«ҲУКУМАТИ ТОЛИБОНРО ҚАБУЛ НАДОРЕМ». Сафири Афғонистон дар Тоҷикистон вобаста ба барканорияш посух гуфт

Январь 5, 2023 11:40

ДУШАНБЕ, 05.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Хабари барканории сафири Афғонистон дар Тоҷикистон Муҳаммад Зоҳир Ағбарро расонаҳои хориҷӣ барои ҷалби таваҷҷуҳ қасдан паҳн мекунанд. Дар ин бора дипломат зимни суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз дошта, гуфт, ки намояндагии дипломатӣ дар ҳудуди ҷумҳурие воқеъ аст, ки   ҳукумати нави Кобулро расман эътироф накардааст.

«Сафорати Афғонистон дар Тоҷикистон аз рӯзи аввали ба сари ҳокимият омадани толибон изҳор намуд, ки ин гурӯҳ (ҳаракати «Толибон»* — Тавзеҳи АМИТ «Ховар) ва вазири корҳои хориҷии он Муттақиро низ эътироф намекунад. Кори мо идома дорад»,-таъкид намуд ӯ.

Қаблан бахши форсии The Independent хабар дода буд, ки Зоҳир Ағбар бо фармони вазири корҳои хориҷии «Толибон»* Мавлавӣ Амирхон Муттақӣ аз мақоми сафири Афғонистон дар Тоҷикистон барканор шудааст. Тибқи иттилои манбаъ, фармон 27 ноябри соли 2022 ба имзо расидааст.

Сафири феълии Афғонистон дар Тоҷикистон Муҳаммад Зоҳир Ағбар дар мусоҳиба ба АИ «Азия-Плюс» хабари барканориаш ва таъйини сафири навро рад карда, гуфт, ки сафорат аз толибон ягон дастур нагирифтааст.

__________________

* «Толибон»-ҳаракати террористӣ, ки дар Тоҷикистон мамнуъ аст

Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои

Январь 5, 2023 11:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Ветнам баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатии Кувайт дар умури ҷавонон ва варзиш мулоқот кард
Дар Сеул Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Намояндаи Тоҷикистон дар брифинги Конвенсия оид ба ботлоқзор дар Женева иштирок намуд