Тоҷикистон ва Қазоқистон масоили марбут ба боркашонӣ ва ҳамлу нақл байни ду мамлакатро баррасӣ намуданд
ДУШАНБЕ, 26.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. 25 январ дар шаҳри Остона вохӯрии Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон Хайрулло Ибодзода бо муовини якуми Раиси ҶСК «Ширкати миллии Қазоқистон Темир Жоли» Канат Алмаганбетов баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо масоили марбут ба боркашонӣ ва ҳамлу нақл байни ду мамлакатро баррасӣ намуданд.
Ёдовар мешавем, ки 24 январ Сафири Тоҷикистон дар Қазоқистон Хайрулло Ибодзода бо Вазири энергетикаи ин мамлакат Болат Акчулаков мулоқот намуд.
Зимни мулоқот сатҳи кунунӣ ва дурнамои ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаи ду ҷумҳурӣ дар бахши обу энергетика, воридоти нафту газ аз Қазоқистон ба Тоҷикистон баррасӣ карда шуд.
Акс: ВКХ ҶТ








Сафири Тоҷикистон бо роҳбари ширкати аморотии Tahaluf AI мулоқот намуд
Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи 6-уми Форуми раисони шаҳрҳои Комиссияи иқтисодии СММ барои Аврупо иштирок намуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо ширкати LANXESS Олмон баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо раиси иҷроии Муассисаи ташаббуси сармоягузории оянда мулоқот намуд
Дурнамои муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Умон баррасӣ гардид
Тоҷикистон ва Австрия машваратҳои сиёсӣ баргузор намуданд
Сафири Тоҷикистон дар Кувайт бо роҳбарияти хабаргузории KUNA ҳамкории иттилоотиро баррасӣ кард
Намояндаи Тоҷикистон дар ҳамоиши Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо роҳбарияти «Caspian Energy Club» мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони ҳамкории исломӣ баррасӣ гардид
Дар Исломобод 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатӣ дар умури шаҳрдорӣ ва вазири давлатӣ дар умури маскани Кувайт мулоқот намуд






