То соли 2026 дар вилояти Хатлон беш аз 6 ҳазор иншооти гуногун бунёд мешаванд
ДУШАНБЕ, 19.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Ба истиқболи 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон бунёди беш аз 6 ҳазору 200 иншооти истеҳсолию маишӣ, таълимию тиббӣ, фарҳангию варзишӣ, таъмиру навсозии роҳу пулҳо дар назар дошта шудааст. Ин матлаб 18 январ зимни баргузории конференсияи ҳисоботӣ-интихоботии XIV Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар баён шуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи иттилоотӣ ва таҳлилии дастгоҳи Раиси вилояти Хатлон иттилоъ доданд.
Дар конференсия натиҷаҳои рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии вилоят мавриди баррасӣ қарор дода шуданд. Конференсияи ҳисоботӣ-интихоботӣ, ки тибқи талаботи Оиннома дар дуюним сол як маротиба баргузор мегардад, аз чорабиниҳои муҳими ташкилии ҳизбӣ маҳсуб шуда, самараи фаъолияти ҳам ташкилоти ҳизбӣ ва ҳам аъзои ҳизбро возеҳ инъикос мекунад.
Дар ҳамоиш муовини якуми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Абдуҷаббор Азизӣ ва иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид иштирок намуданд.
Гуфта шуд, ки ҲХДТ ҳизби мардумӣ ва зодаи даврони истиқлолият буда, бо ҳидояту роҳнамоиҳо, фикру андешаи созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯ ба пешравӣ дорад. Рисолат ва мазмуну моҳияти барномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон – рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол, ободу шукуфон ва аз лиҳози иқтисодию иҷтимоӣ ва сиёсӣ босубот мебошад. Имрӯз ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилоят бо бинои маъмурӣ таъмин гардидаанд. Бинои маъмурии кумитаи иҷроия дар ноҳияи Данғара дар арафаи ифтитоҳ қарор дорад.
Дар охир як зумра фаъолони ҳизб, ки дар пешрафти хоҷагии халқи вилоят саҳм гузоштаанд, бо Ифтихорномаву мукофот қадрдонӣ карда шуданд.
АКС: шуъбаи иттилоотӣ ва таҳлилии дастгоҳи Раиси вилояти Хатлон








Дар вилояти Хатлон беш аз 40 мактаби варзишӣ фаъолият дорад
Дар ноҳияи Ванҷ Литсейи касбии техникӣ сохта мешавад
Тавзеҳот ба Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар Қоҳира 35-солагии Истиқлоли Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Мусоҳибаи Сафири Тоҷикистон ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар расонаҳои Миср нашр гардид
Дар Сеул бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ доир шуд
ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Мулоҳизаҳо оид ба нақши Пешвои миллат дар таҳкими пояҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол
Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва таҳкими Истиқлолияти давлатӣ. Андешаҳо дар ин маврид
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон оид ба дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ ҳамоиш доир гардид
Дар ноҳияи Мурғоб майдончаҳои нави варзишӣ ба истифода дода шуданд
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон иншооти иҷтимоию иқтисодӣ ба истифода дода шуданд
Дар ноҳияи Дарвоз бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 11 иншоот ифтитоҳ гардид






