Вазорати корҳои дохилии Россия қонуне таҳия намуд, ки издивоҷҳои қалбакии муҳоҷиронро истисно мекунад

Январь 5, 2023 11:53

ДУШАНБЕ, 05.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Вазорати корҳои дохилии Россия лоиҳаи  қонуне омода кардааст, ки ба истиснои имконият барои шаҳрвандони хориҷӣ, ки  бо роҳи издивоҷи қалбакӣ ва ба таври қалбакӣ барқарор кардани падарӣ мехоҳанд  мавқеи худро дар ин кишвар   қонунӣ намоянд, равона шудааст. Тавре  АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар ин бора рӯзи чоршанбе ба ТАСС намояндаи расмии ин идора Ирина Волк хабар дод.

«Дар айни ҳол Вазорати корҳои дохилии Россия лоиҳаи қонуни федералиро таҳия кардааст, ки ба такмили қонунгузории муҳоҷират дар самти истиснои истифодаи никоҳи қалбакӣ ва муқаррар кардани падарии қалбакӣ барои шаҳрвандони хориҷӣ ё шахсони бешаҳрвандӣ барои ғайриқонунӣ гирифтани мақоми муҳоҷират дар қаламрави Федератсияи Русия равона шудааст» -гуфт ӯ.

Волк иброз намуд, ки дар айни замон аз рӯи лоиҳаи қонун тартиби мувофиқасозии байниидоравӣ гузаронида мешавад. Давоми 11 моҳи соли гузашта «аз ҷониби мақомоти ҳудудии Вазорати корҳои дохилии Россия тақрибан 400 қарор дар бораи бекор кардани ҳуҷҷатҳои иҷозат барои истиқомати шаҳрвандони хориҷӣ дар ФР бинобар тибқи тартиби судӣ беэътибор донистани ақди никоҳе, ки шахсони мазкур бо шаҳрвандони ФР бастаанд, қабул карда шуданд», — тазаккур дод  ӯ.

Қонуни амалкунанда «Дар бораи шаҳрвандии Федератсияи Россия» пешбинӣ мекунад, ки шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ метавонанд барои қабули шаҳрвандии Россия ба тарзи содакардашуда, агар онҳо на камтар аз се сол бо шаҳрванди Россия зиндагӣ дошта бошанд, инчунин агар дар оила фарзанди умумӣ бошанд, бидуни риояи ин муҳлат муроҷиат кунанд

София ШОИК,
АМИТ «Ховар»

АКС аз бойгонӣ

Январь 5, 2023 11:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Данғара нақшаи ҷамъоварии пахта 100 фоиз иҷро гардид
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Дар Академияи идоракунии давлатӣ оид ба нақши Конститутсия дар таъмини баробарии гендерӣ ҳамоиш доир шуд