Тоҷикистон ва Корея масъалаи рақамикунонии соҳаҳои иқтисоди миллиро муҳокима намуданд

Январь 14, 2023 12:01

ДУШАНБЕ, 14.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаи рушди иқтисоди рақамӣ ва рақамикунонии соҳаҳои иқтисоди миллӣ, аз ҷумла рақамикунонии низоми банақшагирии стратегӣ ва дурнамосозии макроиқтисодӣ 12 январ дар Душанбе зимни мулоқоти Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Завқӣ Завқизода бо ҳайати Дафтари Агентии ҳамкории байналмилалии Корея (KOICA) дар Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои кишвар  иттилоъ доданд.

Дар мулоқот дастовардҳои Тоҷикистон дар самти иқтисоди рақамӣ, сеҳни сунъӣ ва технологияҳои иттилоотӣ муҳокима гардиданд.

«Инчунин Консепсияи ташаккули ҳукумати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Консепсияи иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 ба намояндагони KOICA муаррифӣ карда шуданд», — тазаккур доданд дар вазорат.

Ҳамчнин вобаста ба рушди соҳаи иқтисоди рақамӣ, таъсиси Маркази «Рақамикунонии низоми банақшагирии стратегӣ ва дурнамосозии макроиқтисодӣ» барои татбиқи Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025, ҷорӣ намудани низоми муосири мубодилаи ҳуҷҷатҳои электронӣ пешниҳодҳои мушаххас манзур гардиданд.

АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ

Январь 14, 2023 12:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд