашӣ, гардиши хун ва табодули моддаҳо дар организми инсон аст.

Ҳамзамон бо ин, ба роҳибон ва муридон тавсия дода мешавад, ки  таҳлилгар бошанд. Омӯзанд, муайян созанд, ки чӣ чизе дар тӯли таърих сабаби пешравӣ ва ё баръакс, боиси қафомонии миллати онҳо дар рақобат бо намояндагони халқҳо ва дину оинҳои дигар шудааст? Тавсеаи илму маърифат дар эътиқодоти ин динҳои миллӣ муайянкунандаи дараҷаи наздикшавии диндорон ба эътиқодоти  Осмонӣ ҳисобида мешавад.

Аз ин рӯ, мо наметавонем  ба  андешаи баъзе олимон, ки рушду тараққӣ, ҷаҳонбинии давлати миллиро зуҳуроти мухтор ва эътиқодоти диниро ҷудо аз он мешуморанд, розӣ шавем.

Истиқлолияти давлати миллӣ мафҳуми муқаддас аст. Тамоми шаклҳои шуури ҷамъиятӣ дар давлати мустақил ҳуқуқи ҳузур доранд. Аммо онҳо бояд дар доираи эътироф ва  дастгирии манфиатҳои миллӣ, ҳамчун мафҳуми мустақили этникӣ – фарҳангӣ, ҳудудию сиёсӣ, шинохт ва ҳифзи арзишҳои аслии тамаддуни миллӣ, эҳсоси дурусти таҳдиду хатарҳои дохилию хориҷӣ ба ин ниҳодҳову арзишҳо, таъмини шароити воқеии нигоҳдорӣ ва рушди пояҳои тамаддунӣ амал кунанд.

Бояд ба инобат гирифт, ки давлати миллӣ ҳамчун организми зинда дар фазо, ҳама вақт таъйиноти гузаштан аз монеаҳоеро  дорад.  Чунин мушкилот ҳам дар дохил ва ҳам дар арсаи байналхалқӣ бешуурона ва аксари вақт бошуурона барои ин ниҳод эҷод мешаванд.  Идеяҳои устувори давлатии миллӣ ва субъектҳои пешбарандандаи он, бояд ҳаммароми  ин муассисаи умумимиллӣ- давлат бошанд.

Ходимони дин, ба шарофати истиқлолияти давлатӣ, оромиву осудагӣ, имкони риояи кулли рукнҳои таъйиншудаи ибодатиро доранд. Аз беҳтарин шароит ва имконоти василавӣ бархӯрдоранд. Зарур аст, ки онҳо дар сафи пеши тарғибгарони манфиатҳои миллӣ – ҳамчун омили муҳимми шаклгирии ҷаҳонбинии миллӣ бошанд. Дар ин роҳ масъулияти бузурги ватандорӣ эҳсос намоянд. Хештаншиносӣ ва худшиносии миллиро дар саргаҳи имондорӣ гузоранд. Бо ягон баҳона, шиор, назария ва ҷаҳонбинӣ, зери шубҳа мондани манфиатҳои миллӣ — амнияти миллӣ  ва рушди давлатдорӣ, аз ҷаҳолат беш нест.

Ҳодисаҳои атроф — дар минтақа ва ҷаҳон, хусусан, дар панҷ соли ахир, бори дигар ҳақиқатеро исбот кард: миллатҳои зирак  динро пеш оварда, намояндагони миллатҳои хурду бузургро сарҷамъ ва дар якҷоягӣ ҳокимияти сиёсиро ғасб мекунанд. Чун ба мақсад расиданд, дар тақсими ҳокимият на аз рӯйи мазҳаб, тариқату шариат, балки аз диди манфиатҳои этникӣ ва миллӣ амал мекунанд.

Содагии мазҳабӣ, қавмӣ, этникӣ, миллӣ ва ҳизбӣ  набояд ба ҳазорсолаҳо идома ёбад. Умқи фикрронӣ ва тавони арзёбӣ дар илму дониш аст:

Киро дар ҷаҳон ҳаст ҳушу хирад,
Куҷо  ӯ  фиреби замона  хӯрад.

(Фирдавсӣ)

Хулоса 

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷати таърихӣ ва ҳидояткунанда барои рушди миллат дар самтҳои ҳаётан муҳимми мамлакат мебошад.

Дар он камолоти инсонӣ, ташаккули ҷаҳонбинии бар пояҳои таърихи миллат ва давлатдории миллӣ бунёдгардида, худшиносӣ ва меҳандӯстӣ, бозпаснигарӣ ва ояндабинӣ бо содабаёнӣ ва ифодаҳои рӯшану фасеҳ ифода гардидаанд.

Паём, ки мисли ҳамешагӣ, бо суханҳои озоду муколамавӣ сайқал ёфтааст, сарчашмаи бузурги омӯзиш ва баҳрабардорӣ аз мактаби давлатдории Пешвои ҷовидмақоми тоҷикон аст.

Дар ин ҳуҷҷати роҳнамо, мавқеъ ва манзалати инсон, маданият ва маърифати ӯ тавассути мактабу маориф  – хамирмояи ҷавҳари одамӣ дар шоҳроҳи андешаи миллӣ ва бунёди давлати миллӣ дар ҷойи аввал меистад.

Дар мамлакат шароити воқеӣ барои рушди маорифи миллӣ, асосан, омода шудааст. Аммо омили инсонӣ, масъулияти мудирият дар соҳаи мафкурасозӣ ҷавобгӯи талаботи замон нест. Натиҷаҳои фоҷеабори адами тафаккури миллӣ дар ҷаҳонбинии теъдоди ҳангуфти ҷавонон, пайвастани онҳо ба созмонҳои ифротиву зиддимиллӣ камбуди ниҳоят ҷиддӣ дар  муносибатҳои ҷамъиятии ҷомеаи тоҷик – оила, мактаб, донишгоҳ, корхонаҳо ва муҳит зуҳур меёбад.

Кори Вазорати маориф, Вазорати фарҳанг, Кумитаи телевизион ва радио, Кумитаи ҷавонон, муассисаҳои марбути тадқиқоти илмии Академияи миллии илмҳо, Маркази тадқиқоти стратегӣ, Маркази исломшиносӣ, иттиҳодияҳои эҷодӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ бояд ба шароити «мубориза барои ҳаёт» посухгӯ, баробарвазн ба вазъ буда, фаъолияти онон на ба ҳисоботдиҳӣ, балки ба натиҷагирӣ равона гардад.

Мебояд таъсиррасонӣ ба ҷаҳонбинии насли наврас, ҷавонон, қишрҳои гуногуни аҳолӣ, на танҳо мувофиқ ва мутаносиб ба таҳдиди душман, балки пурзӯртар аз он  бошад.

Таълим ва тарбия – муътақидгардонӣ ба ҷаҳонбинии миллӣ, хештаншиносӣ ва худшиносиии миллист. Вагарна сарфи беҳудаи вақт аст.

Дар маҷмуи ақидаҳои олам, ки миллатро ба истиқлол, ваҳдат, субот, оромӣ ва осудагӣ ҳидоят мекунанд ва рушди мамлакатро таъмин месозанд, идеяи давлати миллӣ, албатта, дар ҷойи аввал мебошад. Ин нуктаи ҳаётан муҳим дар таълимоти Пешвои миллат нақши муайянкунандагӣ дорад.

Консепсияи давлати миллӣ – маҷмуи ҷаҳонбинӣ ва амалҳои сиёсӣ, ҳуқуқӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ мебошад, ки дар асоси арзишҳои миллӣ – таърихӣ ва умумибашарӣ бунёд ёфтаанд. Ин таҷрибаи дар амал тасдиқгардидаи миллатҳои пешқадами дунё, собиқаи, ҳадди ақал,  чорсадсола дорад.

Ворид гаштан ба татбиқи консепсияи тарбияи ҷаҳонбинии миллӣ, худшиносӣ ва хештаншиносии миллӣ аз муҳимтарин вазифаҳои ҷомеа, аз ҷумла, ходимони дин мебошад.

Дар ин раванд олимоне, ки ба  навиштани китобҳои дарсӣ ҷалб карда мешаванд, бояд на танҳо донишманди соҳибтаҷриба,  дар байни аҳли илм эътирофгардида, ҳамзамон бо ҷасорат, худогоҳ, хештаншинос, ватанпараст, соҳибтакбири худшиносии миллат, руҳбахш, вассофи руҳи тоҷикият, хирадситой, масъул, афзояндаи ғурур ва ифтихори миллӣ бошанд.

Китоб дар ҳар шакле — назмӣ, насрӣ, илмӣ руҳ, тинат, сифати шахсият ва муаррифгари табиати муаллиф аст. Аз дидгоҳи масъулиятшиносонаи Ҳоҷӣ Ҳусайни Хатлонӣ (1868-1917), ки дар ҳаққи Аблқосими Фирдавсӣ гуфтааст, нависандаи китоб офаридгори қаҳрамонҳо  ва созандаи руҳи инсонҳост:

Гар намезад сухан суханвари Тус,
Куҷо будӣ Кайқубоду Кайковус?

Агар мардум, аъзои ҷомеадар муқобили эҳсосот ва  андешаҳои бегонапарастӣ, хурофотзадагӣ ҳувияти миллӣ  пайдо накунад, ба  таърихи гузаштаи хеш, эътиқод  ва эҳтироми фавқулода нагузорад, маҳз бар  давлатдории миллӣ афзалият набахшад, оқибат бозичаи дасти бегонагон хоҳад гашт.

Тоҷикон дар тӯли таърих зиёда аз 13 маротиба (Модҳо, Ҳахоманишиҳо, Портҳо, Кӯшониён, Сосониён, Ҳайтолиён, Тоҳириён, Сафориён, Сомониён, Ғуриён, Куртҳои Ҳирот, Сарбадорҳо, Музаффариён) давлатдорӣ кардаанд. Он дар маҷмуъ, беш аз 2236 солро дар бар мегирад. Шикасти ин салтанатҳои бузургу хурд бо хатои мардум, аъён ва ашрофи худи миллати мо сурат гирифтааст. Иллати аслии суқути онҳоро ҷаҳолат ташкил медод.

Давлатдории охирони мо низ метавонист ба вартаи нестӣ ва ин дафъа ба садсолаҳои номаълум ба фано равад. Миллати тоҷикро бори дигар ба ғуломӣ кашад. Онро ҳам сабаб қатъан ҷаҳолат мебуд.

Аммо бо талошҳои ҷоннисоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллатин давлат барқарор ва пойдор шуд. Акнун даҳсолаи чоруми он оғоз ёфт. Донишу маърифат асоси пойдории давлати навин эълон гардид.

Ҳамин тариқ, ҷавҳари Паёми Пешвои миллат дар соҳаи маориф  аз тарбияи инсони худогоҳ, соҳибхирад, эҳёкунандаи фарҳанг ва ифтихори миллӣ, мардони пуркору накукор, муборизу фидокори  Ватани мо – Тоҷикистони азиз иборат аст.

С. Ятимов,
Профессор

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ/АМИТ «Ховар»

Бознашр аз маҷаллаи «Илм ва ҷомеа», №1 (31), соли 2023

Январь 21, 2023 13:04

Хабарҳои дигари ин бахш

«БАЧА АЗИЗ, ОДОБАШ АЗ ОН АЗИЗТАР…». Ба таълиму тарбияи фарзандон набояд бетарафӣ зоҳир намуд
Президенти Тоҷикистон: «Ҷашни Наврӯз ва истиқлолу озодӣ – ин ду мафҳуми барои ҳар яки мо азизу муқаддас аст»
«КАЪБА ЧӢ МЕРАВӢ, ДИЛЕРО ДАРЁБ…». Андешаҳо дар ҳошияи мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин
Пешвои миллат: «Боиси ифтихор аст, ки Наврӯз – калимаи асили тоҷикӣ, яъне «рӯзи нав» ҳоло барои миллионҳо аҳолии сайёра ҳамчун рӯзи ҷашни фархунда вирди забон аст»
Эмомалӣ Раҳмон: «Наврӯз аз ҷумлаи бузургтарин ва маҳбубтарин ҷашнҳои тоҷикон мебошад»
Оши бурида дар Наврӯз ҳамчун рамзи умри дароз ва ҳаёти хушбахтона омода мешавад
НАВРӮЗ — ҶАШНИ ЭҲЁ. Ин ҷашни ҷаҳонӣ бунёди маънавии миллати тоҷик мебошад
МАЗМУНҲОИ НАВРӮЗӢ ДАР АШЪОРИ АҲДИ КЛАССИКИИ ФОРСУ ТОҶИК. Андешаҳои адабиётшинос дар хусус
24 МАРТ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ МУБОРИЗА БО БЕМОРИИ СИЛ. Ҳадаф аз он огоҳӣ, пешгирӣ ва мубориза бар зидди ин беморӣ мебошад
ИМРӮЗ ДАР ТОҶИКИСТОН — РӮЗИ ГУЛ ВА НИҲОЛШИНОНӢ. Соли 2023 дар ҷумҳурӣ беш аз 1 миллион бех ниҳоли дарахтони гуногун шинонида шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли гулкарам масунияти инсонро боло мебардорад
Хӯрокҳои миллии тоҷикӣ дар ҷаҳон машҳур буда, санъати таббохии миллати мо давоми садсолаҳо ташаккул ёфтааст