«WE CREATE CULTURE OR CULTURE CREATES US». Ғолибони олимпиадаи байналмилалӣ аз Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон қадрдонӣ шуданд
ДУШАНБЕ, 03.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар барномаи тантавии қадрдонии ғолибони озмунҳо аз ҷониби раёсати Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода донишҷӯёне, ки дар олимпиадаи байналмилалии забони англисӣ дар мавзӯи «Мо фарҳанг эҷод мекунем ё фарҳанг моро эҷод мекунад (We create culture or culture creates us)» сазовори ҷойи сеюм шуда буданд, бо Ифтихорнома, Сипоснома ба волидайнашон ва мукофотпулӣ қардонӣ гардиданд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон хабар медиҳад.
Ҳайати дастае, ки дар олимпиадаи байналмилалии забони англисӣ донишкадаро намояндагӣ намуд, аз донишҷӯи соли 4-уми факултаи забони англисӣ Саноат Сафарова, донишҷӯи соли 3-юми факултаи забони англисӣ Саноат Додобоева ва донишҷӯи соли 4-уми факултаи забонҳои Осиё Париюн Ҳамидзода иборат буд.
Тавре АМИТ «Ховар» қаблан хабар дод, ин олимпиадаи ҷаҳонӣ аз 1 декабри соли 2022 дар Федератсияи Россия тариқи онлайн доир шуд, дар он донишҷӯёни болозикр ширкат карда, сазовори Диплом, Сертификат ва ҷойи сеюм шуданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 21 декабри соли 2021 зимни ироаи Паёми солона ба Маҷлиси Олӣ зикр намуданд, ки «таълими забонҳои хориҷӣ, махсусан, русиву англисӣ бояд дар тамоми факултаву шуъбаҳои мактабҳои олӣ боз ҳам беҳтар ба роҳ монда шавад. Зеро Тоҷикистон ҳоло бо 180 давлат робитаи дипломатӣ ва бо 130 кишвар муносибатҳои тиҷоративу иқтисодӣ дорад».
Аз ин рӯ, омӯхтани забонҳои хориҷӣ, пеш аз ҳама, мавриди таваҷҷуҳи Сарвари давлат қарор дошта, масъулини соҳаи забон ва забонҳои хориҷӣ вазифадоранд, ки мутахассисони забондони ба бозори меҳнати ҷаҳонӣ рақобатпазир омода намоянд.
АКС: Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон








Доир ба рушди забони давлатӣ дар 35 соли Истиқлоли давлатӣ ҳамоиши илмӣ баргузор гардид
МАВЛОНО-ОФТОБИ МАЪРИФАТИ БАШАРӢ. Таҳти ин унвон ҳамоиши илмӣ – адабӣ доир шуд
Даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Омӯзгори сол — Тоҷикистон-2026» оғоз гардид
Натиҷаҳои озмуни тақсимоти давраи сеюми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ муайян мегарданд
Даври ҷумҳуриявии озмуни «Мураббии сол — Тоҷикистон-2026» оғоз гардид
Эмомалӣ Раҳмон: «Муассисаи таълимии №6-и шаҳри Хоруғ ба номи шодравон Алишери Мирзонабот гузошта шавад»
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6-ро мавриди истифода қарор доданд
Солҳои охир теъдоди муассисаҳои таълимӣ дар Бадахшон ба таври бесобиқа афзоиш ёфтааст
Дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар шаҳру ноҳияҳои Суғд 986 муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
Байни Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон ва Донишгоҳи технологии Ланҷоу Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
157 довталаб аз шаҳри Душанбе ба даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» роҳхат гирифтанд
ТАШАББУСИ ТОҶИКИСТОН ДАР РУШДИ ЗЕҲНИ СУНЪИИ БЕХАТАР ДАР АРСАИ ҶАҲОНӢ. Мулоҳизаҳо дар ин маврид






