Такмили Низомномаи Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 28.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. 27 ноябр таҳти раёсати муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Комиссияи ҷумҳуриявии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» Дилрабо Мансурӣ ҷаласаи Комиссияи ҷумҳуриявии озмун баргузор гардид.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, дар ҷаласа масъалаҳои марбут ба такмили Низомномаи озмун, ворид намудани тағйиру иловаҳои зарурӣ ба он, инчунин пешниҳоду андешаҳо барои боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани раванди баргузории озмун мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Иштирокчиёни ҷаласа вобаста ба масъалаҳои муҳокимашуда фикру пешниҳодҳои худро иброз дошта, зарурати такмили низом ва механизмҳои баргузории озмунро бо назардошти таҷрибаи солҳои қаблӣ ва талаботи замони муосир таъкид намуданд.
Муовини Сарвазири мамлакат Дилрабо Мансурӣ таъкид намуд, ки Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ҳамчун иқдоми муҳими фарҳангиву маърифатӣ дар баланд бардоштани завқи китобхонӣ, рушди тафаккури эҷодӣ, тақвияти худшиносиву худогоҳии миллӣ ва тарғиби арзишҳои адабию фарҳангӣ нақши муассир дорад.
Фаъолияти озмун бояд дар асоси принсипҳои шаффофият, адолат, масъулиятшиносӣ ва баланд бардоштани сатҳи сифат ба роҳ монда шуда, пешниҳодҳои судманд барои такмили Низомнома ва беҳтар намудани раванди баргузории он ба инобат гирифта шаванд.
Дар фарҷоми ҷаласа вобаста ба масъалаҳои баррасишуда қарорҳои дахлдор қабул гардида, ба масъулон баро иҷрои саривақтии вазифаҳои муайянгардида дастурҳои мушаххас дода шуданд.
АКС: Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон








Бо донишҷӯёни тоҷики Донишгоҳи молияи назди Ҳукумати Федератсияи Русия мулоқот доир гардид
Масъалаҳои мубрами ҳуқуқшиносии муосир дар форуми байналмилалӣ дар Душанбе баррасӣ гардиданд
«ПИРИ ҲАКИМОНИ МАШРИҚЗАМИН». Рисолаи Сотим Улуғзода оид ба мероси илмии Абуалӣ ибни Сино
СИНО ВА ХАЙЁМ — СИМОҲОИ БАРҶАСТАИ ИЛМУ ФАРҲАНГИ ТАМАДДУНИ ТОҶИКОН. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат ҳамоиши илмӣ доир шуд
Масъалаҳои густариши ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ бо ЮНЕСКО баррасӣ шуданд
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон дар мавзуи «Ибни Сино дар шинохти Сотим Улуғзода» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо донишгоҳҳои Аврупо созишномаҳо ба имзо расонид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ҳамоиш баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявии илмию амалӣ доир гардид
Беҳрӯз Табаров дар озмуни «Беҳтарин омӯзгори мактабҳои олии шаҳри Хабаровск» дар соли 2026 ҷойи якумро соҳиб шуд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Парчами миллӣ таҷассумгари таърихи миллат, хотираи ҷамъиятӣ, арзишҳои фарҳангӣ ва ормонҳои давлатдорӣ аст






