ТАВСИЯҲО БА БОҒДОРОН ДАР ТОҶИКИСТОН: дар рӯзҳои сард аз буридани шохаҳои дарахтон худдорӣ намоед!
ДУШАНБЕ, 23. 01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Боғҳо ва ангурзорро бо анҷом додани корҳои зерини агротехникӣ, аз ҷумла боз кардани каналу ҷӯйҳои байни ҷӯяҳои боғу токзор ва сар додани об метавон аз сармову яхбандӣ наҷот дод. Чунин тавсия додааст Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба боғдорон барои ҳифзи дарахтон дар зимистон. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи мазкур хабар медиҳад.
Ба тавсияи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон, ҳарорати об баландтар аз ҳарорати ҳаво аст, аз ин рӯ буғи об имкон намедиҳад ҳарорати хок ва дарахтон поён равад. Дар рӯзҳои сарди зимистон тамоми корҳои агротехникии буридани шохаҳои дарахтон дар боғҳо бояд қатъ карда шаванд. Барои ҳимоя аз сардӣ фавран бояд шохаву танаи бози буттаи ток, анор ва анҷир ва пояҳои шолиро пӯшонид ва ё зери хок кард. Ҳамзамон танаву шохаҳои дарахтони хурморо бо хасбедаву алафҳои хушк бояд пӯшонид.
Ҳамзамон барои ҳимояи дарахтони ситрусӣ ва тамашк, ки дар гармхонаҳо парвариш карда мешаванд, бояд онҳоро боз бо як қабати тунуки селофан пӯшонид. Набояд роҳ дода шавад, ки барф ба гармхона ворид шавад.
Бояд миёни қатори боғҳо ва токзорон ғарами хасу хасбедаву алафҳои хушкида, ки бо шохчаҳои борики дарахтон ва поруву нуриҳои маҳаллӣ омехта карда шудаанд (андозаи дарозиаш 1,25 – 1,5 м ва баландиаш 0,5 – 0,75 м дар боғҳо ва токзорон), паҳн карда шаванд.
АКС: КҲФ ва МГ








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Шароит ва имконияти таҳсил дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат беҳтар карда мешавад
ИҚТИСОДИ «САБЗ». Тоҷикистон барои амалисозии он заминаи муносиб фароҳам овард
Дар вилояти Суғд ҳаҷми истеҳсоли тухм афзоиш меёбад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар ҶДММ «Бозори Корвон плюс» вохӯрӣ доир шуд
Интернет барои идора: чӣ тавр метавон кормандонро бо дастрасии боэътимод таъмин кард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Сокинони ноҳияи Лахш имсол дар майдони 5552 гектар картошка шинонданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Ваҳдати миллӣ асоси татбиқи ҳадафҳои стратегӣ дар солҳои соҳибистиқлолӣ мебошад
Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон яке аз муҳимтарин дастовардҳои байналмилалӣ-ҳуқуқии охири асри XX ба ҳисоб меравад






