ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ ПАЁМ ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТИИ ШАҲРВАНДОН БА ШУМОР МЕРАВАД. Мулоҳизаҳои муовини Директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия Сулаймон Талбакзода

Январь 15, 2023 11:05

ДУШАНБЕ, 15.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. 24 декабри соли сипаригардида Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» имзо гузоштанд. Қонуни мазкур барои тарбияи шаҳрвандон дар роҳи хизмати софдилонаву фидокорона ба Ватан, ифтихор аз ниёгон, арҷгузорӣ ба рамзҳои миллӣ ва ҷаҳду талошҳо баҳри фардои боз ҳам ободу дурахшони кишвар ва некуаҳволии рӯзафзуни халқ таҳия ва қабул шудааст. Дар ин бора муовини Директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон ТАЛБАКЗОДА дар мақолаи худ, ки ба АМИТ «Ховар» ирсол гардид, андешаҳояшро изҳор намудааст.     

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» аз ҷониби Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ мувофиқи моддаи 58 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 12 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо мақсади такмили қонунгузорӣ ва танзими меъёрию ҳуқуқии фаъолият дар самти тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон таҳия ва пешниҳод шуда, зимни баррасӣ дар Иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум санаи 2 ноябри соли 2022 тасдиқ гардид.

Тавре аз Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олӣ бармеояд «Мо бояд ватандӯсту ватанпараст бошем ва ҳаргиз фаромӯш насозем, ки эҳсоси гарми ватандӯстӣ ва ҳисси баланди миллӣ омили асоситарин ва роҳи муҳимтарини рушди давлат ва ҷомеа мебошад.

Яъне ҳар яки мо бояд минбаъд низ мафҳумҳои «ватандӯстӣ» ва «рушд»-ро шиори кору фаъолияти ҳаррӯзаи худ қарор диҳем.

Илова бар ин, ҳифзи истиқлолу озодии Тоҷикистони маҳбубамон ва дастовардҳои он – сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ бояд қарзи инсонӣ, вазифаи шаҳрвандӣ ва рисолати имонии ҳар як фарди бонангу номус ва ватандӯсту ватанпарасти ҷомеа бошад.

Мо бояд тамоми донишу таҷриба, маҳорату малака ва саъю талоши худро минбаъд низ ба рушди давлати соҳибихтиёрамон ва Ватани аҷдодиамон равона кунем, кишвари маҳбубамонро пешрафта гардонем ва барои наслҳои оянда як мулки обод мерос гузорем».

Созандагию хирадмандии Пешвои миллат дили мо ҷавононро дар самти ватандӯстиву меҳанпарастӣ рӯҳу тавони тозае бахшид. Ҳар як ҷавон бояд ба монанди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои муазами миллат, Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳисси ватандӯстиву ватанпарастии худро дар назди миллат, Ватан ва Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон боло барад ва барои ободиву осоиштагии кишвари азизамон бо кору пайкори созанда ин муҳаббати худро собит намояд.

Дар марҳилаи ҳозираи таърихи арзишҳои миллӣ аҳамияти махсус пайдо намудаанд. Тарбияи ҷавонони кишвар дар рӯҳияи баланди ватандустию ватанпарасти, ифтихор аз ватандори, худшиносию худогоҳхии миллӣ, меҳнатдустию масъулиятшиносӣ, омӯзиши илм ва касбу ҳунарҳои муосир, бардоштани сатҳи донишу малакаи касбии онхо, истифодаи пурсамари иқтидори зеҳни ва маънавии онҳо ба манфиати ҷомеа хеле саривақти буда, масъалаҳои муҳимтарини аҳли ҷомеа ҳисобида мешавад, зеро рӯшди имрузу фардои кишвар ба ҳалли дуруст ва саривақтии ин масъалаҳо — таълиму тарбияи фарзандони комил, сатҳи маълумот, маърифат ва салоҳияти онҳо вобаста аст.

Имрӯз, ҷаҳон дар ибтидои садаи ХХ1 воқеан пешгӯинашаванда гардида, ба сари фарзандони одам мушкилию печидагиҳои зиёди фарҳангӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ, ҳуқуқӣ ва диниро овардааст, ватани иддае аз мардумони оламро ноорому истиқлолияти давлатии онҳоро осебпазир гардондааст. Вале моро зарур аст, ки аз ин хатарҳо ва таҳдидҳо наҳаросида, баръакс, роҳҳои табдил додани онҳоро ба имкониятҳои нав ва мусоид барои пешрафти миллат ва давлати худ пайдо намоем. Зеро замона имрӯз танҳо ба халқҳое шароити арзандаи зиндагӣ фароҳам месозад, ки қудрати илмии табдил додани бадиҳоро ба некиҳо доранд.

Бинобар ин мо ватанро бояд бо чашми кушодаи дил дида, садои ӯро бо гӯши қалб шунида, ҳикмати ҳастии онро бо хирад ва рӯҳи равонамон эҳсос намоем, ки ҳеҷ як манфиат ва ҳеҷ як ғараз садди роҳи ин дидан ва ин шунидан шуда натавонад. Зеро манбаи илҳомбахши онро муҳаббати самимӣ ва умед ба ояндаи нек ташкил медиҳад.

Паём дар баробари аҳамияти сиёсӣ-ҳуқуқӣ доштанаш, инчунин аҳамияти махсуси ахлоқиву тарбиявӣ низ дорад. Суханону андешаҳои пурмуҳтаво ва пандомези Сарвари давлат зимни ироаи паёмҳояшон дар бораи адлу тадбир, таълиму тарбия, илму маориф, ватандӯстиву ватанпарастӣ, саховату эҳсон, адолати иҷтимоӣ, арзиши олӣ доштани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва ҳифзу ҳуқуқу озодиҳои ӯ, волоияти қонун ва амсоли онҳо боиси баланд гардидани масъулият ва ҳисси милливу ватандӯстӣ, маърифати сиёсӣ ва ҳуқуқии аҳолии мамлакат, бахусус ҷавонон мебошад.

Дар Паёми имсолаи Пешвои миллат моҳияти равандҳои асосии минтақавӣ ва ҷаҳонӣ арзёбии амиқ ёфта, масъалаҳои муҳимтарини ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ ва иҷтимоию иқтисодии мамлакат баррасӣ гардида, барои рушди устувори ҳар як соҳа ва рафъи камбудиҳои ҷойдошта, дар онҳо дастуру супоришҳои қатъӣ ва таклифу ҳидоятҳои зарурӣ дода шуданд.

Меҳвари асосии Паём нишон медиҳад, ки дар он масъалаҳои таъмини зиндагии сазовор барои шаҳрвандони кишвар ва ғамхорӣ нисбат ба ҳар як қишри ҷомеа пешбини гардидааст. Пешвои миллат дар Паёми худ дастовардҳои асосии иҷтимоӣ ва иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соли 2022 ҷамъбаст намуда, барои таҳкими ин комёбиҳо дар соли оянда дар назди Ҳукумати кишвар вазифаҳои нав гузоштанд.

Боиси сарфарозист, ки дар натиҷаи роҳнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар як фосилаи кўтоҳи таърихӣ, бо вуҷуди мушкилоту монеаҳои зиёд, дар ҳамаи самтҳои ҳаёти ҷомеа саъю талоши бунёдкорӣ авҷ гирифта, ин раванди нек боиси таҳкими мақому нуфузи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ гардид.

Дар натиҷа мо тавонистем, ки ҳатто дар шароити буҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ низ татбиқи ҳадафҳои миллиамонро бо маром идома диҳем.

Бинобар ин, на танҳо хизматчиёни давлатӣ, балки тамоми мардуми Тоҷикистон гаштаву баргашта ба ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз рӯй оварда, мазмуну моҳияти олии онро сармашқи фаъолияти худ қарор диҳанд.

Сулаймон ТАЛБАКЗОДА,
муовини Директори Агентии назорати давлатии молиявӣ
ва мубориза бо коррупсияи ҶТ

АКС: АМИТ «Ховар»

Январь 15, 2023 11:05

Хабарҳои дигари ин бахш

«Тоҷикистон ва Чин: дар масири шарикии стратегӣ». Таҳти чунин унвон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе ба шарафи Рӯзи илми тоҷик қадршиносии ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ доир гардид
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар конференсияи илмӣ-амалӣ гузаронида шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар вилояти Хатлон 1303 синфхона бунёд мешавад
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон масъалаи омода намудани мутахассисон дар самти технологияҳои иттилоотӣ баррасӣ шуд
ҲАФТАИ ИЛМ. Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон конференсияи илмӣ-амалӣ оғоз гардид
Хонандагони тоҷик дар озмуни байналмилалӣ соҳиби 4 медали тилло, 3 нуқра ва 4 биринҷӣ гардиданд
Илму маориф дар пешрафти иқтисодию иҷтимоии давлати ҳуқуқбунёд ҷойгоҳи хосса дорад
Донишҷӯёни тоҷик дар олимпиадаи информатика байни 70 муассисаи олии ҷаҳон сазовори ҷойҳои намоён гардиданд
Ҳамкории Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бо муассисаҳои олии Узбекистон густариш меёбад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб даври донишгоҳии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар конференсияи илмӣ — назариявӣ доир гардид