ТАВСИЯҲО БА БОҒДОРОН ДАР ТОҶИКИСТОН: дар рӯзҳои сард аз буридани шохаҳои дарахтон худдорӣ намоед!

Январь 23, 2023 16:14

ДУШАНБЕ, 23. 01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Боғҳо ва ангурзорро бо анҷом додани корҳои зерини агротехникӣ, аз ҷумла  боз кардани каналу ҷӯйҳои байни ҷӯяҳои боғу токзор ва сар додани об метавон аз сармову яхбандӣ наҷот дод. Чунин тавсия додааст Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба боғдорон барои  ҳифзи дарахтон дар зимистон.  Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи мазкур хабар медиҳад.

Ба тавсияи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон, ҳарорати об баландтар аз ҳарорати ҳаво аст, аз ин рӯ буғи об имкон намедиҳад ҳарорати хок ва дарахтон поён равад. Дар рӯзҳои сарди зимистон тамоми корҳои агротехникии буридани шохаҳои дарахтон дар боғҳо бояд қатъ карда шаванд. Барои ҳимоя аз сардӣ фавран бояд шохаву танаи бози буттаи ток, анор ва анҷир ва пояҳои шолиро пӯшонид ва ё зери хок кард. Ҳамзамон танаву шохаҳои дарахтони хурморо бо хасбедаву алафҳои хушк бояд пӯшонид.

Ҳамзамон барои ҳимояи дарахтони ситрусӣ ва тамашк, ки дар гармхонаҳо парвариш карда мешаванд, бояд онҳоро боз бо як қабати тунуки селофан пӯшонид. Набояд роҳ дода шавад, ки барф ба гармхона ворид шавад.

Бояд миёни қатори боғҳо ва токзорон ғарами хасу хасбедаву алафҳои хушкида, ки бо шохчаҳои борики дарахтон ва поруву нуриҳои маҳаллӣ омехта карда шудаанд (андозаи дарозиаш 1,25 – 1,5 м ва баландиаш 0,5 – 0,75 м дар боғҳо ва токзорон), паҳн карда  шаванд.

АКС: КҲФ ва МГ

Январь 23, 2023 16:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд